Хабари рӯз

Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон дар ҳоле ки вуқӯъи ҷиноёти башарӣ дар вилояти Панҷшер тавассути Толибонро ба шиддат маҳкум мекунад, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори таҳрими ин гурӯҳ ва дар канори он қатъи кӯмак ба Толибон ва шинохтани онҳо ба унвони як гурӯҳи террористӣ аст.

Дар акс: Муҳаммадёр, фармондеҳи қароргоҳи Шобаи дараи Панҷшер бо 7 сарбозаш, ки ду нафари онҳо писаронаш буданд, пас аз асорат аз сӯи Толибон тирборон шуданд

ЭЪЛОМИЯИ

Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон дар пайванд бо анҷоми ҷиноёти башарӣ аз сӯи гурӯҳи террористии Толибон дар вилоят Панҷшер

Ба номи Худованди ҳаққу адолат

Гурӯҳ террористии Толибон бо тавассул ба рӯйкардҳои хушунатбор даст ба анҷоми ҷиноёти зиддибашарӣ ва хилофи тамоми мавозини исломӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ зада, садҳо бошандаи бегуноҳ ва мазлуми вилояти Панҷшерро тирборон ва қатли ом намудаанд.

Тавассул ба хушунат, қатлҳои ҳадафманд, анҷоми ҷиноёти башарӣ ва наслкушиҳои таборӣ аз рӯйкард ва фарҳанги Толибон аст, ки на танҳо борҳо ба он мубодарат варзида, ки бад-он фахр меварзанд.

Гурӯҳи террористии Толибон бо асирони ҷангӣ бархурди ғайриинсонӣ, ғайриисломӣ ва хилофи қавонини ҳарбӣ доранд ва ба ҳеҷ усули динӣ, инсонӣ ва ахлоқӣ бовараманд нест ва дар канори он ҳар рӯз барои кӯчи иҷборӣ, куштори ҷамъӣ ва фарбеҳ кардани танишҳои қавмӣ масруфанд ва тамоми умедҳои мардуми ин сарзаминро ба яъс мубаддал ва зиндагии як миллатро ба гаравгон гирифтаанд.

Видеоҳои мунташиршуда аз ҷараёни анҷоми ҷиноёти ҷангӣ тавассути Толибон дар вилояти Панҷшер, мисдоқи айнии наслкушӣ ва анҷоми аъмоли зиддибашарӣ аст, ки қалби ҳар инсони боэҳсосро ба дард меоварад, аммо гӯӣ сукути маргборе бар ҷаҳон ҳоким шудааст, ки ба ҷои мухолифату таҳрими ин гурӯҳ, ҳафтавор бастаҳои пулӣ ба онҳо фиристода мешавад ва бо онҳо бархӯрди номутаорифи диплумотӣ низ сурат мегирад.

Гурӯҳе, ки ҳазорон ҷангҷӯи террористро мизбонӣ, бистари ҳамвор барои фаъолияти гурӯҳҳои ҳаросафган дар минтақаро фароҳам ва ҳар рӯз ба ҷиноёти ҷангӣ рӯ меоваранд, чӣ гуна метавонад гурӯҳи мавриди пазириш барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад?

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки шиори онҳо мубориза бо терроризм ва раҳоӣ аз ҳаросафганӣ аст, набояд ба ин гурӯҳи террорист бештар аз ин фурсат бидиҳанд.

Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон дар ҳоле ки вуқӯъи ҷиноёти башарӣ дар вилояти Панҷшер тавассути Толибонро ба шиддат маҳкум мекунад, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори таҳрими ин гурӯҳ ва дар канори он қатъи кӯмак ба Толибон ва шинохтани онҳо ба унвони як гурӯҳи террористӣ аст.

Шӯрои муқовамати миллӣ худро дар мотами мардуми дардманд, аммо ҷасур ва шуҷоъи вилояти Панҷшер шарик дониста, рӯҳи шуҳадоро шод ва ҷойгоҳашонро биҳишти барин таманно мекунад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!