Хабари рӯз

Эъломияи Шӯрои муқовамати миллӣ барои наҷоти Афғонистон дар пайванд ба баргузории Луи ҷиргаи номниҳод ва даъвати сиёсиён ба бозгашту таслим шудан аз сӯи Толибон

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ҳокимияти гурӯҳи Толибон дар ҳоле, ки бо набуди машрӯъияти миллӣ ва байналамилалӣ, инзивои рӯзафзуни ношӣ аз рафтори хашин, тасфияҳои қавмиву сиёсӣ, нақзи ҳуқуқи башар, табъизи ҷинсиятӣ, нотавонӣ дар арзаи хадамот, ҳалли мушкили фақру бекорӣ ва низ ҷо додани ифротиёни ҷангафрӯзи хориҷӣ дар дохили Афғонистон, бо чолишҳои ҷиддӣ ва заволи ҳатмӣ мувоҷеҳ гардидаанд, талошҳои оҷизонаеро ба роҳ андохтаанд, то ба дили худ битавонанд ҳимояти мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ҷалбу муддате бар мардуми ситамдидаи ин сарзамин ҳукумат намоянд.

 Яке аз талошҳои ин гурӯҳ, таъйини кумитаи, ба истилоҳ, даъват аст, ки ба ҳадафи даъвати шахсиятҳои сиёсӣ ва ба пайвастану байъати онон ба ҳокимияти Толибон дар Кобул, дар бадали таъмини амнияти ҷону истирдоди амлоки онон, эҷод гардидааст.

Найранги дигари ин гурӯҳ баргузории нишасти намоишӣ, зери номи анҷумани бузурги афғонҳо мебошад, ки қарор аст мутобиқи хосту барномаи аз қабл таъйиншудаи гурӯҳи Толибон дар Кобул баргузор шавад.

Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон ҳар ду талоши ёдшударо, тавҳин ба шуури ҷамъии мардум, иҳонат ба шахсиятҳои сиёсӣ ва шарик сохтани онон дар ҷиноёти гурӯҳи Толибон ва ба бозӣ гирифтани афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад ва онро бо қотеъият рад менамояд.

Гурӯҳи Толибон бояд бидонад, ки ҳеҷ шахсияти сиёсии бозамир ва огоҳ, ҳеҷ олими мутааҳҳид ва ҳеҷ бонуи шуҷоъу ватандӯст омода нест, то бар хуни мардуми мазлуми Афғонистон ва хостҳои барҳаққи онон по бигузорад ва шарики ҷурми ин гурӯҳ шавад.

 Толибон бояд бидонанд, ки бархурди онон бо сиёсатмадорони дохили кишвар, хушунати онон дар баробари бонувони ин сарзамин ва кормандони низоми қаблӣ, беҳтарин маҳаки рафтори онон бо дигарон хоҳад буд.

Барои Толибон беҳтар аст, ба ҷойи ин тарфандҳо ва намоишномаҳои хандаовар, дар ҷустҷӯйи роҳҳои воқеии бурунрафт аз буҳрони кишвар бароянд ва аз роҳи тан додан ба хостҳои барҳақу машрӯъи мардуми Афғонистон мабнӣ бар эҷоди ҳукумати интиқолӣ ва сипас низому ҳукумати бархоста аз иродаи мардум аз роҳи баргузории интихоботи умумӣ заминаи таҳаввули воқеӣ дар ҷиҳати суботу амнияту осоиш дар кишварро мусоид созанд.

 Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон дар ҳоле, ки аз истодагӣ ва муқовимат шуҷоъонаи мардум дар дохилу хориҷи кишвар тақдир ва ҳимоят менамояд, рафтори табъизомезу фародинӣ ва зиддинсонии гурӯҳи Толибонро дар мавриди маҳрум сохтани духтарон аз фаризаи омӯзиш ва пӯшиши иҷбории сурати бонувони Афғонистон, ҷиддан накӯҳиш мекунад.

Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон зимни маҳкум кардани шадиди ҳамалоти террористӣ бар ҷони мардуми бедифоъ ва бегуноҳи ин кишвар ҳам шиаву ҳам суннӣ барои ҳама шаҳидони ин ҳаводис аз Худованди табораку таъоло биҳишти барин ва барои маҷрӯҳони онҳо шифои оҷил мехоҳад ва бовар дорад ин рӯзҳои сиёҳро поёни сафед хоҳад буд.

5 ҷавзои 1401 ҳиҷрии шамсӣ/26 майи соли 2022

ТАВЗЕҲ: Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон 18 майи соли равон аз сӯи раҳбарони сиёсии зиддитолбонӣ, назири Абдураб Расули Сайёф, Устод Атомуҳаммади Нур, Абдурашид Дӯстум, Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ, Амир Муҳаммад Исмоилхон, Муҳаммад Юнус Қонунӣ, Амруллоҳ Солеҳ, Ҳоҷӣ Ҳазрат Алӣ, Аҳмад Валӣ Масъуд, Латиф Пидром, Салоҳуддин Раббонӣ ва дигарон дар Туркия таъсис ёфтааст.

Толибон бо эҷоди Кумитаи даъват ва баргузории Луи Ҷирга мехоҳанд тамоми раҳбарони мухолифи худро бар ивази баргардонидани сарвату дороиҳо ва замонати амнияти онҳо ба Афғонистон баргардонда, ба ҳукумати худ машруъияти милливу байнулмилалӣ диҳанд. Аз 15 августи соли 2021 то ба имрӯз ягон кишвари ҷаҳон Толибонро ба расмият нашинохтааст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!