Хабари рӯз

Теъдоди бузурге аз нерӯҳои Толибон дар Панҷшеру Андаробҳо дар пайи камбуди оксиген фавтидаанд

ПАНҶШЕР, 18 апрел – Сангар, Санам Амир. Манобеъ дар истихбороти Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз кушта шудани беш аз 200 толиб дар вилоятҳои Панҷшеру Андароб ва Тахор хабар медиҳанд.

Як манбаъ дар истихбороти Толибон дар Панҷшер ба вебсойти Сангар гуфт, теъдоди бузурге аз ҷангиёни толиб дар куҳистонҳои Панҷшеру Андароб аз камбуди оксиген ба ҳалокат расидаанд.

“Таҳқиқе, ки мо аз аҷсоди фавтидагони худ дар шифохонаҳо доштем, нишон медиҳад, ки онҳо дар қуллаҳои баланди Панҷшеру Андароб аз камбуди оксиген хафак шуда, ба ҳалокат расидаанд. Камбуди оксиген одамро заиф мекунад. Ӯро хоб бар ӯ ғалаба мекунад, ки дигар бедор намешавад. Таҳқиқи бархе аҷсод нишон дод, ки онҳо аввал дучори заъф шуда, сипас, ҳадафи тир қарор гирифтаанд”, - гуфт манбаъ.

Бино ба қавли ӯ, мавориди марг аз камбуди оксиген дар баландиҳои дараи Абдуллохели Панҷшер ва дараи Қосони Андароб иттифоқ афтодааст, ҳатто як фармондеҳи ҳилмандии Толибон дар дараи Қосон ба якборагӣ чор ҷангии худро аз даст додааст.

“Ҳоло ҷангиёни Толибон, ки аксар паштунҳои вилоятҳои ҷанубанд, аз ин мушкил огаҳӣ ёфтанд ва аз боло шудан ба қуллаҳои баланд, манотиқе, ки нерӯҳои муқовимат мустақар шудаанд, саркашӣ мекунанд. Танҳо ҷангиёни қавми гуҷур мисли мардуми Панҷшеру Андароб бо обуҳавои Ҳиндукуш мутобиқ ҳастанд ва метавонанд ба иртифоъот боло шаванд, аммо теъдоди онҳо зиёд нест”, - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилоъе, ки аз раёсати истихбороти Толибон ба даст омадааст, дар даҳ рӯзи гузашта аз ҷангҳои Ҳиндукуш даҳҳо ҷасад ба вилоятҳои Ҳилманд (58), Қандаҳор (43), Хӯст (52), Урузгон (11), Пактиё (13), Бадахшон (23), Бағлон (17), Тахор (3), Кундуз (7) ва Ғазнӣ (3) ҷасад фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба твите, ки ба Холид Амирӣ, аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рабт дода мешавад, теъдоди талафоти ҷонии Толибон дар ҷангҳои ахири Панҷшеру Андароб ва Варсаҷи Тахор беш аз 200 нафар гуфта мешавад.

Як манбаъ дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ ба Сангар гуфтанд, ки фақат ба вилояти Ҳилманд 60 ҷасад интиқол ёфтааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Толибон, барои ҳар ҷасад маблағи 40 ҳазор афғонӣ (90 афғонӣ = 1 доллар) кафанпулӣ дода мешавад.

Қаблан, 13 май, Раёсати сиҳати вазорати дифоъи Толибон дар ҷаласаи ситоди кулли вазорат расман эълон кардааст, ки дар ҷангҳои ахир дар Ҳиндукуш аз ҷумлаи нерӯҳояш 84 кушта ва 109 нафар захмӣ шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин омор шомил талафоти неруҳои вазорати дохила ва толибони маҳаллӣ нест.

Ҳам Ҷабҳаи муқовимат ва ҳам Толибон эълон кардаанд, ки на ҳама ҷасадҳои худро дар кӯҳистоноти Ҳиндукуш тавонистаанд пайдо кунанд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!