Нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон се шаҳрванди Афғонистонро дар марзи миёни ду кишвар ба ҳалокат расонданд. Дар посух нерӯҳои Толибон* як ҷазираи баҳсӣ дар Амударёро забт карданд
Мазори Шариф, 22 август – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Қаблан аз ин минтақаи Афғонистон ду ҳамлаи мушакӣ ба марзи Ӯзбекистон анҷом шуда буд, ки масъулияташро ДОИШ* ба ӯҳда гирифт.
Аммо манбаъи вебсайти Сангар аз пулиси Толибон дар маҳал хабар медиҳад, ки ин дафъа ҳудуди 90 нерӯи марзбонии ин гуруҳ вориди як ҷазира миёни ду кишвар шудаанд. Сабаби ин иқдоми Толибон куштаву захмӣ ва асир шудани чанд сокини Афғонистон аз сӯи марзбонони Ӯзбекистон будааст.
“Рӯзи гузашта, 21 август, тақрибан ҳаволии зӯҳр 56 сокини рустоҳои Сорипетту ва Туқайи шаҳристони Шӯртеппаи вилояти Балх барои ҷамъоварии ширинбия** ба ҷазираи марзие ба номи “Арал Бобо”, ки бисёр калон ва дар муқобили шаҳри Тирмиз ҷойгир аст, убур карданд. Марзбонони ӯзбек ба ин далел ки ин ҷазира марзи Ӯзбекистон аст, аз онҳо тақозо карданд, ки маҳаллро ба зудӣ тарк кунанд. Аммо шаҳрвандони Афғонистон ба гапи онҳо эътироз мекунанд, ки дар қаламрави худ қарор доранд. Марзбонони ӯзбек маҷбур ба оташкушоӣ мешаванд”, - гуфт манбаъ.
Дар пайи ин ҳодиса, бино ба иттилоъи манобеъи Толибон, аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон се нафар куштаву се тани дигар захмӣ шуда, 7 нафари дигар ба асорати марзбонони Ӯзбекистон афтодаанд.
“Ӯзбекистон ба зудӣ чархболҳои низомиашро ба марз фиристодааст, ки дар фазо гардиш мекунанд. Фармондеҳии мо ҳам дирӯз нахуст 43 ва субҳи имрӯз (22 август) 46 ҷангии худро дар ҷазира ҷойгузин кард. Ҳеҷ даргирие иттифоқ наафтодааст”, - гуфт манбаъ.
Ин сеюмин иттифоқ маҳз дар ин минтақаи марзӣ миёни Ӯзбекистону Афғонистон тайи моҳҳои ахир аст. Бори аввал 18 апрели соли равон як ҳамлаи мушакӣ анҷом шуда буд, ки масъулияти онро гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Аз рустои Туқайи шаҳристони Шӯртеппаи вилояти Балх ба қаламрави Ӯзбекистон 7 мушак шиллик шуда буд. Мақомоти Ӯзбекистон дар шарҳи ин ҳамла вокуниши расмӣ нишон надоданд, аммо рӯзҳои баъдӣ ҳудуди 50 тайраву чархболи низомии ин кишвар дар фазои ин минтақа марши низомӣ анҷом доданд.
Ҳамлаи дуюми мушакӣ 5 июл низ аз рустои Туқайи шаҳристони Шӯртеппаи вилояти Балх анҷом шуд, ки ба зудӣ вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон онро таъйид кард. Дар хабари расмии ин ниҳод гуфта мешуд, ки чаҳор мушак ба чаҳор хонаи шахсӣ дар маҳаллаи Маҷнунтол ва панҷуминаш дар замини майдони футболи и шаҳри Тирмиз асобат карда, аммо хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст. Ин ҳамларо низ ДОИШ ба зимма гирифта, эълон кард, ки ҳамла дар посух ба саркӯби тазоҳуроти Қарақалпоқистон аз сӯи мақомоти Ӯзбекистон анҷом шудааст.
То ба ин лаҳза мақомоти Ӯзбекистон иттифоқоти ду рӯзи ахир дар марз бо Афғонистонро шарҳ надодаанд.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал ё мамнуъ аст.
** Гиёҳи ҳубуботие, ки аз решаи ширини он барои сохтани мавод доруӣ, монанди заъфовар истифода мешавад.