Ҷанги рӯзи 15 август, рӯзи солрӯзи тасарруфи Афғонистон тавассути Толибон, дар вилоёти Панҷшер ва Тахор байни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон* бо талафоти сангин барои Толибон поён ёфт.
ҲИНДУКУШ, 16 август – Сангар, Санам Амир ва Ҳасиб Сангар. Ҳамзамон нерӯҳои муқовимат тавонистанд ҳудуд 20 русторо дар шаш шаҳристони дараи Панҷшер озод кунанд.
Дар акс: Ҳоҷӣ Маликхони Дара, фармондеҳи аршади Ҷабҳаи муқовимат дар шаҳристони Дара
Манобеъи сомонаи Сангар дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълом карданд, ки ҳамалоти нерӯҳои муқовимат ба мавозеъи Толибон аз қабл барномарезӣ шуда буд ва ҳушдоре барои Толибон буд то ин гурӯҳи террористӣ ва ҳомиёни хориҷии он фаромӯш накунанд, ки Афғонистон ҳанӯз суқут накарда ва таслими ишғоли террористӣ нашудааст.
“Онҳо бояд бидонанд, ки бо як режими фашистии диктаторӣ ва такқавмӣ чизе ба даст нахоҳад омад. Ва беҳтарин роҳ барои онҳо хурӯҷ аз манотиқи муқовимат аст. Агар онҳо хоҳони сулҳу сабот дар кишвар ҳастанд ва намехоҳанд ба ғорҳои худ дар Хайбар Пахтунхво ва Тура Бура бозгарданд, бояд пушти мизи музокира бинишинанд ва мавзӯъро аз тариқи сиёсӣ ҳал кунанд. Дар ғайри ин сурат, муқовимат ҳар рӯз афзоиш хоҳад ёфт ва режими онҳо суқут хоҳад кард”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳоле, ки Толибон солгарди ба қудрат расидан дар Кобулро ҷашн мегирифтанд, нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ амалиёти густурдаеро барои поксозии дараи Панҷшер аз вуҷуди Толибон оғоз карданд.
Холид Амирӣ яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат дар твите навишт: “Ба гурӯҳи террористӣ иҷоза нахоҳем дод пирӯзии дурӯғини худро ҷашн бигиранд”. Нерӯҳои таҳти амри ӯ 40 толибро дар дараи Орзу асир карданд.
Набардҳои шадид миёни муборизони муқовимат ва Толибон дар шаш шаҳристони Панҷшер - Париён, Ҳиссаи аввал, Дара, Руха, Шутул ва Оноба ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа талафоти Толибон ба 89 кушта, 26 захмӣ ва 40 асир расид.
Ба гузориши маркази матбуоти Ҷабҳа муқовимат, аз бомдоди 15 август то кунун, талафоти Толибон дар қароргоҳҳои ҷабҳа аз тариқи зайл аст:
- қароргоҳҳои Шутул, Рӯйдара, Замонкӯр ва Дараи Мурғӣ (шаҳристони Шутул) - 7 кушта;
- қароргоҳи Фароҷ (Оноба) - 6 кушта, 2 захмӣ;
- қароргоҳи Обдара (Оноба) - 4 кушта, 5 захмӣ;
- қароргоҳи Ҳисорак (Руха) - 13 кушта, 7 захмӣ;
- қароргоҳҳои Талха ва Манҷаҳур (Дара) - 7 кушта;
- қароргоҳҳои Абдуллоҳхел (Дара) - 16 кушта;
- қароргоҳи Шоба (Ҳиссаи Аввал) - 18 кушта, 5 захмӣ;
- қароргоҳи Пешғур - 12 кушта, 4 захмӣ, инҳидоми 2 ренҷери Толибон;
- қароргоҳҳои Кӯҳи Сур ва Куҷон (Париён) - 5 кушта, 3 захмӣ. Селоб 3 ренҷер ва як “ҳомваей”-и толибро ба дарё бурд.
- қароргоҳи Орзу (Оноба) - 5 кушта, 40 асир.
Ба гуфтаи манобеъи сайти Сангар, пас аз ин даргириҳо, ҳудуди 20 русто дар манотиқи Малимхок, Дараи Пне ва Гулзангар (шаҳристони Руха), Дӯстумхел (Оноба), ағбаи Ориб (Париён) ва дараи Абдуллохел (Дара) аз вуҷуди Толибон поксози шуд. Ҳамзамон нерӯҳои муқовимат 38 асир Толибонро дар дараи Орзу озод карданд.
Ҷараёни озодсозии Толибон. Фармондеҳ Ҳасиби Панҷшерӣ ба асирон роҳкиро тавзеъ мекунад
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз вилояти Тахор ба Сангар гуфт, ки дар рустои Пунбаки Анҷиристони шаҳристони Ишкамиши вилояти Тахор, ҳашт толиб тавассути чирикҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кушта ва чаҳор толиби дигар захмӣ шуданд.
“Қорӣ Фирӯз, раиси амнияти шаҳристони Ишкамиш бо 7 тан аз афроди таҳти амраш кушта шуда ва Махдум Забеҳуллоҳ, раис ин шаҳристон ва 3 толиби дигар захмӣ шудаанд. Аҷсоди кушташудагон соати 10:30 шаби гузашта 15 август ба бемористони шаҳри Толиқон, маркази вилоят таҳвил дода шуд”, - гуфт манбаъ.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки агарчи даргириҳои ҷадидро ба 15 август, рӯзи суқути Афғонистон ба дасти Толибон рабт медиҳанд, аммо тадорукот барои ҷанги саросарӣ алайҳи ин гурӯҳ тақрибан дар кулли Ҳиндукуш дар ҷараён аст.
Дар 15 августи 2021, пас аз фирори раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ, Афғонистон ба дасти Толибон афтод. Дар 16 август, Муқовимати Дувум дар дараи Панҷшер эълом шуд, ки тавассути Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи Муқовимати Аввал (1996 - 2001) раҳбарӣ мешавад.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал ё мамнуъ аст.