Хабари рӯз

Боздошт, шиканҷа ва ҳазфи нерӯҳои амниятии пешин, мутанаффизин ва афроди мулкӣ тавассути Толибон шадид шудааст.

ИСТАМБУЛ, 05 ноя —Сангар, Муҳаммад Абдуллоҳ. Мулло Ҳайбатуллоҳ дастур додааст, ки ҳар гуна фикри зиддитолибонӣ саркӯбу ҳазф гардад. Ин дастур чанд моҳ қабл содир гардида буд, ки дар моҳи мизони соли ҷорӣ иҷроӣ шудани он оғоз гардид.

Гуфта мешавад, ки раҳбари Толибон нерӯи 120-ҳазорнафарӣ аз шогирдони мадориси динӣ ташкил додааст, то барои саркӯби ҳар навъ садои адолатхоҳӣ бар алайҳи гуруҳи Толибон вориди амал шаванд. Ин нерӯ, ки мустақим аз ҷониби худи Мулло Ҳайбатуллоҳ дастур мегирад, дар тамоми вилоёт салоҳияти боздошт, шиканҷа ва маҳкамаи саҳроии касонеро, ки иттиҳомашон мухолифат бо гуруҳи Толибон аст, дорад.

Дастури саркӯбу ҳазфи ҳар гуна фикри зиддитолибонӣ ҷузви барномаҳои дарозмуддати даҳшатафганона ва террористии Толибон мебошад, ки ҳар аз гоҳе таҳти ановини мухталиф шаҳрвандони кишварро саркӯб мекунанд. Ба хотири амалӣ кардани ин дастур идораи ҷадиде ба номи “Раёсати 08” дар чавкоти Раёсати умумии истихбороти ин гуруҳ фаъол гардидаст. Шифри татбиқи ин барнома “AB” аст, ки мухаффафи “антибиотик” (Antibiotic) мебошад.

Раёсатҳои вилоятии истихборот, қумандониҳои амнияи марказу вилоёт, қулли урдуҳо ва қадамаҳои таҳти амрашон мукаллафанд, ки дар татбиқи планҳои раёсати 08 ҳамкорӣ кунанд.

Боздошти шаҳрвандон ва нерӯҳои амниятии пешин таҳти унвони “мухолифини аморат” аз рӯзи чаҳоршанбеи аввали октябри 2025 дар шаҳри Кобул, вулусволиҳои шимоли Кобул, вилоёти Парвон, Кописо, Панҷшер, вулусволиҳои Андаробҳо, Наҳрин, Хусти вилояти Бағлон, шаҳри Мазори Шариф, вулусволиҳои Санчораку Кӯҳистони вилояти Сарипул, вулусволиҳои Кӯҳистон, Билчароғ, Паштункут, Хоҷаи Сабзпӯш, Гурзивону Алмори вилояти Форёб, вулусволиҳои Қодис ва Ҷаванди вилояти Бодғис, вулусволиҳои Тулак, Шаҳрак, Пасобанд, Тайвараву шаҳри Фирӯзкӯҳи вилояти Ғӯр, шаҳри Ҳирот, шаҳри Заранҷ, шаҳри Ҷалолободу вулусволии Аргуни вилояти Пактико оғоз гардидааст. Шуморӣ аз мутанаффизину намояндагони шӯроиҳои вилоятӣ низ дар миён боз дошт шудагонанд .

Бар асоси бархе гузоришҳо пас аз оғози ҳамалоти Покистон бар Кобулу вилояти ҷануб, раванди боздоштҳо андаке кундтар гардида буд ва аммо дар даҳ рӯзи гузашта дубора шиддат ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар ин маъракаи бузурги боздошту шиканҷа, Толибон танҳо касонеро, ки мухолифинашон шумурда мешавад, мавриди саркӯб қарор намедиҳанд, балки мутанаффизини маҳаллӣ ва касонеро, ки дар иҷтимоъ аз иззат, эҳтиром ва нуфуз бархӯрдоранд, низ саркӯб мекунанд, то бад-ин тартиб ҳеҷ зарфияте дар миёни мардум барои мухолифат бо Толибон боқӣ намонад.

Дар чанд рӯзи гузашта ду тан дар вулусволии Роғи вилояти Бадахшон, Муҳаммад Камин дар вулусволии Фархори вилояти Тахор, Муҳаммад Шуайб дар вилояти Панҷшер тирборон шуданд, фармондеҳ Шермуҳаммад дар шаҳри Шибирғон захмӣ шуд ва бародараш ба қатл расид. Довуд Ваҳдат ва Мусаддиқ Ғаффорӣ дар вилояти Дойкундӣ тирборон шуданд. Исҳоқ Ализода дар вилояти Ғазнӣ ба қатл расид ва толибон чандин ҷасади шиканҷашударо аз зиндонҳо ба хониводаҳояшон таслим доданду бастагони мақтулинро аз расонаӣ кардани шиканҷа ва марги аъзои хонаводаашон манъ карданд.

Раёсати 08 салоҳияти татбиқи барномаи мазкурро дар хориҷ аз Афғонистон низ ба ӯҳда дорад. Гузоришҳои дақиқе вуҷуд доранд, ки дар моҳҳои гузашта теъдоде аз ҷосусону терруристони марбут ба ин идора ба кишварҳои ҳамсоя ғарази террори мухолифини Толибон фиристода шудаанд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!