Хабари рӯз

Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Ман борҳо инро навиштаам, ки номгузории ҳафтаи севуми сунбула/шаҳривар ба унвони Ҳафтаи Шаҳид, ба камтар сохтани аҳамият рӯзи 18 сунбула, рӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд мунҷар шуд. То ҷое, ки ман ба ёд меоварам, ин номгузорӣ бештар боби майли гурӯҳи фарҳангии Ашраф Ғанӣ буд.

Тавре, ки шоҳид будем, дар рӯзҳои ахири ҳукумати Ғанӣ, вақте аз Ҳафтаи Шуҳадо гиромидошт мешуд, ба нудрат номе аз Масъуд бурда мешуд. Ба баҳонаи ин ки Ҳафтаи Шуҳадо аст ва бояд ба ҳама шуҳадо арҷ гузошта шавад, феҳристе аз асомӣ ва аксҳои шуҳадо аз ҳар қавму табор ва дар ҳар сатҳу манзалате таҳия мешуд ва ному акси Масъуд дар миён гум буд. Албатта, ин ба маҳофили расмии давлатӣ марбут мешуд.

Замоне дар вазорати дохила байни раиси матбуот, ки як паштуни фашист ва мутаассиб аз тими Ғанӣ (Наҷиб Нангёл) ва бачаҳои матбуот аз дӯстдорони Масъуд даъвои шадиде дар гирифта буд. Нангёл дар таҷлил аз Ҳафтаи Шаҳид, ҳеҷ аксе аз Масъуди шаҳид барои қарор додан дар қатори аксҳои шуҳадо чоп накарда буд. Вақте кормандони тоҷик далели онро пурсида буданд, гуфта буд, ки Ҳафтаи Шаҳид аст, Ҳафтаи Масъуд нест. Ин достон дар аксари идороти давлатии ҳукумати Ғанӣ буд.

Дақиқан фарҳангиёни ҳукумати Ғанӣ, ки паштунисттарҳо ҳам буданд, хеле хушҳол буданд аз ин ки номи Масъуд дар миёни шуҳадо гум шавад ё ин ки дастикам Масъуд дар канори садҳо тани дигар қарор дода шавад ва гуфта шавад, ки Масъуд яке аз садҳову ҳазорон нафари шаҳид буд ва аз онҳо беҳтару бартар набуд. Ҳатто дар ҳамин сатҳ ҳам арвоҳи бемори онон розиву таскин мешуд.

Ман намедонам, ки фарҳангиёни муқовимат дар ин номгузорӣ чӣ нақше доштанд. Аммо ҳар чӣ буд, нишондиҳандаи бархӯрди бепарвоёнаи онон бо арзишҳои муқовимат буд. Онон мисли бисёре аз мавориди дигар, дар заминаи ҳифзи арзишҳо, дар ин замина низ бархӯрди саҳлангорона карданд. Баъзеҳо мегӯянд, номгузорӣ ба пешниҳоди Бунёди Шаҳид сурат гирифта буд, аммо ман ба хотир намеоварам.

Афғонистон шаҳиди зиёд дорад. Ҳар ҳафта ва ҳар рӯзро, ки рӯзи шаҳид номгузорӣ кунед, бемуносибат нест. Аммо чаро бояд рӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд минҳайси як рӯзи муҷаззо бояд табдил ба Ҳафтаи Шаҳид шавад? Ин номгузорӣ ба бадниятону бадхоҳони Масъуд, ки намехостанд ҳатто як рӯз ҳам мунҳасир ба Масъуд бошад, фурсати хубе барои камранг сохтан ва камаҳамият ҷилва додани 18 сунбула фароҳам кард. Бетардид шуҳадои гаронқадри зиёде дорем, ки гиромидошти ёду хотироташон дайни болои мост. Аммо Масъуд, Масъуд буд ва барои ӯ бояд ба танҳоӣ гирист ва сӯги ӯро низ набояд бо дигарон шарик кард.

Бинобар ин, ман ба Ҳафтаи Шуҳадо бовар надорам ва 18 сунбула рӯзи махсуси андӯҳу сӯгвории мо аст ва ман ҳеҷ шаҳидеро баробар ба Масъуд намедонам, ки аксу номашро канори Масъуд бигузорам ва бигӯям, ки инҳо ҳам мисли Масъуд буданд ё Масъуд мисли инҳо.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!