7 намод дар лаҳзаи поёние, ки Яҳё Синворро устура кард
Манбаъ: “Асри Эрон”
Яҳё Синвор, ки беш аз як севуми умрро дар зиндонҳои Исроил сипарӣ карда буд ва зиндагиаш саросар мубориза бо ишғолгарӣ буд, саранҷом дар даргирӣ бо низомиёни исроилӣ ба шаҳодат расид. Ҳарчанд қабл аз ӯ, бисёре дигар аз раҳбарону аъзои Ҳамос шаҳид шуда буданд, вале наҳваи шаҳодат ва навъи интишори хабар ва тасовираш дар вопасин лаҳзоти зиндагиаш, ӯро ба устура табдил кард. Дар ин навиштор, аз манзари намодшиносӣ ишорае дорем ба ин мавзӯъ, ки чаро охирин лаҳзоти ҳаёт ӯ беш аз ҳамаи зиндагиаш аз ӯ як намод сохт:
Истода дар овор
Аввалин тасвири мунташиршуда аз пайкари беҷони "Яҳё Синвор" ӯро "афтода бар хок" нишон намедод, балки Синворро "истода дар миёни овор" намоиш медод, ба баёни хулоса, тасвири ҷанозаи ӯ, на уфуқӣ, ки амудӣ буд, ки аз манзари нишонашиносӣ, истодагиро ба зеҳн мутабодир мекунад.
Кушташуда дар ҷанги рӯ дар рӯ
Ӯ дар ҳоле шаҳид шуд, ки либоси разм бар тан дошт ва на дар паноҳгоҳ, ки дар даргирии мустақим бо низомёни исроилӣ. Кушта шудан дар майдони ҷанг, дар миёни ҳама милал ва фарҳангҳо, амре муқаддасгуна талаққӣ мешавад ва куштагони ҷанг, мавриди эҳтироми вежа қарор мегиранд.
Танҳо
Синвор ҳангоми шаҳодат танҳо буд. Гӯё ду тан аз ҳамроҳонаш дар даргирӣ бо низомиёни исроилӣ ба шаҳодат расида буданд ва фармондеҳи бузурги Ҳамос, дар ҳоле, ки яккаву танҳо меҷангид, шаҳид шуд. Танҳоии фармондеҳ дар ҳар набарде, бори отифии моҷароро ташдид мекунад.
Набард то охирин нафас бо тани маҷрӯҳ
Ӯ қабл аз шаҳодат, маҷрӯҳ шуда буд ва ё тани захмӣ ба набард идома дод. Тасовире, ки аз пайкари вай мунташир шудааст, нишон медиҳад, ки дасти рости ӯ башиддат захмӣ шуда буд ва ӯ болои захмро бо сим баста буд то хунрезӣ ташдид нашавад. Дар охирин лаҳазот низ, ки гӯё охирин тирҳои Калашниковашро шиллик карда буд, вақте квадрокоптери исроилӣ ба ӯ наздик шуд, чӯберо, ки дар даст дошт ба самти он партоб кард. Ӯ ба маънои воқеии калима то охирин гулӯла, то охирин қатраи хун ва то охирин нафас ва ба танҳоӣ ҷангид. Тасвире, ки аз охирин лаҳазоти зиндагии ӯ сабт шуд, як саҳнаи комилу асаргузори синамоӣ буд ва Синворро мондагортар кард.
Тану тонк
Ҳикояти Синвор, ривояти тасвирии тақобули "тану тонк" буд; Гузориши артиши Исроил ва филми мунташира аз шиллики гулӯлаи тонк ба самти Синвор, далели ин моҷарои хунину ҳамосӣ аст.
Ёдгориҳо
Васоили баҷомонда аз ӯ, монанди туфанге, ки он қадар кор карда буд, ки Синвор бо часби барқ, бархе аҷзояшро ба ҳам часбонда буд, хишобҳои холӣ, китоб адъия ва тасбеҳу атри ӯ, мукаммал тасвири шаҳодаташ буд.
Пайкари нопайдо
Исроилиҳо, пайкари ӯро ба ҷое номаълум бурданд ва агар пайкару қабри ӯ низ барои ҳамеша нопайдо бошад, худаш мешавад як устураи нопайдо, ки ҳама ҷо ҳаст ва агар ҷанозаашро бозгардонанд, оромгоҳаш мешавад намоде аз як қаҳрамон, ки барои ватанш зист, барои ватанаш ҷангид ва барои ватанаш кушта шуд.
Ва чӣ қадар саҳнаи поёнии зиндагии Синвор, шабеҳи ин шеъри маъруфи Маҳмуд Дарвеш аст:
Муҳосираро муҳосира кун,
Роҳи фироре нест.
Бозувони қатъшудаатро бардор
Ва душманатро бо он бизан,
Роҳи фироре надорӣ,
Ман дар канорат афтодаам?
Маро бардор ва бо ман душманатро бизан,
Ки акнун озодӣ, озод.