Хабари рӯз

Бурҳонуддин Раббонӣ аз истихбороти Покистон хоста буд, ки Масъудро “аз сари роҳ бардоред”.

Нависанда: Абдураҳмон Раҳмонӣ, генерали артиш, собиқ раиси операсиони Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд

Худованд барои Омир Соҳиби қаҳрамон, шуҷоъ, ватандӯст ва мардумдӯст ҷаннатулфирдавсро макон абдиаш бигардонад ва ҷиҳоду заҳамоташро дар роҳи фи сабилуллоҳ мавриди қабули даргоҳи худ бигардонад.

Мехоҳам ногуфтаи худро, ки шахсан аз забони Омир Соҳиби шаҳидро роҷеъ ба тавтиъа ва қатлашон, ки бо савганд ба Худованд бидуни каму кост шунидам, хидмати мардуми боихлос ва дӯстдоронаш арз намоям.

Аввал, рӯзе бо ҳам будем ва Довудхон аз Душанбе дар телефон сателити Омир Соҳиб занг зад. Теъдоде аз муҷоҳидини Имом Соҳиб, ки дар ҷангали байни ду дарё дар шимоли Имом Соҳиб ва ҷануби марзи Тоҷикистон қарор доштанд, гуфтанд, ду нафар араб мехоҳад ба ҷангали Имом Соҳиб биравад, иҷоза дода шавад ё хайр.

Омир Соҳиб бо асабоният барояш гуфт, қатъан иҷоза надиҳед, ки инҳо ҳамон ду араб ҳастанд. Ман дуруст нафаҳмидам ва пурсон ҳам накардам, ки ин ду араб кӣ аст, вале бисёр ҷиддӣ ва қаҳр бархӯрд кард. Баъдҳо, ки Омир Соҳиб ба воситаи ду араб тавассути амали интиҳорӣ ба шаҳодат расид, маълум шуд, ки аз қабл огоҳӣ ва иттилоъ доштанд.

Дувум, шояд теъдоде бовар накунанд ва ё бигӯянд, ки дар байн сабаби нифоқ нашавад, вале ман қаблан савганд ёд кардам, баъд аз ин дар дилам нигоҳ намекунам, чунки ман раиси операсионашон будам ва аксар авқотро бо ҳам сипарӣ мекардем ва аз раҳнамудҳояшон мустафид мешудам ва болои бисёр мавзӯъот ба бахшҳои плонгузорӣ ва амалиётҳо танҳо сӯҳбат мекардем.

Рӯзе бо ҳам танҳо будем ва таҳаррукоти душман дар Шимол рӯ ба афзоиш буд, болои як план кор доштем, бароям гуфт: “Зобит, медонед чӣ тавтиа аст?” Гуфтам намедонам. Омир Соҳиб гуфт, теъдоде аз покистониҳо аз тариқи Чатрол назди Устод Раббонӣ омадаанд, тақрибан ба тафоҳум расидаанд. Пешниҳоди Устод Раббонӣ барои покистониҳо ҳамин буд, ки ман бо шумо кадом мушкил надорам, фақат монеъ байни мо Омир Соҳиб (тараф худ ишора кард), ки манро гуфта ва барои покистониҳо пешниҳод мекунад, шумо ин монеъро аз сари роҳ бардоред, яъне ба шаҳодат бирасонед, ман бо шумо ҷӯр меоям.

Ин ҳарфи Омир Соҳиби шаҳид буд ва ман бисёр нороҳату мутааҷҷиб шудам.

(АЗ МАНБАЪИ ДИГАР БА НОМИ ГУЛМУҲАММАД РАҲИМӢ: “Барои банда инро ҳам (Аҳмадшоҳи Масъуд) илова карда буд, ки (мактуберо бо) имзои Устод (Раббонӣ) ва тамом қумондонони бузурги Бадахшон ба дасти Сайид Акбар Оғо ба Чатрол фиристода буд. Боз Сайид Акбар Оғо гуфта, вақте мактубро бурдам, дар дафтари ISI (истихбороти Покистон) аз ман маълумоти шифоҳӣ ҳам карданд ва ёддошт мегирифтанд. Хеле пеши виҷдонам кам омадам.

Ин ҳарфест, ки дар вулусволии Дарқад, меҳмонхонаи Қозӣ Кабир аз забони шахси Омир Соҳиб шунидаам. Он рафту мо ҳам меравем. Ниёзе ба дурӯғ гуфтан надорем”).

Баъд Омир Соҳиб бо таваккуле, ки ба Худованд дошт ва рӯҳия олие, ки Худованд насибаш карда буд, нахост, ки ман бисёр ба ташвишу ҳайрон шавам. Дубора сари асли мавзӯъи плани низомӣ баргашт ва ман борҳо пеши худ фикр мекардам, чӣ қадар инсони богузашт ва боҳавсала буд, ки аз чунин муомилаи нангин бо ҷузъиёт дар ҷараён буд, аммо андактарин ҳаракат ва бархӯрд аз худ нишон намедод ва аз ӯ минҳайси раҳбар ва раисҷумҳур эҳтиром мекард. Қазовати баъдашро мегузорам бо дӯстон ва ҳамватанони азиз, ки як воқеиятро баъд аз солҳо хидмататон ироа намудам.

Ихтиёри касе, ки чӣ бардошт мекунад.

Ҳамзамон бо шаҳодати Омир Соҳиб душман бо тамоми қувва аз Толиқон ба тарафи Бадахшон дар ҳаракат шуданд, ки дар Дашти Рӯбоҳ ва дуроҳии Фархор бо муқовимати шадиди муҷоҳидини Фархор мувоҷеҳ шуданд ва бо таҳаммули талафоти сангин дубора ақибнишинӣ карданд ва натавонистанд худро ба Бадахшон бирасонанд.

Ҳамчунин шаҳодати Омир Соҳиб барое чанд рӯз маҳфуз гардид ва таблиғ шуд, ки гӯё маҷрӯҳ ҳастанд ва дубора бармегарданд. Асли плани Толибон давр задани Панҷшер аз ақиб, яъне аз истиқомати Бадахшон буд, чунки муҷоҳидини шуҷоъи Шимолӣ (Парвон, Кописо ва Панҷшер) сарсахтона дифоъ мекарданд, роҳи нуфуз барояшон масдуд буд. Агар ду рӯз баъд иттифоқи 11 сентябр дар Амрико рух намедод ва Толибону ҳомиёнашон таҳти фишор қарор намегирифтанд, ба яқин ҳамон пружа дар Бадахшон иттифоқ меафтод.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!