Хабари рӯз

Дуруст дар рӯзи мобаъд дарвозаҳои ҷаҳаннам ба рӯи шаҳри Кобул гушуда шуд.

Нависанда: Ҷамол Аҳмад Хошуқҷӣ

Баргардон: Абдулаҳад Ҳодиф

Дар авосити моҳи апрели 1992, ҳудуди як ҳафта ва ё бештар аз онро дар деҳкадаи Сурхоби мушриф бар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, дар қароргоҳи Гулбиддин Ҳикматёр сипарӣ кардам. Мавсуф ҳамон рӯзҳо дар он ҷо пойгоҳ гирифта буд то магар битавонад имтиёзи таърихии бузургро минҳайси фотиҳи Кобул ва муҷаддади ислом дар қарни ҳозир насиб шавад! Аммо ногаҳон фотиҳи дигаре аз ӯ пешӣ гирифт ва гӯӣ сабқатро дар майдони бурдубохти ин ифтихори бузург, аз дасти ӯ рабуд. Ин фотиҳ иборат аз Аҳмадшоҳ Масъуд буд, ки дар арсаи ҷиҳоду мубориза низ аз Ҳикматёр чизе кам надошт. Вале дар он замон мумкин набуд, ки Ҳикматёр ба тақсими дунё миёни ду нафар тан диҳад.

Рӯзҳои бисёр фишурда ва дар айни ҳол хеле ҳассосу сарнавиштсоз буд. Саҳнаҳо ба сурати комилан драматик шакл мегирифт. Ман дар ҷараёни ин рӯзҳо лаҳзаҳои пирӯзиву шикаст, шодиву ғам, тавозӯъу такаббур, фурӯтаниву ғурур, ростиву дурӯғро шоҳид будам. Воқеиятҳоро дидам, ки чӣ гуна ҳар лаҳза ранг иваз мекунанд ва ҳаққро мулоҳиза кардам, ки чӣ гуна дар дасти одамҳои дигаргун мешавад ва ҳам барои аввалин бор шоҳид будам, ки мушаки “Стингер” чӣ гуна ба рӯи худи муҷоҳидин нишона меравад.

Оре, рӯзҳои Сурхоб бо ҳамаи маҳдудияту гумномии он, дарвоқеъ як нуқтаи таҳаввули муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар масири таърихи муосири Афғонистон ба ҳисоб меравад. Ба далели ин ки агар он чи мо дар хилоли ин рӯзҳо шоҳид будем ба вуқӯъ намепайваст, муҷоҳидини Афғонистон ҳаргиз дастовардҳои ҷиҳоди яку ним даҳа ва паёмадҳои қурбонии думилионии як миллат дар роҳи озодӣ дину ватанро аз даст намедоданд. Ҳамин рӯзҳои сиёҳ буд, ки умедвориҳоро ба хок зад, аҳдофу барномаҳои муҷоҳидин дар қиболи эҷоди як давлати адолатманди исломиро барбод дод то билохира гурӯҳи дигаре ба номи Толибон ба миён омад, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҳампаймонони шинохташудаи хеш, замину мероси боқимондаро аз дасти муҷоҳидин рабуд, ки идомаи достон ба ҳама маълум буда ва мо то кунун дар ҷараёни авоқиб он қарор дорем.

Устод Одил Бутарҷӣ ва яке дигар аз дӯстони сауди ҳозир дар саҳна низ маро дар ҷараёни ин рӯзҳо ҳамроҳӣ мекарданд. Оқои Бутарҷӣ, ки дар он замон раёсати яке аз муассисоти хайрияи Саудии фаъол дар Афғонистонро ба ӯҳда дошт ва банда низ дар паҳлуи корҳои матбуотӣ аз узвият он муассиса бархурдор будам, дар як иқдоми нек ба сабту тасҷили тамоми ҳаводиси ин рӯзҳо дар китоби зебое таҳти унвони “Чаҳордаҳ рӯзи ҳассос дар таърихи муосири Афғонистон” ҳиммат гумоштааст. Мутолиаи ин китобро барои ҷавонони мусулмон, махсусан ҷавонони Саудии мансуб ба ҷараён “Алсаҳуҳ”, ки ҳамвора дар мавзеъгириҳои тунду тези хеш ба таҷориби ҷиҳоди Афғонистон иттико доранд, тавсия мекунам ва умедворам то устод Бутарҷӣ низ иқдом ба таҷдиди чопи ин асари гаронқадр карда ва ҳақоиқи дигареро бар он биафзояд ва ё китоби дигаре дар замина бнависад; Чун ӯ шоҳиди айнии саҳна буда ва чизҳоеро медонад, ки соири ҳозирини саҳнаи ҷиҳоди Афғонистон аз он ғофиланд.

Гулбиддин Ҳикматёр, ки ахиран минҳайси қаҳрамони ҷадиди ифротгароёни имрӯзӣ таборуз кард, дар он замон низ қаҳрамони насли мо ҷавонони пурҳамоса буд, ки ҳама шефтаву куштаи шахсияти, ба истилоҳ, қавиву мутаҳаррики ӯ будем. Вале воқеияти ӯ замоне барои мо ошкор гардид, ки мушакҳо ва хумпораҳои ӯ Кобулу мардум бепаноҳи онро ба коми оташ фурӯ бурд ва худаш алайҳи бародарони худ теғ кашид ва бо лаҷоҷат зоидулвасфе ба ҷони мусулмонон афтод ва дар айни ҳол, мо аз наздик худ шоҳиди чандгонагиҳо, хилофварзиҳо ва коршиканиҳои мудовими ӯ будем то билохира кораш ба паноҳандагӣ дар Эрон кашид.

Ман ӯро дар Сурхоб дар ҳоле ҳамроҳӣ мекардам, ки дар авҷи ғуруру нухвати худ қарор дошт ва ба тавону қудрати худ сахт меболид ва ба панду андарзи наздикони хеш ҳаргиз гӯш намедод, ҳатто ба насиҳатҳои бузургони наҳзати исломӣ, ки дар он замон дар шаҳри Пешовар ба хотири ҷилавгирӣ аз бурузи ташаннуҷ ва ҷанг миёни муҷоҳидин ҳини таҷаммӯъи неруҳояшон дар атрофи Кобул пас аз оғози фурӯпошии режими коммунистӣ гирдиҳам омада буданд, бо беэътиноӣ пушти по мезад.

Банда дар канори Ҳикматёр ба гӯши худ садои шаҳид Аҳмадшоҳ Масъудро мешунидам, ки аз тариқи мухобира бо камоли тавозӯъ аз Ҳикматёр хоҳиш мекард то ба Пешовар баргашта ва дар тафоҳум бо соири раҳбарони аҳзоби ҷиҳодӣ, як ҳукумати муштарак ва васеъулбунёдро ташкил дода ва якҷо бо ҳам ва бидуни кадом ҷангу даргирӣ вориди шаҳри Кобул шаванд. Масъуди шаҳид мегуфт, ки Кобул суқут карда, коммунистҳо омодаи таслимдиҳии комили қудрат ба муҷоҳидин мебошанд ва ман худам ҳеҷ имтиёзе барои худ намехоҳам ва акнун марҳалаи ҷанг гузашта ва марҳалаи сиёсат ба миён омада, пас набояд коре кард, ки мунҷар ба бурузи ташаннуҷу даргирии бемаврид миёни муҷоҳидин гардад. Аммо Ҳикматёр лаҷуҷона ба ӯ ҷавоби рад медод ва мукарраран таъкид меварзид, ки мехоҳад бо ғурур силоҳу байрақҳои сабз вориди Кобул шавад.

Албатта, дар он замон, далоили ӯ барои мо хеле муваҷҷаҳ ба назар мерасид, чун мо аз аввал ба он таслим будем ва ҳеҷ як аз мо ҷуръат намекард то барои ӯ ҳарферо, ки Масъуд мегуфт, такрор карда ва ё лоақал аз бобати насиҳати исломӣ ёдовар шавад, ки суннати набавӣ барои мо суфориш мекунад, ки то замоне, ки метавон аз роҳҳои мусоламатомез ба ҳадаф ноил омад, набояд бо душман вориди ҷанг шуд. Лизо ҳамеша муҳри сукут бар лаб доштем ва якҷо бо Ҳикматёр хобу хаёли вуруди фотиҳона ба шаҳри Кобул тайи яке ду рӯзи ояндаро дар сар мепарварондем.

Дар рӯзи баъди ҷараёни гуфтугӯи мухобиравии шайх Муҳаммад Қутб (бародари Сайид Қутб) бо Ҳикматёрро думбол мекардам, ки ба ӯ тавсия мекард то аз иқдоми якҷониба дар қиболи фатҳи Кобул даст бардорад ва дар тафоҳум бо соири муҷоҳидин, рӯйи ташкили як ҳукумати убурӣ ҷиҳати таслимгирии сулҳомези қудрат дар Кобул мувофиқа кунад. Устод Муҳаммад Қутб, ки дар сӯҳбаташ бо Ҳикматёр андаке тунду ҷиддӣ буд, ба ӯ мегуфт, ки набояд танҳо худро барҳақ ва дигаронро яксара ботил тасаввур кард. Чун инсон ҳар андоза, ки содиқ, дурандеш ва покнафс бошад, боз ҳам мумкин аст иштибоҳ кунад ва ба хато равад. Вале Ҳикматёр, ки дорои ҳеҷ як аз ин хислатҳо набуд, ба ӯ итминон медод, ки гӯё муҷоҳидин ҳаргиз бо ҳам нахоҳанд ҷангид. Ин дар ҳоле буд, ки афроди мусаллаҳи ӯ барои ҳамла дар баробари Кобул омодагӣ мегирифтанд ва худаш ҳам медонист, ки дар он ҷо ҳатман бо муҷоҳидини таҳти фармони Аҳмадшоҳ Масъуд даргир хоҳанд шуд.

Ҳоло ман эътироф мекунам, ки худам низ ҳамон рӯз бо Ҳикматёр дар ҷурми дурӯғу фиребкорӣ шарик шудам ва аз ӯ хостам то ба устод Муҳаммад Қутб пешниҳод кунад то муҷаддадан бо соири хайрхоҳон дар Пешовар гирди ҳам омада ва тарҳи тозаеро тасвиб ва баъдан бо Ҳикматёр дар тамос шаванд. Ҳикматёр билофосила ин назарро ба шайх Муҳаммад Қутб мунъакис сохт то битавонад онҳоро барои муддате дигар масруф нигаҳ дошта ва худаш бо касби вақт тибқи барномаи қаблӣ, дар рӯзи мобаъд нерӯҳояшро вориди Кобул сохта ва бад-ин тартиб, ҳамаро дар муқобили як амали анҷомшуда қарор диҳад.

Пеш аз поёни тамоси мухобиравии фавқуззикр, Усома бин Лодан низ, ки дар он замон якҷо бо соири миёнҷигарони араб дар Пешовар ба сар мебурд, рӯйи хат омада ва маротиби нигаронии худро аз бобати ҳатмияти бурузи ҷанги дохилӣ миёни муҷоҳидин дар сурати вуруди ҷудогона ва бидуни тавофуқи қаблӣ ба шаҳри Кобул ба Ҳикматёр иброз дошт. Ҳикматёр ба ӯ итминон дод, ки гӯё эҳтимоли бурузи ҷанг миёни муҷоҳидин вуҷуд надорад ва ҳамон дам сӯҳбати худро бо бин Лодан қатъ кард. Дар асное, ки Ҳикматёр аз дастгоҳи мухобира дур мешуд, ҳанӯз садои бин Лодан ба гӯш мерасид, ки ба такрор мегуфт: “Инҷинер соҳиб, мешунавед”. Аммо Ҳикматёр ба ӯ эътиное накард ва роҳи худро пеш гирифт. Ин ҷо яке аз ҳамкорони Ҳикматёр гӯширо бардошт ва ба бин Лодан гуфт, ки инҷинер соҳиб рафт. Дуруст дар рӯзи мобаъд буд, ки дарвозаҳои ҷаҳаннам ба рӯи шаҳри Кобул гушуда шуд. Шояд ин охирин сӯҳбат миёни Ҳикматёр ва бин Лодан буда бошад.

Рӯзномаи "Алватан", чопи Риёз, 9/5/2006


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!