Хабари рӯз

Хабари аввалро русҳо пахш карданд.

Нависанда: Татяна Логунова-Нугайева, хабарнигори вижаи шабакаи ORT-и Русия дар Тоҷикистон ва Афғонистон дар даҳаи 90 мелодӣ

25 сол пеш…

10 сентябри соли 2001 барои ҳамеша дар ҳофизаам боқӣ мондааст.

Субҳ аз Непал, аз тариқи Маскав, ба Душанбе расидам. Нахустин коре, ки кардам, рафтан ба сафорати Русия буд. Шавҳарам ҳадяҳое барои дипломатҳои ошно фиристода буд. Сафорат ба маънои воқеии калима ба ҳам рехта буд; рафтуомадҳои музтарибона, ҳаёҳу ва тиккаҳое аз гуфтугӯҳо.

Он ҷо аз қабл аз шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер ва чигунагии марги ӯ хабар доштанд.

Ҳанӯз дар 9 сентябр, Масъудро, ки ба шиддат ва ба гунаи маргбор захмӣ шуда буд, бо ҳеликоптер аз Фархори Афғонистон ба Фархори Тоҷикистон интиқол дода буданд.

Шӯрои олии Эътилофи Шимол тасмим гирифта буд, ки муваққатан марги раҳбари худро эълом накунад. Тағйироте дар раҳбарии низомӣ дар ҷараён буд ва иттилоот ҳамчунон маҳрамона боқӣ монда буд.

Аз шунидани ин хабар ва дарки ин ки бояд сукут кунам, эҳсос мекардам сарам тамоми панҷоҳ кило вазн дорад. Дар як лаҳза, маъмуриятҳоям ба Афғонистон, роҳҳои пурпечухами Панҷшер, дидорҳо бо Аҳмадшоҳи Масъуд, гуфтугӯҳо ва чеҳраи одамҳое, ки бахше аз он зиндагӣ шуда буданд, аз пеши чашмонам гузаштанд.

Лаҳзаи дигаре низ ба ёдам омад. Замоне аз Панҷшер, бо телефони моҳвораии сухангӯи Масъуд, ба шавҳарам дар маҳалли кораш дар сафорати Русия дар Душанбе занг задам.

Ӯ пештар дар Афғонистон хидмат карда буд; дар замони вуруди нерӯҳои Шӯравӣ ба он ҷо рафта буд. Ва Масъуд низ бо муҷоҳидонаш алайҳи ҳамон нерӯҳо меҷангид.

— Тасаввур мекунӣ, ҳамин ҳоло бо Аҳмадшоҳи Масъуд мусоҳиба кардам, — он замон ба ӯ гуфтам.

Шавҳарам лаҳзае сукут кард ва посух дод:

— Барои ман, ин дуруст мисли он аст, ки ба падарбузургам, ки дар ҷабҳа ҷангида буд, занг бизанам ва бигӯям, ки дорам бо Ҳитлер мусоҳиба мекунам…

Одамҳое, ки дар ду сӯи он ҷанг қарор гирифта буданд, як инсони воҳидро то ин андоза мутафовит медиданд.

Аз сафорат ба хиёбони Рӯдакӣ, назди Галина Ивановна Гриднева, хабарнигори ИТАР-ТАСС, рафтам. Дидори мо кӯтоҳ буд. Галина Ивановна бо ҳамаи манобеи мумкин тамос мегирифт ва талош мекард ҳар воқеиятро таъйид кунад, то иттилоотро ба ожонс мухобира кунад. Ва ман аз ин ки наметавонистам он чиро, ки аз қабл медонистам, бо касе дар миён бигузорам, дар азоб будам.

Марги Масъуд номумкин ба назар мерасид; гӯё иштибоҳи ҳавлноке буд, ки ҳар лаҳза бояд такзиб мешуд.

Аз панҷараи боз садои мусиқӣ меомад. Душанбе ҳамчунон даҳумин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегирифт.

Ман хабарҳои агентиҳои иттилоотиро дунбол мекардам. ИТАР-ТАСС нахустин хабари марги Масъудро мунташир кард.

“ТАСС ихтиёр дорад эълом кунад…” — иборате, ки аз даврони Шӯравӣ ва филме бо ҳамин ном ошно буд. Аммо он замон дигар на бо як филми хабарӣ рӯбарӯ будем ва на бо як сенария. Ин воқеияте буд, ки таърихи Афғонистонро барои ҳамеша тағйир дод.

Аҳмадшоҳи Масъуд фаротар аз як фармондеҳи низомӣ ё сиёсатмадор буд. Ӯ инсоне буд, ки солҳо Панҷшерро дар баробари нерӯҳое, ки чандин баробар аз ӯ бартарӣ доштанд, ҳифз кард. Барои бисёриҳо, ӯ барои ҳамеша намоди истодагӣ, иззат ва иродаи шикастнопазир боқӣ монд.

Сарнавишт чунин рақам зад, ки охирин бор Аҳмадшоҳи Масъудро дар хазони соли 1998 дидам. На дар Афғонистон — дар Душанбе.

Барои муроҷиа ба доктори дандон ба клиника рафта будам, ки ногаҳон дар даҳлез се тан аз муҳофизони Масъудро дидам. Панҷшер куҷо, кӯҳҳо куҷо, он роҳҳое, ки замоне дар онҳо қадам мезадем куҷо, ва Душанбе ва як рӯзи одии шаҳрӣ куҷо?!

Муҳофизон чунон ором бо ман салому аҳволпурсӣ карданд, ки гӯё дар ин дидор ҳеҷ чизи ғайриодӣ вуҷуд надошт. Чанд дақиқа баъд, худи Аҳмадшоҳи Масъуд аз утоқи доктор берун омад. Ҳар ду аз дидани якдигар шигифт карда шудем ва ба ҳам лабханд задем. Маълум шуд, ки доктори дандони мо яке аст; марде аҳли Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ва инсоне ба тарзи шигифтангез меҳрубон.

Ӯ ҳар бор муоинаашро бо қиссае равшан ва дилнишин оғоз мекард; гӯё мехост ба беморонаш кумак кунад нигарониҳои худро фаромӯш кунанд ва бовар дошта бошанд, ки ҳама чиз хуб хоҳад шуд.

Гуфтугӯи ман бо Масъуд фақат як дақиқа тӯл кашид. На дар бораи сиёсат ҳарф задем ва на дар бораи ҷанг. Ин фақат як гуфтугӯи сода ва инсонӣ буд.

Ва охирин чизе, ки он рӯз ба ӯ гуфтам:

— Саломат бошед…

Як моҳ баъд, ман рафтам — нахуст ба Маскав ва сипас ба кишвари дигар. Ва се сол пас аз он дидори тасодуфӣ, ӯ дигар дар миёни мо набуд.

Акнун як рубъи қарн гузаштааст. Аммо имрӯз низ, вақте он рӯзи сентябриро дар Душанбе ба ёд меоварам, ба равшанӣ дарк мекунам, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд танҳо як инсон аз миён намерафт. Як асри комил ба поён мерасид…


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!