Хабари рӯз

Чаро толиби кӯҳ ба Масъуд эҳтиром дорад, аммо толиби Лондон аз ӯ нафрат дорад?

Нависанда: Абдулқодир Мирзоӣ

Дар 25 соли гузашта ман ҳам надидам як толиби мусаллаҳи ҷангдида, як қумондони Қитъаи Сурх ё як толиби ҷабҳаӣ ба Аҳмадшоҳ Масъуд тавҳин карда бошад. Баръакс, дар хотироти худашон ҳамеша бо эҳтиром аз ӯ ёд кардаанд.

Аммо толиби галстукпӯши ғарбнишин, чаро?

Ҷавобашро бояд дар шахсияти худи Масъуд ҷустуҷӯ кард:

— Поймардӣ ва рашодат; марде, ки шикастро ёд нагирифт

Масъуд танҳо фармондеҳе дар таърихи муосири Афғонистон аст, ки дар баробари ду абарқудрат истод. Шӯравиро бо тамоми қудрати низомиаш дар Панҷшер замингир кард ва толиби мусаллаҳро 5 сол пушти дарвозаҳои Панҷшер нигаҳ дошт. Толиби мусаллаҳ, чун худаш ҷангро дидааст, мефаҳмад, ки истодагӣ дар як дара бо дасти холӣ дар баробари Артиши Сурх ва баъд дар баробари лашкари даҳҳоҳазорнафарӣ чӣ маъно дорад. Эҳтироми низомӣ ба низомӣ як қонуни нонавиштаи ҷанг аст. Барои ҳамин толиби ҷангӣ ба ӯ тавҳин намекунад, чун рашодатро мешиносад.

Аммо толиби галстукдор, ки ҷангро дар экрани телевизион дидааст, ин рашодатро дарк намекунад.

— Покӣ ва дастпокӣ; нуқтае, ки душман ҳам натавонист лаккадораш кунад

Душманони Масъуд 30 сол кӯшиданд як санади фасод, як хонаи шахсӣ дар хориҷ, як ҳисоби бонкӣ аз ӯ пайдо кунанд, пайдо накарданд. Дар ҳоле ки фармондеҳи Панҷшер ва вазири дифои Афғонистон буд, дар як хонаи гилӣ дар Хоҷа Баҳоуддин зиндагӣ мекард. Ҳатто генералҳои покистонӣ дар китобҳои худ навиштаанд: “Масъуд танҳо раҳбаре буд, ки намешуд ӯро харид”.

Толиби мусаллаҳ, ки аз фасоди ҳамин Толибони галстукдори кобулӣ ба сутӯҳ омада буд, ин покиро дарк мекунад. Аммо барои касе мисли Шукрия Баракзай ва амсоли ӯ, ки сиёсат барояшон тиҷорат аст, як раҳбари ғайриқобили харид як хатар аст.

— Ватандӯстӣ; марде, ки Афғонистонро ба Покистон нафурӯхт

Фарқи бузурги Масъуд бо тамоми раҳбарони дигар ҳамин буд. Ба ӯ борҳо пешниҳод шуд, ки хатти Дюрандро имзо кунад ва тамоми Покистон пушти сараш биистад. Ӯ қабул накард. Ба ӯ пешниҳод шуд, ки ба ишораи ISI биҷангад, қабул накард. Машҳуртарин ҷумлаи ӯ ин аст: “Агар тамоми Афғонистонро бигирӣ, агар Покистонро аз мудохила боз надорӣ, мо боз ҳам меҷангем”.

Толиби мусаллаҳ, ки ҳарчанд фикраш толибонӣ аст, аммо афғонистонӣ аст, ин ватандӯстиро дар умқи дилаш ҳис мекунад. Аммо толиби галстукдор, ки паспорти дувумаш дар ҷайбаш аст ва ояндаи авлодашро дар Лондон ва Вашингтон мебинад, аз ватандӯстӣ бадаш меояд, чун бозори муомилагарии ӯро хароб мекунад.

— Шахсияти ҷаззоб ва коризма; раҳбаре, ки бо маргаш бузургтар шуд

Масъуд фақат як фармондеҳ набуд, як мактаб буд. Бо риши кӯтоҳ, бо чеҳраи хандон, бо китобе дар сангар, тасвире аз як мусалмони равшанфикрро ба дунё нишон дод, ки Ғарб ҳаргиз нахост он тасвир дида шавад. Барои ҳамин, вақте кушта шуд, 25 сол аст ҳар рӯз бузургтар мешавад.

Толиби мусаллаҳ ӯро як душмани бошараф медонад. Аммо толиби галстукпӯш аз ӯ нафрат дорад, чун Масъуд бо коризмаи худ дӯкони “исломи хашин ва афғони террорист”-ро, ки инҳо дар Ғарб ба фурӯш мерасонанд, тахта мекунад.

Хулоса:

Толиби ҷангӣ Масъудро дар оинаи туфанги худ дида ва эҳтиром карда.

Толиби галстукдор Масъудро дар оинаи манофеъи арбобони худ дида ва аз ӯ метарсад.

9 сентябри 2026


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!