Хабари рӯз

Сангар: Ин матлаб соли 2018 нашр шудааст, замоне ки аз шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд 17 сол мегузашт ва марҳум Раҳнаварди Зарёб, нависандаи тавоно, зинда буд. Ҳоло ҳар ду ба ҷовидона пайвастаанд, аммо ҳақоиқ зиндаанд.

Нависанда: Раҳнаварди Зарёб

Матлаби аслӣ:  رهنورد زریاب: اگر مسعود می‌بود...

Дар даҳаи ҳафтоди ҳиҷрии хуршедӣ, дар шаҳри Монпеле дар Фаронса зиндагӣ мекардам. Рӯзе дар яке аз хиёбонҳои Фаронса қадам мезадам. Пеши рӯйи ман як хонуми ҷавон роҳ мерафт, ки дасти кӯдаки ҳафтсолаашро низ ба даст гирифта буд. Чанд қадам, ки рафтанд, ногаҳон кӯдаки ҳафтсола истод ва модараш аз ӯ пурсид: “Чаро истодаӣ?” Ӯ, ки ба сӯйи як тасвир хира шуда буд, ба модари худ гуфт: “Ин Масъуд аст!”

Манзурам аз ёдоварии ин достони бисёр кӯтоҳ, ки чашмдиди худи ман аст, ин аст, ки Масъуд дар замони ҳаёташ низ як чеҳраи ҷаҳонишуда буд. Чунон ҷаҳонӣ, ки ҳатто кӯдаке ҳафтсола дар як шаҳри ҷанубии Фаронса ӯро мешинохт.

Масъуд чеҳраи асаргузоре дар таърихи мо будааст. Душманони Масъуд чӣ бихоҳанд ва чӣ нахоҳанд, номи Масъуд дар таърихи мо ба ҳайси як номи бошукӯҳ ва дурахшон сабт шудааст.

Мешавад гуфт, ҳамон гуна, ки Че Гевара номи дараи Грандро дар Боливия баландовоза сохт (зеро ӯ ба дасти ҷаллодони CIA ба шакли фаҷеъе дар дараи Гранд дар Боливия ба қатл расид), Масъуд низ номи дараҳои Панҷшерро дар ҷаҳон ба шӯҳрат расонд.

Китобҳои зиёде дар бораи Масъуд нигошта шудааст. Ман дар китобхонаи худ бисту панҷ китоб дорам, ки ҳама дар бораи Масъуданд ва мусалламан ин ҳамаи китобҳое нест, ки дар бораи Масъуд дар дохили кишвар ва дар берун аз кишвар навишта шудааст.

Имрӯз ҳама кас дар бораи Масъуд сухан мегӯяд,чӣ ононе, ки дӯстони наздик ва ҳамразмони Масъуд буданд ва чӣ ононе, ки ҳатто як бор ҳам монанди ман, Масъудро аз наздик надидаанд.

Ин ҳама ситоиш ва набишта дар бораи Масъуд, маро ба ёди сухане аз зиндаёд Муҳаммад Алӣ Шариатӣ меандозад.

Рӯзе дар замони шоҳ, Шариатӣ барои гурӯҳе аз бонувон ва дӯшизагон дар бораи Зайнаб, хоҳари имом Ҳусайн, сӯҳбат мекард. Зеро Зайнаб дар ҳодисаи Карбало ҳузур дошт ва ҳама саҳнаҳоро ба чашм дида буд ва худ асир шуду зиндагии талхеро сипарӣ кард. Вақте Шариатӣ сӯҳбат мекард, духтар ва бонувон гиря мекарданд ва сахт гиря мекарданд. Шариатӣ сӯҳбатро тағйир дод ва хитоб ба ин дӯшизагон ва бонувон гуфт: “Хоҳарон ва модарон! Гиряи шумо аз баҳри чист? Агар фикр мекунед, ки бо ин гиря Зайнаб зинда хоҳад шуд, ман ба шумо мегӯям, ки ӯ зинда нахоҳад шуд. Агар ин гиряҳои шумо аз баҳри он аст, ки равони Зайнаб шод шавад, ман барои шумо мегӯям, ки равони Зайнаб шод нахоҳад шуд. Вале агар шумо мехоҳед равони Зайнабро шод бисозед, кӯшиш кунед, ки ба роҳи Зайнаб биравед, кӯшиш кунед, ки шахсият ва манишатонро шабеҳ ва ҳамонанди Зайнаб бисозед”.

Ҳоло ман мехоҳам бигӯям, ки ин ҳама ситоишҳо аз Масъуд чӣ суде дорад? Бояд касоне, ки Масъудро дӯст доранд ва касоне, ки ба Масъуд эҳтиром ва ҳурмат мегузоранд, роҳи Масъудро бираванд ва бикӯшанд, ки ҳамонанди Масъуд шаванд.

Ман намедонам, агар ҳамин ҳоло дар рӯзгори мо Масъуд зинда мебуд, оё боз ҳам сарзамини мо ва мардумони мо чунин ҳолати нобасомоне доштанд? Оё боз ҳам чунин вазъияти ваҳшатноки табақотӣ дар ин сарзамин ҳукмфармо буд? Оё боз ҳам миллионҳо кӯдаки бесарнавишт дар хиёбонҳои ин сарзамин овора мегаштанд? Оё боз ҳам гурӯҳи азиме аз гадоён ва дарюзагон дар хиёбонҳо дар рафтуомад ва истиғоса буданд? Ва саранҷом оё як амрикоии шинохташуда, монанди Халилзод ҳавои риёсатҷумҳурии ин кишварро дар сар мепарваронд?

Ман фаровон мутаассиф ҳастам, ки дӯстони Масъуд вақте Халилзодро даъват мекунанд, ӯро бар садри маҷлис менишонанд.

Рӯзу рӯзгори мо, рӯзу рӯзгори нобасомоне аст. Эй кош Масъуд имрӯз дар миёни мо буд ва ман итминон дорам, ки Масъуд чунин вазъеро таҳаммул намекард.

Оё агар Масъуд зинда мебуд, дӯстон ва ҳамразмонаш инчунин ба чавкиҳо ва курсиҳои давлатӣ мечаспиданд?

Оё агар Масъуд зинда мебуд, дӯстон ва ҳамразмонаш ин ҷуръатро мекарданд, ки хонаҳои муҷаллали миллиондолларӣ бисозанд?

Сӯгмандона вазъият ба гунаест, ки ҳамаи мо мебинем. Ман шахсан ба ин ёрон ва наздикони Масъуд умеде надорам. Аммо умедвор ҳастам бардошти ман, бардошти нодурусте буда бошад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!