Нависанда: Муҳаммад Абдуллоҳ, рӯзноманигор, махсус барои “Сангар”
Матлаби аслӣ: شمالی، خط مقدم جنگ و قربانی آزادیخواهی
Навори тасвирие, ки дар зер ба иштирок гузошта шуда, марбут ба 26 соли пеш аз имрӯз (асади 1378 хуршедӣ) аст.
Толибон, Алқоида ва ҳомиёни беруниашон бо даҳҳо ҳазор нерӯ аз хазони 1375 то баҳори 1378 чандин шикастро дар Шимолӣ ва вилоёти шимоли Афғонистон мутаҳаммил шуданд, ки се шикасти ин гурӯҳҳо барояшон сангин ва пурталафот буд, ки дар ҳар шикаст садҳо нафар аз онҳо ба дасти нерӯҳои муқовимат асир шуданд.
Толибон, Алқоида, Покистониҳо ва соири гурӯҳҳои террористӣ (1) дар баҳори соли 1378 тарҳи васееро барномарезӣ карданд то бо мусоид шудани ҳаво, бори дигар хутути ҷанг дар Шимолиро бишкананд ва ин ҳавзаи бузургро ишғол кунанд.
Хатти муқаддами Ҷабҳаи муқовимат аз доманаҳои кӯҳҳои Шакардара оғоз мешуд ва ба имтидоди манотиқи Мирбачакут, Бобақучқор, гарданаи Борикоб, атрофи майдони ҳавоии Багром, бахшҳое аз кӯҳи Софӣ, Кӯраи Тагоб то дараи Пачағон мавқеият дошт. Манотиқи Афғонияи Ниҷроб, Сулонак, Сайёд, Багром, Қалъаи Насру, Мошиноб ва Қарабоғ ҷойгоҳи ақаба ва хутути эҳтиётии ҷангро доштанд.
Марокизи вилоёти Парвону Кописо ором буд ва ба паноҳгоҳи мардумоне аз тақрибан тамоми ақвом ва вилоёти Афғонистон мубаддал шуда буданд. Шифохонаҳо, макотиб ва идороти маҳаллӣ фаъол буданд ва бозорҳо пурҷуму ҷӯш буд. Бирубори бозори Чорикор ба гунае буд, ки гӯӣ тамоми мардуми пойтахт дар он ҷо зиндагӣ мекунанд.
Толибон ҳамалоти худро аз авохири моҳи саратон дар се истиқомат (Кӯҳдоман, Борикоб ва Тагоб) оғоз карда буданд, ҷанг шадиде ҷараён дошт, аммо мардуми ақиби ҷабҳа бидуни ҳарос ба зиндагии худ идома медоданд.
Ману Муҳаммад Довуд Иброҳимӣ дар таърихи 5 асад, пас аз сафари чандмоҳа аз вилоёти шимол баргашта будем ва барои ду рӯз дар Чорикор назди дӯстон мондем. Тарокуми ҷамъияти Парвон ва Кописо бароямон аҷиб ба назар мерасид.
Тайёраҳои ҷети ҷангии Толибон пас аз ҳадаф қарор додани мавозеъи муқовимат, аз болои шаҳри Чорикор мегузаштанд ва гоҳе бар манотиқе чун Ҷабаллуссироҷ, Гулбаҳор ва бахшҳое аз Кописо низ андохт мекарданд.
Рафтуомад ва икмолоти хатти Шимолӣ ҳамарӯза аз Парвон сурат мегирифт ва мардум аз вақоеъ ҷанг матлаъ мебуданд ва барои пирӯзи нерӯҳои муқовимат дуо мекарданд.
Баъд аз чанд рӯзи ҳамалоти шадид, сақила, пиёда ва ҳавоӣ, нерӯҳои Толибон аз кӯҳҳои Ғӯрбанд вориди атрофоти Астарғич ва Санҷиддара шуданд ва нерӯҳои муқовимат иқдом ба ақибнишинӣ карданд, ки низомиёни муқовимат камтар осеб диданд, аммо осебҳои шадид бар мардуми мулкӣ ворид шуд.
Шумори зиёде аз мардуми мулкӣ дар се рӯзи поёни ҷанг, аз манотиқи Кӯҳдоман, Парвон ва Кописо ба самт Панҷшер ва Андароб муҳоҷират карданд.
Иддае андак низ, пас аз убури Толибон, ба сӯи Кобул рафтанд, аммо хонаводаҳое, ки тавоноии рафтан надоштанд, бо анвоъи зулм ва бадрафтории Толибон ва террористон мувоҷиҳ шуданд.
Дар камтар аз як ҳафта, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд таҷдиди ороиши нерӯ кард ва бо сарону фармондеҳони муқовимат ҷаласоте баргузор карда, ба ҳамлае муҷаддад иқдом кард, ки дар камтар аз ним рӯз, нерӯҳои Толибон шикасти маргборро мутаҳаммил шуданд ва ба қавли Масъуди шаҳид, “Мошини ҷангиашон аз ҳам пошид”.
Пеш аз намози субҳ амалиёт оғоз шуд ва то қабл аз тулӯъи офтоб, манотиқи Гулбаҳор, Ҷабалуссироҷ, Сайидхел, Кӯҳбандҳо, Фабрикаи нассоҷӣ, Ҷамолоға, Деҳболо, Сайёд, Шӯхӣ, Сулонак ва бархе манотиқи дигар озод шуд. То чошти ҳамон рӯз нерӯҳои муқовимат то доманаҳои поёни Истарғич, Лангихел, Мошиноб, Қарабоғ, Ҷорчӣ, Пайтова, Қалъаи Насру, Борикоб, майдони ҳавоии Багром, бахшҳое аз кӯҳи Софӣ ва Кӯраи Тагобро низ озод карданд. (2)
Суръати амал ва ҳаракати нерӯҳои муқовимат бидуни васоити нақлия аз даҳанаи Гулбаҳор то Қарабоғ, Багром ва соири манотиқи ёдшуда дар нисфирӯз, хориқулода ва фаротар аз тасаввур аст; Аммо ин як ҳақиқати таърихӣ аст, ки бо нерӯи ишқ, имон ва озодихоҳии мардуми ин сарзамин анҷом шуд. (3)
Мутаҷовизин садҳо кушта, даҳҳо воситаи зиреҳӣ ва миқдори зиёди аслиҳаро аз худ ба ҷо гузоштанд ва садҳо тани онҳо асир шуд.(4)
Иқдомоти ҷинояткоронаи Толибон ва террористони ҳамдасташон дар манотиқи озоднашуда, фоҷиабор буд ва масодиқи инкорнопазири ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият мебошад. Монанди тхрибу сӯзондани хонаҳо ва токистонҳо, мунҳадим кардани боғҳо, корезҳо ва манобеъи обӣ, куштори мардуми бегуноҳ ва кӯчи иҷбории онҳо ба кампҳои сӯзони вулусволии Саришоҳии вилояти Нангарҳор.
Толибон то соли 1380 дар манотиқи озоданашудаи Шимолӣ, ба ҳеҷ мавҷуди зиндае раҳм накарданд ва шабеҳи вайрониҳои лашкари муғул ободиҳоро тахриб карданд ва сиёсати замини сӯхтаро амалӣ карданд, ки ҳатто шиносоӣ ва тафкики қарияҳои Кӯҳдоман аз дусаракаи Багром то Корези Мир душвор шуда буд.
Мустанадсозӣ ва ривоятпарозии ҷиноёти мутаҷовизин, мустанадсозии фидокориҳо ва қурбониҳои мардум ва низ колбудшикофии илалу далоили фурӯгузошти онҳо ниёзманди корҳои тахассусӣ ва мудовим мебошад.
Рӯҳи шуҳадои озодӣ шод бод ва муборизоне, ки дар ин ҷангҳои динӣ-меҳанӣ рашодат ва мардонагӣ нишон доданд, сарафроз ва сарбаланд бошанд!
Пайнавишт:
1 - Беш аз бист гурӯҳи террористӣ аз кишварҳои арабӣ, Осиёи Миёна, Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ, ҳамроҳ бо нерӯҳои низомии Покистон дар канори Толибон меҷангиданд, ки мадорик ва мустанадоти он мавҷуд аст.
2 - Агар дар зикри таъриху номи манотиқ иштибоҳе сурат гирифта бошад, аз дӯстони соҳиби салоҳият тақозо мешавад онро тасҳеҳ фармоянд.
3 - Аз он ҷо, ки аксарият васоити нақлия нерӯҳои муқовимат ба дохили Панҷшер мунтақил шуда буд ва роҳи вурудии Панҷшер низ инфиҷор дода шуда буд, ҳамлаи муҷаддад умдатан бо пойи пиёда ва бидуни васоит анҷом шуд. Ҳарчанд шуморе аз фармондеҳон аз васоити зиреҳии ғанимат гирифташудаи Толибон истифода карданд, аммо теъдодашон андак буд.
Паймудани масири даҳанаи Панҷшер то Қарабоғ, Багром ва манотиқи мушобеҳ дар гармои тобистон бо ҳамли силоҳу муҳиммот ва дар ҳолати набард бо душмани то дандон мусаллаҳ, кори бисёр душворе буд, ки тавассути мардуми шуҷоъ анҷом шуд.
4 - Гуфта мешавад, ки шумори талафоти ҷонии Толибон ва ҳамдастони онҳо ба ҳудуди се ҳазор кушта расида буд. Тасовири видеоӣ аз асирони хориҷӣ дар миёни Толибон вуҷуд дорад, ки дар гузоришҳои мустанадсозон низ мунташир шудааст.