Хабари рӯз

Манбаъ: Хабаргузории Муқовимат

Ин таваззуҳиёт ва изҳорот, бахше аз суханронии Аҳмадшоҳ Масъуд аст, ки дар мизони соли 1371 хуршедӣ ба қумандонон, уламои динӣ, мутанаффизин ва бархе масъулони давлатии вилояти Парвону Кописо ироа кардааст.

 

ҶАНГИ ҲИКМАТЁР

«... Дар Кобул ҷанг сурат гирифт, ки набояд сурат мегирифт. Режим таслим шуда буд, ҳукумати муҷоҳидинро, ки раҳбарон дар Пешовар сохтанд, пазируфта буд ва ҳозир ба таҳвилдиҳии қудрат шуд ва дигар зарурате ба ҷанг набуд. Ба ҳар тартиб, ҷанг омад ва ин ҷанг асароти зиёде ба вуҷуд оварду меоварад.

 Набояд тасаввур ин тавр бошад, ки Ҳикматёр соҳиб ҳамла кард, дар баробараш дифоъ сурат гирифт, ҷанг ҳамон ҷо хотима пайдо кард. Ҷанге, ки дар Кобул шуда дар ҳамин маҳдуда ва ин чавкот маҳдуд намешавад, балки асароти манфии ин ҷанг чӣ имрӯзу чӣ фардо гиребонгири ин миллат аст.

Бубинед, замоне, ки ҷанг сурат гирифт ва камарбанди амниятии Кобул дарҳам шикаста шуд, ба ҳазорон тан аз муҷоҳидин бо силоҳи худ бидуни назму тартиб дохили Кобул шуданд. Дар паҳлуи ин, ҳазорон нафар дар худи Кобул, ки аслан шинохташуда набуданд, мусаллаҳ шуданд. Депоҳо ҳама ба чаповул рафт ва ҳазорон нафар дар Кобул мусаллаҳ шуданд. Дар ҷамъияте, ки дар Кобул мусаллаҳ шуд ва назар ба эҳсоияе, ки баъдтар пайдо кардам, беш аз се ҳазор нафар ҷинояткор, дузд ва сориқ, ки дар режими собиқ маҳбус буданд, озод мешаванд. Тақрибан аксарияти инҳо мусаллаҳ мешаванд ва мусаллаҳ шуданашон ин натиҷаро дошт, ки як дафъа шаҳри Кобул аз контроли ҳама хориҷ шавад ва ҳеҷ кас нафаҳмад, ки дар пойтахт чӣ сурат гирифтааст ва ҳама чиз барҳам бихӯрад ва ҳама плони ҳукумат аз байн биравад.

Вазорати дифоъ ҷуз ном дигар чизе надошт, чаро, ки ҳама силоҳу ҳама муҳиммот ба сирқат рафта ва ҳама тороҷ шуда буд. Силоҳи давлат ва вазорати дифоъ дар дасти мардуми мухталиф қарор гирифта буд. Фирқаҳо вуҷуд надошт, қувои амниятӣ ба номи сорандуй ё пулис дигар вуҷуд надошт. Қазо вуҷуд надошт, тиҷорату амният вуҷуд надошт, вазорати зироат, молия ва куллан ҳукумат мунҳадим шуд.

Имрӯз агар шумо бихоҳед вазорати дохилаатонро фаъол кунед, танҳо сохтанаш як миллиард афғонӣ зарурат дорад, ки тармим шавад. Ҳоле, ки Инҷинер соҳиб (Аҳмадшоҳ Аҳмадзай, ки вазири дохилаи ҳукумати муҷоҳидин таъйин шуда буд) мехост, корро шурӯъ кунад, на дафтар буд, на девон, на савобиқ ва на дусия. Ҳеҷ чизе вуҷуд надошт.

Вазорати дохила то ба ҳоло ҳеҷ намедонад, ки гузашта дар ин ватан чӣ буда ва ин дафтару девон танҳо дафтару девони ин нест, ки танҳо аз ҳукумати собиқ буда бошад. Ин қавола ва ин асноди ин дафтару девони як мамлакате аст, ки аз кадом замон омада, ором-ором тарокум карда буд, то ин ҷо ҳама якҷой аз байн рафта ва ҳоло ҳама дар як хало қарор дорад.

Ба ҳамин тартиб, дар қисматҳои мухталиф, ки шумо мебинед, хисороти молӣ, мушкилоти идорӣ, барҳам хӯрдани низомро ва ҳама ва аз ҳама карда мусаллаҳ шудани афрод, ки чӣ қадар мушкилот эҷод кардааст.

Ҳоло контроли афроди мусаллаҳ дар Кобул як ғами бузург аст. Ҳар рӯз мешунавед, ки дар Кобул беамниятӣ аст, сирқат аст, ихтитофи инсонҳо ва чиву чӣ. Ин ҳама ва ҳама зодаи ҳамин ҷанг ва бақоёи ҳамон ҷанги Ҳикматёр соҳиб аст. На танҳо дар Кобул, балки дар тамоми Афғонистон вазъ мушобеҳ буд. То он замон фирқаи Гардез суқут накарда буд, Ҷалолобод суқут накарда буд,  Қандаҳор суқут накарда буд, ҳама яке ба тартиби дигар суқут кард ва натиҷа чӣ шуд?

 

ИНФИҶОРИ ТОНКУ ТАЙЁРА ВА ФУРӮШИ ОН БА ПОКИСТОН

Ман як мисоли одӣ барои шумо бигӯям, дар ҳамон замоне, ки ман иттилоотро аз вазорати дифоъ ба даст овардам, пеш аз суқути режим дар Афғонистон ду ҳазору панҷсад чин тонк вуҷуд дошт. Танҳо аз нуқтаи назари низомӣ фикр кунед ду ҳазору панҷсад чин тонк, ки агар шумо тонкҳои Покистонро бо тонкҳои Эрон ҷамъ кунед ду ҳазору панҷсадро пура намекунад. Ин сармояи ҳамин миллат буд ва ба хуни миллат ба даст омада буд.

Имрӯз натиҷа чист? Покистониҳо, ки манофеии милли худро мебинанд, барои ин, ки мошини ҷангии ману ту, яъне Афғонистонро барҳам зада бошанд, эълом мекунанд, ҳар, ки мотор ё мошину тонкро меоварад, ман ин қадр пайса (пул) медиҳам, ҳар кас ин қадар сер (ченаки вазн) оҳанро меоварад, ман барояш ин қадар пул медиҳам.

Яке аз ошноҳои мо гуфт, ман дар Пактиё будам, шаб чандин инфиҷорро шунидам. Пурсон кардам, ки ин инфиҷорҳо чист, ҳамин ҷо ҳоло, ки на ҷанг аст ва на дигар гап, боз ҷанг шурӯъ нашуда бошад. Гуфтанд, на инҳо динамит ҳаст, ки тонкҳоро мепаронанд, тӯпҳоро мепаронанд (мунфаҷир ва порча-порча мекунанд), оҳанашро ба Покистон мефурӯшанд. Ба ҷуръат гуфта метавонам ҳамон силоҳҳое, ки дар Афғонистон буд, шумо сӣ дарсади онро ба фоидаи худ, яъне ба даромади ин кишвар ба даст оварда наметавонед. Чизе, ки ҳам боқӣ монда, ҳамин чанд фирқа аст, ки дар дасти мову шумо ҳаст, дигар ҳама фурӯхта ва аз байн рафтааст.

Ҳоло бубинед шумо, ки хисораи ҷонӣ то чӣ ҳад шуд, обрӯрезие, ки ба мусулмонон шуд, обрӯрезие, ки ба ҷиҳод шуд, мушкилоти идории имрӯзу фардо, мушкилоти амниятӣ дар дохили Кобул, зоеоти молӣ ҳама ва ҳама зодаи ҷанги Ҳикматёр аст. Баҳонааш ҳам ин буд, ки ҳукумати Ҳазрат соҳиб исломӣ нест ва мегуфт, ки ману халқиҳо ва бақоёи ҳукумати Наҷиб ҳукумати исломӣ месозем. Боз ҳам мегӯем, қазоват ба даст мардум, ки чӣ мегӯянд.

 

ҲУКУМАТИ СИБҒАТУЛЛО МУҶАДДАДӢ

Дар иртибот ба ҳукумати худи Ҳазрат соҳиб мухтасар сӯҳбат кунам, ки эътирозоте дар қисмати ҳукумати эшон вуҷуд дорад, чӣ қадар кор кард, чӣ қадар кор накард. Бетарафона қазоват кунем. Ҳазрат соҳиб дар замоне қудратро дар даст гирифт, ки ин бо давраҳои пештар, ки таҳаввул дар Афғонистон ба вуҷуд омада буд, комилан фарқ дошт.

Агар Довудхон кудато карда, як қумандони сипоҳи Зоҳирхон дур шуда ва боқии низомӣ бар ҳол буда, аскар дар ҷояш, фирқаҳо дар ҷояш, дафтару девон дар ҷояш, банк дар ҷояш буд. Омаданд қудратро гирифтанд ва ҳукумат идома дорад. Агар баъдтар коммунистҳо ҳам кудето кардаанд, ҳама чизро аз пеши Довудхон солим гирифтанд.

Магар бубинед, таҳаввуле, ки баъд омада инро фикр кунед, ки баъд аз чаҳордаҳ соли инқилоб аст, ки ин ҳукумат ба вуҷуд меояд ва боз ҳам дар охирин лаҳза, ки ин таҳаввул ба шакли мусоламатомезаш меомад, мутаассифона, ҷанг шуд ва ҳама чиз барҳам хӯрд. Рӯзҳои аввале, ки мо ба Кобул рафта будем, касе намефаҳмид, ки нал (кран)-ҳое, ки барои мардум об биоварад, чӣ тавр оварда шавад? Кӣ масъул аст? Ҳама пароканда шуда буданд, ҷанг буд ва режим якбора дар хок афтода буд. Пас дигар чизе вуҷуд надошт, ҳама чизро бояд аз нав таъсис мекардем ва ин гапи осоне нест ва набояд ҳама таваққӯъро мардум аз ҳукумати думоҳаи Ҳазрат соҳиб медошт, ки ҳама чизро вай дар зарфи ду моҳ тартибу танзим кунад.

Дар паҳлуи ин, ки мо мушкиле дар худи Кобул доштем, чӣ аз тарафи афроди мусаллаҳи гурӯҳҳои мутааллиқ ба урдуи собиқа ва чӣ аз лиҳози мардуме, ки мусаллаҳ шуда буданд, мушкили дигар, мушкили худи аҳзоб буд. Касе мункир шуда наметавонад, ки як воқеият аст имрӯз дар Афғонистон, ки каму зиёд ин масоили миллӣ, масоили забонӣ матраҳ аст. Аҳзоби омада ва мусаллаҳшуда ҳар як гӯша аз Кобулро ба даст гирифтааст. Ҳизби ваҳдат ду вазоратхонаро гирифта ва даҳ раёсатро, намефаҳмам, ҳизби фулон фулона ҷойро гирифтааст, фулон ҳизб Континентал ҳутелро гирифтааст.

Ҳар қисмати Кобул дар дасти як гуруҳ аст, як гуруҳи шинохташуда ва як гуруҳи комилан ношинохта, як дафъа пешаш бирав, бигӯ, ту кистӣ? Мегӯяд, Ҳизби ваҳдат, бори дувум намояндаи Ҳизби ваҳдатро биовар мегӯяд, ман мутааллиқ ба ту нестам, мутааллиқ ба Ҳизби ҳаракат ҳастам, дигарбора намояндаи Ҳаракатро биовар, мегӯяд, ман марбут ба Фирқаи 53 ҳастам ва мумкин набуд, дар он шароит, ки бо ҳама якбор бархӯрд сурат бигирад. Ҳам ҷанг дар камарбанди Кобул буду андохти ракет ва ҳам дар дохил мо ҷӯр намеомадем. Ба ин шакл, як ҷанги дувум дар ҳоли шаклгирӣ буд. Маҷбур файсала ба ин буд, ҳама қазияро аз тариқи мусолиҳа, аз тариқи музокира ва аз тариқи муколама ҳал намоем. На, ки ҷанги дувумро бо аҳзоб шурӯъ кунем.

Шурӯъ кардем ба кор ва аввалин масъала дар даврони Ҳазрат соҳиб боз ҳам масоили амниятӣ буд, ки аввал амниятро чӣ тавр таъмин кунем? Хуб аст, ки ман шуморо дар ҷараёни мушкилот қарор бидиҳам, боз худатон гуфтед, ки мушкилот чӣ қадар аст.

Аз тамоми аҳзоб комиссия сохта шуд. Масъалаи камарбанд куллан ба дӯши мо, ин аҳзоб ба он ҳеҷ кор надоранд. Дар қисмати дохили шаҳр баъд аз сӯҳбати зиёд ба ин файсала расидем: Кобул, ки ба ҳавзаҳои мухталиф тақсим буд, тақсим шавад ва ба ҳар ҳизб ва ё танзим ду ҳавза дода шавад. Ҷо дорад, ки як танзим амнияти ду ҳавзаро бигирад. Тамоми вазоратхонаҳое, ки аст, ба ҳамон аҳзоб, ки вазоратхона дода шуда, ин вазоратхонаҳо ба онҳо сипурда шавад. Худаш бифаҳмад ва ҳифозаташ.

Баъдҳо шумо бубинед, ки мушкил аз куҷо шурӯъ мешавад? Файсала шуд, ки вазоратхонаҳо тахлия шавад. Меоем ба афроди мусаллаҳ мегӯем, ки фулон вазоратро тахлия кунед, Ҳизби ваҳдат мегӯяд, ки ман тахлия намекунам. Мепурсем, чаро ту вазоратхонаро тахлия намекунӣ? Мегӯяд, мушкил асосии ман ҳанӯз боқӣ мондааст. Ба ман дар Шӯрои ҷиҳодӣ чанд чавкӣ медиҳед? Дар вазоратхонаҳо чанд вазорат медиҳед то, ки ин гапҳо ҳал нашавад, тахлия намекунам.

Гоҳе, ки як масъул ҳизб ва танзим меравад, то аз афроди мусаллаҳи танзими худ бихоҳад, ки вазоратхонаро тарк кунад, он ҷо, ки масъул меравад, қумандон ҷавобаш медиҳад, ки ман туро ҳеҷ намешиносам, ту кистӣ, ки тарафи ман омадӣ? Шумо яқин кунед, ки аз раҳбарон ба қумандонон хат (нома) овардем, қабул накарданд. Маҷбур бояд биҷангем, дигар роҳе вуҷуд надорад. Ин вазоратро тахлия кунед, вазири омада марбут ба созмон, ҳизб ва танзими ту нест, ҳаминро тахлия кунед, қабул намешавад.

Шумо бовар кунед, ки вазирро аз танзим ва ҳизби худаш ба вазоратхона бурдем, ки ҳамин вазири ҳизб ва танзими худат аст, иҷоза бидеҳ, ки дохил шавад. Ҷавобаш ин буда, ки ман аз таъйини ин вазир хабар надоштам. Мегӯяд, инро, масалан, устод Сайёф таъйин карда, ҳамроҳи ман машвара накарда ва ман намегузорам, ки дохил биёяд.

Дар ҳоле, ки бор-бор файсала шуд, ки аз ҳамин ҷо тамоми афроди мусаллаҳ хориҷ шаванд, замоне, ки меравем ҳамроҳи намояндагони аҳзоб, ки афроди мусаллаҳ берун шаванд, намояндаи ҳамон ҳизбе, ки нафараш ҳамон ҷо аст фирор мекунад ва як ҳолате расид, ки напурс. Ҳоло дар баробар ин вазъ дар Кобул чӣ кунем?


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!