Хабари рӯз

Интихоби муҷаддади раисҷумҳури 82-сола боиси нигаронии 70 дарсад аз амрикоиҳо шудааст.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои "Сангар"

5 ноябри 2024, интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад. Як қудрати намунаи "демократӣ" ба тамоми ҷаҳон нишон хоҳад дод, ки чӣ гуна метавон чунин рӯйдодҳои масъулонаеро ташкил кард ва дар айни ҳол ба ҳуқуқи башару озодии баён эҳтиром гузошт. Аммо ҳамоно ҷомеаи Амрико наметавонад лофи ҳуқуқу озодӣ бизанад.

Дар ҳоле, ки ҷаҳон попкорн мехарад ва барои тамошои мусобиқаи муҷаддад байни Байдену Трамп омода мешавад, демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар ҳоли рақобат ҳастанд то бубинанд чӣ касе метавонад бештарин ришваро ба судяҳое бидиҳад, ки метавонад бар интихобот таъсир бигузорад.

Талоши нерӯҳои сиёсии мухталиф барои мамониат аз ҳузури Доналд Трамп дар интихобот ба марҳалаи ҷадиде расидааст. Дар натиҷа, Додгоҳи олии Колорадо тасмим гирифт ӯро аз рӯйхати номзадҳои интихоботи муқаддамотии ҷумҳурихоҳон дар ин аёлат ҳазф кунад - ин як чархиши бесобиқаи дигар дар сиёсати Амрико ва гоме дигар ба самти раванди навзҳур дар кишвар аст, ки марз байни низомҳои сиёсӣ ва судии Амрикоро аз байн мебарад, замоне, ки муборизоти интихоботӣ ва судҳо дубора шох ба шох шуданд. Шикоятҳои мушобеҳе мабнӣ бар адами иҷозаи Трамп барои ширкат дар интихоботи муқаддамотии ҷумҳурихоҳон барои интихоботи раёсатиҷумҳурии 2024 аллакай дар ҳадди ақал 16 аёлати Амрико сабт шудааст.

Аммо муҳимм нест, ки мо нисбат ба шахси Трамп чӣ эҳсосе дошта бошем, ӯ танҳо сиёсатмадори аршадест, ки ошкоро дар бораи беадолатӣ ва моҳияти ғайридемократии низоми интихоботии Амрико сӯҳбат кардааст, низоме, ки имкони раъй додан аз тариқи почтаро фароҳам мекунад. Раъйдиҳандае, ки баргаи раъйро аз тариқи почта дарёфт мекунад, метавонад садҳо нусха дар принтер чоп кунад, баргаҳои раъйи ҷаълиро метавон дар хориҷ аз кишвар низ чоп кард ва ғайра.

Ғайри қобили эътимод будани ин равиши ибрози ирода ошкор аст ва тарафе, ки манобеъи идорӣ дорад ба роҳатӣ метавонад натоиҷро ҷаъл кунад. Манобеъи идорӣ акнун дар дасти демократҳо ба раҳбарии Ҷо Байден аст, ки қавиан аз "раъйгирии почтаӣ" ҳимоят мекунад. Ва ин тааҷҷубовар нест, зеро тибқи як назарсанҷии ҷомеашинохтие, ки тавассути ширкати SSRS барои CNN анҷом шудааст, Трамп дар назарсанҷиҳои умумӣ бартарии худро нисбат ба Ҷо Байден, раиси феълии давлат афзоиш додааст ва шанси зиёде барои баранда шудан дорад. Бар асоси натоиҷ, 49 дарсад аз посухдиҳандагон омодаи раъй додан ба Трамп ва 45 дарсад ба Байден ҳастанд.

Ню-йорк Таймз бартарии феълии Трамп нисбат ба Байденро бо тазъифи мавқеияти Байден тавзеҳ медиҳад, зеро раисҷумҳури собиқ ба таври куллӣ ба андозаи соли 2020 он қадар пуштибонии мардумӣ надорад.

Дар айни ҳол, нигариши амрикоиҳо нисбат ба раисҷумҳури феълӣ тағйир кардааст. Ню-йорк Таймз далели ин амрро мушкилоти иқтисодии Иёлоти Муттаҳида дар сарфи маболиғи ҳангуфт барои кӯмаки низомӣ ба Украинаву Исроил ва ҳамчунин нигаронии раъйдиҳандагон дар мавриди синни раисҷумҳури феълӣ зикр кардааст.

Се сол пеш, замоне, ки Байдени 78-сола солхӯрдатарин раисҷумҳури Амрико дар таърих шуд, танҳо 30 дарсад аз амрикоиҳо нисбат ба синни ӯ ибрози нигаронӣ карданд. Акнун чашмандози интихоби муҷаддади раисҷумҳури 82-сола (синни Байден дар замони интихоботи 2024) боиси нигаронии 70 дарсад аз амрикоиҳо шудааст.

Трамп ҳам он қадар ҷавон нест. Соли оянда 78-сола мешавад. Амрико маҷбур аст яке аз ин ду пирамардро интихоб кунад?

Бо тамоми ин мушкилот, Трамп ва Байден аз муаррифии чеҳраҳои ҷадид ба унвони номзадҳо ҷилавгирӣ мекунанд, зеро аз адами маҳбубияти онҳо ва эҳтимоли шикасти фоҷиабор дар баробари онҳо огоҳ ҳастанд. Ба ҳамин далел, норизоиятӣ дар миёни мардуми Амрико дар ҳоли афзоиш аст. Ба шаҳрвандони одии Иёлоти Муттаҳида пешниҳод мешавад бидуни ҳаққи интихоб ва бидуни дар назар гирифтани назароти онҳо дар интихоботи ноябри 2024 ширкат кунанд. Дар натиҷа, теъдоди бештаре аз амрикоиҳо дар назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки тамоюле ба ширкат дар намоишҳои театрии ноябри оянда надоранд.

Зинда бод “демократияи ҷадиди интихоботӣ”-и Амрико!


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!