Ин сарзамин ҷавлонгоҳи дасисаҳо, таҳаррукот ва ҷосусиҳои геополитикии Бозии Бузурги Русия ва Бритониё буд ва дар даврони муосир на танҳо барои Покистон, балки барои Чин низ як кобуси амниятӣ аст.
Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, муҳаққиқ ва таҳлилгари масоили минтақаӣ ва Покистон, узви Шӯрои машваратии ”Сангар”
Дар акс: Нақшаи минтақаи Кашмир, ки Гилгит-Болтистонро нишон медиҳад.
Гилгит-Болтистон шимолитарин бахши идории Покистон аст, ки ба таври ғайрирасмӣ дар ин ҷо ба унвони “Манотиқи Шимолӣ” шинохта мешавад. Номи расмии он нисбатан мубҳам аст: аз назари вусъат ва андоза бо як вилоят баробар аст, аммо амдан фоқиди бархе аз вежагиҳои як вилояти таърифшуда дар асосномаи Покистон аст. Ҳангоме, ки аз коршиносони Қонуни Асосии Покистон хоста шуд то ин мавзӯъро равшан кунанд, онҳо ба ихтилофот бар сари муноқишаи арзии Кашмир бо Ҳинд ишора карданд, ки то Гилгит-Болтистон имтидод дорад. Муоҳидоти байналмилалӣ аз Гилгит-Болтистон ба унвони бахше аз Кашмир ёд мекунанд, ки ба маънои таърихии ахир ва ҳамчунин ба маънои омми қавмӣ, ҳамон тур, ки дар идома ба он хоҳем пардохт, сидқ мекунад. Бо ин ҳол, ҳушдорҳое дар мавриди ин мавзӯъ вуҷуд дорад.
Аз назари ҷуғрофиёӣ, Гилгит-Болтистон минтақае дар ҷанубу шарқи Осиёи Марказӣ аст, ки байни Ҳиндукуш, Қароқурум ва гиреҳи Ҳимолой, дар ҷануби массиви Помир воқеъ шудааст. Ин минтақаи кӯҳистонӣ ва дурафтода аст, ки бисёре аз баландтарин қулаҳои ҷаҳон дар он қарор доранд. Дар шимолу ғарби он Бадахшон ва дар шимолу шарқи он Кошғар аст. Дар ғарб, шоҳигарии дардии Читрол (акнун ноҳияе дар Покистон) қарор дорад ва дар шарқ, қаламрави Кашмири таҳти контроли Ҳинду Покистони ва пас аз он Тибет қарор дорад. Дар ҷануб, сарзаминҳои Иёлати Хайбар Пахтунхвоҳи Покистон қарор дорад, ки акнун вилояти “паштунӣ”-и ин кишвар ба шумор меравад. Ин манотиқ аз Дир ва Свот ташкил шудааст, ки аз назари таърихӣ сарзамини тоҷикӣ буда, аммо 500 сол пеш бо кӯмаки Темуриёни муҳоҷими таҳти фармони Бобур ба тасарруфи қабоили паштун-афғони саробонӣ даромад.
Аз назари таърихӣ, минтақае, ки акнун Гилгит-Болтистон номида мешавад, таркибе пур ҳарҷу марҷ аз шоҳигариҳо буд, ки тавассути бисёре аз “мириҳо” ва шоҳони кӯчак идора мешуд. Ҳунзо ва Нигар бузургтарини ин аёлатҳо ҳастанд. Дар авоили қуруни вусто, гуктуркҳо, Тонги Чин ва Тибет нақши муҳим ва собите дар контроли минтақа ва низ ҳокимони маҳаллии эронӣ дар шимолу ғарб доштанд. Баъдҳо, дар даврони ислом, теъдоди зиёде аз аёлтаҳои кӯчак дар минтақа озодона ба ҳокимони тоҷик вобаста буданд, монанди Свотии ҳамсоя ва хонадони Шоҳ Раис дар Бадахшон, ки бисёре мӯътақид буданд, ки муттаҳид ё таҳтулҳимояи Свотӣ буданд. Ислом умдатан тавассути пири маъруфи Свотӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба ин ҷо оварда шуд. Нуфузи тоҷикҳо бо омадани Темуриён ба поён расид, ки умуман аз ин минтақа ғафлат карданд. Дар худи Кашмир, шохаи Шоҳмир аз тоҷикҳои свотӣ аввалин сулолаи мусулмон буданд (1339-1561).
Қаламрави Гилгит-Болтистон дар соли 1839, замоне, ки Кашмир тавассути императории Сикхи Панҷоб фатҳ шуд, ба бахши сиёсие аз Кашмир табдил шуд. Зӯровор Синг, як генерал сикх, ки зери назари маҳороҷа Гулоб Синг кор мекард - шоҳзодае, ки муттаҳиди шоҳи сик маҳороҷа Ранҷит Синг буд - Гилгит-Болтистонро тасарруф ва онро ба қаламрав Кашмир замима кард, ки ҳоким сикх Ранҷит ба унвони як подшоҳи сикх ба Гулоб Синг дод. Пас аз шикаст сикхҳо ҷойи худро ба ҳокимони императории Бритониё доданд, ки то соли 1947 ҳамон сохтори сиёсии маҳаллиро ҳифз карданд, то замоне, ки Ҳинди Бритониё мустақил ва ба ду давлат - Ҳинд ва Покистон тақсим шуд.
Дар Гилгит-Болтистон гурӯҳи қавмии дарӣ аксариятро ташкил мекунад. Ин севумин шоха аз дастаи ҳиндуэронӣ аст, ки ҳиндуориёӣ ба ҳисоб меравад. Дардиҳо ба қабоили бузургу кӯчаки мутааддиде, аз ҷумла кашмириҳо, читролиҳо (ҳо), гилгитиҳо (шино) тақсим мешаванд, дар ҳоле, ки бисёре аз қабоилу забонҳои кӯчак тикка-тикка шуда, мардумони бумӣ аз дастаи дардӣ вуҷуд доранд, ки таҳт номи қавми умуми “кӯҳистонӣ” дар Покистон ба онҳо ишора мешавад. Гилгит-Болтистон илова бар дардиҳо, маҳалли зиндагии тоҷикҳои Помир аз даста вахӣ низ мебошад, ки дар ноҳияҳои Ёсин, Ишкумон ва Гуҷоли вилояти Ҳунза зиндагӣ мекунанд. Ба забонҳои дигаре низ дар инҷо сӯҳбат мешавад, ба вежа болтӣ, ки тибетӣ ва бурушоскӣ аст, забоне асроромези бостонӣ ва “забон мунзавӣ”-и бидуни ҳеҷ иртиботи қавмии дигар. Таркиби қавмии бақияи қаламрав муташаккил аз паштунҳо/паштуҳо, гуҷорҳо, қабоили кӯчаки дардӣ (кӯҳистониҳо) ва бархе аз муҳоҷирони кашмирӣ аст.
Дар даврони ҳукумати Бритониё (1846-1947), Гилгит-Болтистон ба далели иртибот бо Ҳинд ва наздикӣ ба императориҳои Русияву Чин, яке аз нигарониҳои аслии мудирони императорӣ буд. Ин минтақаи васеъ ва ноҳамвори бисёр печида буд, ки инглисҳо наметавонистанд мустақиман онро контрол кунанд, бинобарин ба далели роҳатӣ онро ба сикхи Дугаро Раҷа, зердасте, ки онро аз тарафи императории Сикх идора мекард, вогузор карданд. Ӯ муттаҳиди Инглис шуд, ки намояндаи расмии худро мансуб кард, ки "агенти сиёсӣ" ё "резидент" дар Кашмир барои назорат, ҳидоят ва контроли фаъолиятҳои фармонравои дугаро Маҳороҷа низ номида мешуд. Дар натиҷа, дар замони ҳукумати Бритониё, Гилгит-Болтистон расман бо истилоҳи амдан мубҳами “Агентии Гилгит” номида мешуд. Агентии Гилгит конуни дасисаҳои геополитикӣ, таҳаррукот ва ҷосусии марбут ба Бозии Бузург байни Русия ва Бритониё буд.
Бо ин ҳол, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки агарчи Гилгит-Болтистон дар тамом асноду забонҳои байнулмилалӣ ба унвони бахше аз Кашмир тавсиф шудааст, аммо дар сатҳи умумӣ, гилгитиҳо, болтҳо ва дигар дардҳои минтақа худро бо вуҷуди қавмияти дардӣ, мутамоиз аз кашмириҳо медонанд. Умумияте, ки ҳамаи онҳоро муттаҳид мекунад.
Дар даврони Покистон, Агентии Гилгит (, ки дар соли 2009 ба Гилгит-Болтистон тағйири ном дод) ба ифои нақши асосан геостратегӣ барои давлати мустаъмараи навини ронтии Покистон идома дод: аввал, дар нақши қадимии худ ба унвонии посгоҳи ғарбӣ дар остонаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар Покистон; ва сониян ба унвони пули заминии мустақими ҷуғрофиёии Покистон ба ҳомии дигари он, яъне Чин. Ҳамон гуна мубҳаму фаромӯшшуда ва ақибмонда ҳифз шудааст. Ҷудо аз аҳамияти стратегӣ, сарзамине ғанӣ аз манобеъи табиӣ, монанди ҷангалҳо, сангҳои қиматӣ ва маводи маъданӣ аст. Санъати гардишгарӣ акнун манбаъи аслии даромад аст ва Покистон низ аз захоири обии худ барои сохтани сарбанд, монанди Садди Диамербхош барои тавлиди барқ, контроли обхезиҳо ва таъмини оби обёрии дараи Синд истифода мекунад.
Ибҳоми ҳуқуқии аслӣ дар мавриди вазъияти Кашмир (ва билъакс Гилгит-Болтистон) ин аст, ки Кашмир як сарзамини мавриди муноқиша аст ва бинобарин бахше аз Покистон нест. Ин ба Покистон далеле медиҳад, ки тааҳҳудоти аслии худро дар қиболи Гилгит-Болтистон канор бигузорад.
Бо ин ҳол, вежагии аслии муҳим барои Покистону Чин имрӯз шоҳроҳи стратегӣ ба номи ҚҚШ (бузургроҳи Қароқурум) аст, ки Покистону Чинро аз тариқи Гилгит-Болтистон ба ҳам муттасил мекунад. Ин як шигифтии муҳандисии мунҳасир ба фард аст, ки дар авохири даҳаи 1970 тавассути Чин бо ҳазинаи зиёд ва ҷони коргарон сохта шуд.
Ҷомеаи Гилгит-Болтистон ҳамчунин дорои вежагии мазҳабии печидаест, ки нопойдор аст ва ба мавзӯъи нигаронии ҳамаи зинафъон, аз ҷумла барномарезони покистонӣ ва чинӣ табдил шудааст.
“Ҷиҳоди афғон”-и аввалияи СиАйЭй дар даҳаи 1980 аз низоъи шиаву суннӣ оғоз шуд, ки Покистон амдан барои ба даст овардани аҳруми суннӣ бар султаи 85 дарсадии шиаён ва исмоилиён доман зад. Фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бо ташдиди фаъолиятҳои бунёди исмоилии Оқохон дар қолаби зерсохтҳои ғайридавлатӣ ва барномаҳои тавсеаи иҷтимоӣ на танҳо дар минтақаи ҳамсояи Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, балки дар манотиқи ҳамсояву ақибмондаи Гилгит-Болтистон низ ҳамроҳ буд. Иҷрои муассир ва густурдаи ин тарҳҳо, ки аз сарвати ҳангуфте, ки дар се даҳаи гузашта дар ихтиёри Оқохон буд, на танҳо мунҷар ба ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шуд, балки пайравони ҷадид ва сипосгузори мазҳаби исмоилиро низ ба худ ҷазб кард. Ин амр мунҷар ба иттиҳомоте шудааст, ки имоми исмоилӣ мехоҳад як "Иморати исмоилии Помир"-ро дар минтақа эҷод кунад, ки муттаҳиди Ғарб бошад. Покистон дар қиболи ин масоил сукут мекунад, ҳарчанд, ки ҳеҷ гоҳ расман алайҳ исмоилиён сӯҳбат накардааст.
ДАР АКС: Нақшаи дигаре аз Кашмир ва Гилгит-Болтистон - барои муқоиса.
Гилгит-Болтистон мураттабан шоҳиди туғёни фирқагароии шиаву суннӣ аст, ки охирин бор дар августи имсол рух дод. Дар ин ҳодиса, омили ҷадиде падидор шуд - маҳбубияти Имронхон, раҳбари сарнагуншудаи Покистон - ҳамроҳ бо ихтилофоти маъмули шиаву суннӣ, ки ҳадафи он давлати феълии Исломобод буд. Фаъолиятҳои толибони покистонӣ (TTP) дар Гилгит-Болтистон ва вулусволии Читрол дар вилояти Хайбар Пахтунхвоҳ низ ташдид мешавад. Ақибмондагӣ, дурафтодагӣ ва фуқдони давлати коромад онро на танҳо барои амнияти Покистон, балки Чин низ ба як кобус табдил кардааст. Барои дувумӣ, сакуи парише барои терроризми исломӣ ва ҷудоиталаб алайҳи ҳукумат Чин дар Кошғар (Шинҷон) аст. Ин нуқтаи дастрасии барномарезишуда ба охирин тарҳи геостратегии Чин CPEC (Даҳлези иқтисодии Чину Покистон) аст. Бо ин ҳол, суқути ҳукумати Имронхони Покистон дар соли 2022 мунҷар ба кундии куллии проекти CPEC шуд, ки аз соли 2015 ба далели паёмадҳои нохоставу муҳити фосиди Покистон ва муқовимати дастгоҳи ҳокими тарафдори Ғарби он бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Ба ҳар ҳол, аҳамияти Гилгит-Болтистон барои нигарониҳои амнияти куллии Покистону Чин бо коҳиши шӯру шавқи покистониҳо барои CPEC кам намешавад. Гилгит-Болтистон як мушкили нохоста аст, ки Покистон - як ходими ғарбии ҳиндиюласл - мумкин аст дар ҳоли барномарезӣ барои халос шудан аз он бошад, ва дар ин замина чӣ роҳе беҳтар аз вогузории комил он ба Чин мебошад? Шоеъоти беш аз як даҳа аст, ки як воҳиди комил аз Артиши миллии озодибахши Чин дар ҳоли ҳозир дар Гилгит-Болтистон мустақар аст... Ва ин ки Покистон дар ҳоли баррасии "иҷора"-и Гилгит-Болтистон ба Чин барои як давраи панҷоҳсола аст. Вазъият акнун бисёр бадтар аз соли 2012 аст, ки ин шоеа мунташир шуд, зеро мавҷудияти Покистон ба далели пусидагии дохилии худ ба таври пайваста бадтар шуда ва ба суръат рӯ ба вахомат аст.