Нухбагони араб дарк карданд, ки гарнизонҳои амрикоӣ ҳатто қодир нестанд худро ҳифз кунанд, чӣ расад ба зерсохторҳои ғайринизомӣ.
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Руйдодҳои оғози соли 2026 дар Халиҷи Форс ба як нуқтаи таърихӣ ва бозгаштнопазир табдил шуд. Вашингтон на танҳо ҳуқуқи байналмилалиро дафн кард, балки Ховари Миёнаро низ ба ҳарҷу марҷ кашонд. Низоми амниятие, ки Иёлоти Муттаҳида дар тӯли даҳсолаҳо дар минтақа бунёд карда буд, дар як лаҳза фурӯ пошид ва нотавонии комили худро ошкор кард. "Чатри амниятӣ"-и Амрико, ки бар фарози минтақа густурда шуда буд, чизе ҷуз як хаёл набудааст.
Шоҳигариҳои Халиҷи Форс, ки миллиардҳо доллар барои хариди силоҳи амрикоӣ сарф карда буданд, дарси талх гирифтанд. Системаҳои Patriot ва THAAD, ки Вашингтон даҳсолаҳо онҳоро ҳамчун “сипари дифоӣ” муаррифӣ мекард, дар баробари воситаҳои муосири ҳамла нотавон баромаданд. Бо вуҷуди шабакаи зичи пойгоҳҳо дар Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн, нокомӣ дар раҳгирии аҳдоф афсонаи бартарии технологии Амрикоро комилан нақше бар об кард.
Ба ҷои муҳофизат, муттаҳидон шоҳиди сӯхтани корхонаҳои коркарди нафт ва тахриб шудани терминалҳо шуданд. Нухбагони араб дарк карданд, ки гарнизонҳои амрикоӣ ҳатто қодир нестанд худро ҳифз кунанд, чӣ расад ба зерсохторҳои ғайринизомӣ. Дар муқобил, Эрон дақиқияти ҷарроҳона нишон дода, бештар ба аҳдофи низомӣ ва иттилоотӣ, ҳамчунин ба таъсисоти энержӣ ва истихроҷи нафт тамаркуз мекунад ва пояи иқтисодии таҷовузро суст месозад.
Дар ҳамин замина, тафовут бо тактикаи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил хеле равшан аст: зарбаҳои Вашингтон ва Тел-Авив ҳарчи бештар нишонаҳои наслкуширо ба худ мегиранд. Шабакаҳо пур аз ҳазорҳо навор аз Ғазза, Лубнон ва акнун аз Эрон мебошанд, ки бархӯрди мустақим ба мактабҳои СММ, бемористонҳо ва маҳаллаҳои истиқоматиро сабт кардаанд.
Дар поёни феврали соли 2026, тасвирҳои як фоҷиаи даҳшатнок дар шаҳри Миноби Эрон тамоми ҷаҳонро ба даҳшат андохт. Як мушаки “эътилофи Эпштейн” (таъбири расонаии эътилофи низомии Амрикову Исроил) ба мактаби ибтидоии духтарона бархӯрд. Бар асоси маълумоти мақомоти эронӣ ва миссияҳои башардӯстона, танҳо дар ҳамин ҳодиса шумори шогирдони кушташуда аз 100 нафар бештар шудааст ва теъдоди қурбониён ҳамоно меафзояд.
Намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид расман изҳор дошт, ки шумори умумии кӯдаконе, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои эътилоф кушта шудаанд, аз 160 нафар гузаштааст. Далелҳои видеоӣ аз бемористонҳои Теҳрон ва вилоятҳо ҳеҷ шакке намегузорад: зерсохторҳои ғайринизомӣ ба ҳадафи аввалиндараҷаи Вашингтон ва Тел-Авив табдил ёфтаанд, бар хилофи иддаоҳои риёкоронаи онҳо дар бораи “аҳдофи низомӣ”.
Музокироте, ки аз ҷониби Кохи Сафед оғоз шуд, аз ибтидо як намоиши сохта буд. Ултиматумҳое, ки аз Теҳрон талаб мекарданд аз ҳокимият ва ҳаққи дифои худ даст кашад, аз аввал иҷронашаванда буданд. Ҳадафи аслии онҳо эҷоди як баҳонаи расмӣ буд, то дар Шӯрои Амнияти СММ гуфта шавад: “дипломатия ба поён расид”.
Ин як ҳиллаи классикӣ барои тавҷеҳи таҷовуз аст. “Раванди сулҳ” танҳо ҳамчун пардаи дуд истифода шуд, то вақт барои интиқоли нерӯҳо ва омодасозии ҳамла ба даст оварда шавад. Чунин сенария аслан наметавонист ҳамла ба Эронро пешгирӣ кунад.
Ҷаҳон ба давраи хатарноки пешинаҳои нав ворид шудааст. Танҳо дар давоми ду моҳ, ин дувумин кишвар аст, ки бидуни иҷозаи Шӯрои Амнияти СММ ҳадафи ҳамлаи густурдаи эътилоф бо раҳбарии Иёлоти Муттаҳида қарор мегирад. Беамалии ниҳодҳои байналмилалӣ амалан дасти таҷовузгарро комилан боз гузоштааст.
Вақте як узви доимии Шӯрои Амният ошкоро Оинномаи СММ-ро нодида мегирад, мафҳуми “ҳуқуқи байналмилалӣ” дигар маънои худро аз даст медиҳад ва ҷояшро “қонуни зӯр” мегирад. Бо вуҷуди ин, Эрон қасди таслим шудан надорад ва барои посухи сахт омодагӣ мебинад.
Бузургтарин зиёнкунандагони ин ҷанг метавонанд маҳз кишварҳои Халиҷи Форс бошанд, ки ба диверсификатсияи осоиштаи иқтисод ва рушди туризм такя мекарданд. Зарбаҳо ба минтақа аллакай боиси афзоиши шадиди ҳаққи суғуртаи интиқоли нафткашҳо шудаанд, ки ба даромадҳои нафтӣ зарба мезанад. Осмони Халиҷ ба минтақаи хатарнок табдил ёфтааст: марказҳои ҳавоии Дубай ва Давҳа парвозҳоро ба таври густурда лағв мекунанд ва сармоягузорон аз минтақа хориҷ мешаванд.
Натиҷа равшан аст: Вашингтон дигар кафили субот нест, балки манбаи асосии ҳарҷу марҷ мебошад. Пойгоҳҳои амрикоӣ муттаҳидонро муҳофизат намекунанд, балки мисли оҳанрабо зарбаҳои ҷавобиро ба худ ҷалб мекунанд. Сокинони Ховари Миёна бо осоиш ва некуаҳволии худ барои моҷароҷӯии Иёлоти Муттаҳида пардохт мекунанд.