Хабари рӯз

Чӣ гуна Эрон ривоятҳои мавҷудро тағйир дод?

Нависанда: Шералӣ Ризоиён, номзади улуми сиёсӣ (Тоҷикистон)

Дар авҷи ҷанг арзёбии рафту натиҷаҳои он кори сангин аст, чун ҷонибҳо аз ҳамаи абзорҳои мавҷуд барои дурустии роҳкори худ, дастёбӣ ба пирӯзиҳои бузург ва шикастҳои сахти рақиб корбурд мекунанд. Паҳно ва дараҷаи ҷанги расонаӣ аз вазъи воқеии майдони набард камӣ надорад ва ба эҳтимоли қавӣ аз он ҳам густурдатар аст. Дар ин се рӯзи ҷанг ривоятҳои воқеию хаёлӣ ва росту дуруғи зиёде аз ҷониби ҳам нухбагон ва ҳам расонаҳо эҷод шуд, ки “ҷудо кардани мӯй аз хамир”-ро кори мушкил мегардонад. Аз ин рӯ, дар ин навишта мекӯшем баъзе хулосаҳои пешакиро шиносоӣ кунем.

Якум, ривоятсозии нави Эрон. Бо вуҷуди мушакборони шадиди қаламрав, кушта шудани роҳбар Алӣ Хоманаӣ, нухбагони баландпояи низомӣ, мардуми мулкию кӯдакон ва умуман шикастҳои ҷуброннопазир – Эрон пирӯзи бебаҳси се рӯзи аввали ин ҷанг мебошад. Эрон тавонист тамоми пешбиниҳои таҳлилӣ ва барномарезиҳои роҳбурдии пешазҷангиро бишканад, ташаббусро ба даст гирад ва хати машйи набардро мувофиқи сенарияи худ роҳандозӣ кунад. Бузургтарин дастовард ва ҷиддитарин паёмад ривоятсозиҳои имрӯзии Эрон аст, ки шаклгирию бандубасти онро ҳоло мебинем. Чун марги Алӣ Хоманаӣ ва нухбагони баландпояи низомӣ чизеро дар Эрон тағйир надод ва роҳандозии муқовимат бо роҳе рафт, ки дар ин кишвар гӯё чизе нашуд. Онҳое, ки пиндошти хаёлӣ аз Эрон доштанд ё доранд – зери таъсири ривоятҳои ғарбмеҳваранд (асосгузарони чунин дидгоҳ таърихнигорони Юнони Қадим буданд, ки қасди шикастҳои бузурги кишвару шаҳр-кишварҳои худро аз ҳахоманишиҳо ва паҳлавиҳо дар китобҳои навиштаашон гирифтанд) ва ё ба филми ҳоливудии “300 испортӣ” бовар карданд. Эрон бо ривоятсозии нави худ нишон дод, ки кишвари қабилаӣ нест, балки як тамаддуни собит мебошад. Ҳар касе дар садри ин кишвар аст, хоҳ динӣ ё даҳрӣ бошад, суннат ва рукнҳои кишвардории эрониро риоя мекунад.

Дуюм, фурӯпошии шинохту таҳлилҳои пешгом. То оғози ҷанг чашмдошт ин буда, ки бо роҳандозии ҳамлаҳои ҳавоии пирӯзиовар, куштани нухбагони сиёсию низомӣ ва харобсозии зерсохтҳои дафтардорию мудирияти низомӣ – мардум ва фармонравоёни эронӣ сардаргум мешаванд ва рӯй ба гурез меоранд. Инҷо улгуи обшустаи таблиғотии “худамон сохтем, худамон паҳну пахш намудем ва худамон ба он бовар кардем” кор кард. Яъне солҳои сол дар бораи ҷанги эҳтимолӣ бо Эрон, роҳкори эҳтимолии кудратҳои дигари бузургу миёна, кишварҳои ҳаммарз ва худи эрониҳо барномарезиҳо сурат мегирифт. Дар тасвирҳои таҳлилӣ вазъе офарида мешуд, ки гӯё бозигарони калидӣ ва эрониҳо ин гуна амал мекунанд. Вазъи имрӯзӣ берун аз тасвирҳои пешакии таҳлилӣ ҷараён дорад, ки шояд пешбинӣ мешуд, вале ба ин гуна сенария таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекарданд. Аз ин рӯ, мо шоҳиди фурӯрезии таҳлилҳои пешгом ҳам дар бораи сиёсати ҷаҳонӣ, ҳам роҳкори кишварҳои Ховари Миёна ва ҳам худи эрониҳо ҳастем. Чӣ чашмдоште дар дурнамои наздик мавҷуд аст, касе намедонад, вале дақиқ аст, ки фаргашти бузурге дар шинохту таҳлилҳо дар бораи Ховари Миёна ба миён меояд.

Сеюм, дигаргунии низоми амнияти минтақаӣ дар Ховари Миёна. Ҳамлаҳои неруҳои Амрико ва Исроил, ҳамчунин ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ба зерсохтҳои амрикоии низомию роҳбурдӣ дар кишварҳои арабӣ боис ба тағйири усулии шинохти низоми амнияти минтақаӣ дар Ховари Миёна гардид. Дар рӯзи якуми ҷанг фарзия ин буд, ки пойгоҳу серсохтҳои низомии Амрико дигар на ба унвони сарчашмаи суботу амнияти кишвари мизбон, балки сарчашмаи таҳдиди вуҷудӣ барои онҳо мебошанд. Рафти ҷанг дар се рӯзи аввал дурустии ин фарзияро ба таври таҷрибӣ ба намоиш гузошт. Эрон ҳамлаҳо ба зерсохтҳои низомию роҳбурдиро дар кишварҳои дастёри таҷовузгарон ҳадафи қонунии мушакҳояш таъриф кард, нобудсозии онҳоро ба таври густарда ва ғайри қобили чашмдошт анҷом дод. Дар натиҷа, осебҳои равонию тасвирӣ ба кишварҳои арабӣ расонида шуд, ки ба ростӣ онҳо арзандаи чунин муносибат набуданд ва нестанд. Новобаста аз натиҷаи ин ҷанг, низоми амнияти минтақаӣ дар Ховари Миёна, ки дар се даҳаи охир шакл гирифта буд, дигар моли таърих шуд. Ба эҳтимоли қавӣ, ҳам Эрон, ҳам Исроил, ҳам кишварҳои арабӣ ва ҳам қудратҳои ворид ба равандҳои Ховари Миёна роҳбурдҳои худро барои таъмини амнияти миллӣ ва минтақаӣ дигар хоҳанд кард. Чӣ чашмдоште дар ин соҳа ҷаҳон ва минтақаро мунтазир аст, ҳатто тахмин карданаш мушкил мебошад.

Чорум, гуногунии воқеиятҳо: аз тасвири ғарбӣ то чигунагии эронӣ. Дар пасманзари набардҳои ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ дар гӯшаҳои гуногуни Ховари Миёна шаклдиҳии воқеиятҳои гуногун ба назар мерасанд. Унсури муҳими он пирӯз донистани як тараф ва вожгунгардида шиносоӣ кардани ҷониби дигар мебошад. Дар ҳолати идомаи ҷанг тасдиқи дурустии гуфтори ҳарду ҷониб мушкил аст, чун барои ҳақ нишон додани худ аз изҳорот то матну тасвиру наворҳоро корбурд доранд. Аз миёни ҳамаи ин “чангу партобҳои расонаӣ” маълум кардани воқеияти зинда кори сангин аст ва чунин ба назар мерасад, ки ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳои набард ба паҳну пахши рӯйдоди асл манфиатдор нестанд. Аз “ҷанги воқеиятҳо” маълум мегардад, ки ҳарду ҷониб зарарҳои ҷиддиро ба якдигар расониданд. Дар гуфтору ривоятсозиҳои пешин дар ҳолати сар задани ҷанг – Амрикою Исроилро пешгом ва Эронро думболрав мепиндоштанд. Ҳоло дар тасвирҳои мавҷуд Эрон ба думболраву Амрикою Исроил ба пешгом монанд нестанд, чун дар баробари сонсури давраи ҷанг хабару гузоришҳое ба фазои расонаӣ роҳ меёбанд, ки баръакси шинохтҳои пешин ҳастанд. Аз ин рӯ, мувофиқи ҳикмати румӣ “ҳақиқат дар миёни ин ду нуҳуфта аст” нигаристан ба вазъи мавҷуд аҳамияти бештар дорад. Агар чунин пиндорем, дар шакгдиҳии воқеияти ҷанг Эрон пирӯз аст, чун кореро анҷом дод ва медиҳад, ки сарфи назар кардани он бо паҳну пахши аксу наворҳои гуногун дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дигар имкон надорад.

Панҷум, “ҷанги равонӣ” ба ҷонибдории тарафҳои набард. Вижагиҳои ҳамаи ҷангҳои се даҳаи охир ҷанги равонӣ барои ба даст овардани ҷонибдорон будааст. Дар ин се рӯзи ҷанг мо шоҳиди дигаргунии мавқеъ ва роҳкори кишварҳои гуногун будем. Бузургтарин имтиҳон барои Эрон ҳамин се рӯзи аввали ҷанг буд, ки сарбаландона бо таърихсозӣ паси сар кард. Чун дар рӯзи аввал кишварҳои зиёде чунин мепиндоштанд, ки кори Эрон тамом асту ин сарзамин дар арафаи фурӯпошист. Ҳоло марраи дигари ҷанги равонӣ – чӣ гуна ҷараён ёфтани ҳафтаи аввали ҷанг аст. Агар Эрон ин марзро ҳам убур кунад, қудратҳои гуногун пас аз дидани тавонмандиҳои ҷонибҳо ба ёрӣ ва ё ба садгузорӣ мешитобанд. Чӣ чашмдоште дар ояндаи наздик Эронро мунтазир аст, пешбинӣ кардан кори мушкил мебошад.

Акси садо дар Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нахустин кишваре буд, ки дар сатҳи раисҷумҳур ба роҳбарият ва мардуми Эрон барои кушта шудани Алӣ Хоманаӣ ҳамдардӣ кард. Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар изҳороти худ аз вазъ дар Ховари Миёна нигаронӣ намуд ва ҷонибҳоро ба хештандорию ҳалли мушкил бо роҳи гуфтушунид даъват кард.

Қазоқистон нахуст ҳамовозии худро ба кишварҳои арабӣ изҳор намуд ва омодагиро барои расонидани ҳама гуна ёриҳо изҳор кард. Сипас дар сатҳи сухангӯ ба мардуми Эрон тасаллият гуфт.

Ӯзбекистон дар аввал бо роҳи Қазоқистон рафт ва вазири корҳои хориҷиаш бо ҳамтоёни арабии худ гуфтугуҳои телефонӣ дошту ҳамовозии кишварашро баён кард. Сипас дар сатҳи раисҷумҳур ба Эрон барои кушта шудани роҳбар Алӣ Хоманаӣ тасаллият гуфт.

Қирғизистону Туркманистон дар ин мавзуъ сукути роҳбурдиро риоя доранд, вале дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ аз вазъи Ховари Миёна нигаронӣ намуда, ҷонибҳои даргирро ба хештандорӣ ва ҳалли дипломатии мушкил даъват карданд.

Тағйири мавқеи Қазоқистон ва то ҷойе Ӯзбекистон ба панҷ нуктаи боло пайванд дорад ва натиҷаи дигаргунии шинохти вазъ дар Ховари Миёна ва мақоми минтақаии Эрон мебошад.

Новобаста аз натиҷаҳои ин ҷанг як чиз маълум аст, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ паёмадҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷорӣ, транзитию ҳамлунақлӣ ва геополитикӣ хоҳад дошт. Ҳоло андешидан дар бораи ин паёмадҳо каме барвақт аст, чун бо назардошти рафти амалиёти ҷангӣ ва мавқегирии ҷонибҳои даргир гуногун буда метавонад.

Ва ҳоло ҳам мегӯем:

Поянда бод Эрон ва бихушкад дасти аҳриманон!


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!