Хабари рӯз

Чӣ касе Аврупоро нобуд мекунад?

Навиcандагон: Исроил Шомир ва Мария Пумие

Тарҳҳои азими “устодони гуфтор”-и мо алайҳи кишварҳои ғарбӣ

Напурсед занг барои кӣ ба садо медарояд — барои мо ба садо медарояд. Ҷанги Эрон ва ҷанге, ки пеш аз он дар Украина рух дод, ба ҷангҳое алайҳи Аврупо табдил шуданд. Ин ҳақиқати талх акнун дар тамоми зиштии худ ошкор мешавад. Тамаддуни мо бар сӯхт ва энержии нисбатан арзон ва дастрас устувор буд, аммо акнун онҳоро аз зери пои мо берун кашидаанд. Қимати нафт, газ, бензин ва сӯхти дизел афзоиш меёбад ва моро ҳар рӯз фақиртар мекунад. Ин раванд қадам ба қадам анҷом шуд.

Аввал дастрасӣ ба нафту гази Русия, ки арзон ва фаровон буд, қатъ шуд. Сипас дар марҳилаи баъдӣ, пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва иқдомҳои муқобили он, дастрасӣ ба нафт ва гази халиҷи Форс низ қатъ шуд. Дар натиҷаи ин рӯйдодҳо, қимати маводи ғизоии мо низ афзоиш меёбад. Доруҳо, нуриҳои минералӣ ва маводи сунъӣ низ аз ҳамин раванд пайравӣ мекунанд. Онҳо ё нопадид мешаванд ё гаронтар.

Мо ҳатто наметавонем амрикоиҳоро сарзаниш кунем. Онҳо ба Трамп раъй доданд, зеро ӯ ваъдаи сулҳ дода буд; онҳо ба “Аввал Амрико” раъй доданд, аммо он чи гирифтанд, ҷанги нав барои Исроил буд — дуруст мисли давраи Буш. Ва ин ба ҷанге алайҳи Аврупо анҷомид. Қариб ҳамаи роҳбарони аврупоӣ алайҳи мардуми Аврупо амал карданд, зеро аз ҷангҳо ва таҳримҳои ҳамроҳи онҳо пуштибонӣ карданд.

Чӣ Ҳизби коргар дар Бритониё бошад ё муҳофизакор, чӣ чап дар Олмон ё Фаронса бошад ё рост, ҳамаи онҳо бояд ҷанги Украина ва дар ниҳоят ҷанги Пуримро тасдиқ кунанд. Дар саросари Аврупо, ба аҳзобе, ки мухолифи ҷанг ҳастанд, иҷозати расидан ба қудрат дода намешавад. “Бонуи оҳанин”, Урсула фон дер Ляйен, раиси интихобнашудаи Комиссияи Аврупо, қораи кӯҳанро мисли маликае аз замонҳои бостон идора мекунад. Ҳайбати малика Мария Антуанетта хеле камтар аз ӯ буд.

Бузургтарин ҳизби Олмон, AfD, сарфи назар аз раъйи мардум, иҷозати расидан ба қудратро надорад. Дар Руминия, номзади пирӯзи интихоботи президентӣ барканор шуд. Дар Фаронса, ба Марин Ле Пен иҷозаи ширкат дар интихобот дода нашуд. Дар Инглис, ягона сиёсатмадори барҷастаи тарафдори сулҳ, Ҷереми Корбин, бо иттиҳоми яҳудситезӣ аз қудрат канор гузошта шуд ва ба ҷои ӯ Стармер омад.

Урсула ба беҳбудии аврупоиҳо аҳамият намедиҳад — ӯ комилан дар фикри осеб расондан ба Русия аст. Саноати Аврупо дар ин раванд осеб дидааст, аммо барои ӯ муҳим нест, агар ин вазъ ба Русия зарба занад. Тамоми манобеи молии таҳти назорати ӯ ба ҷанги Украина равона мешавад.

Аврупоиҳо дар остонаи як буҳрони бузург қарор доранд: фурӯпошии саноат ва камбуди гармидиҳӣ. Ва ин натиҷаи иқдомҳои Урсула ва тими ӯст. Қарорҳои нодурусти роҳбарон моро ба лаби фоҷиа расонидааст. Ҷанги Пурим ин вазъиятро шадидтар кардааст. Урсула нафти Русияро манъ кард, Трамп гази Русияро. Эрони мавриди ҳамла тангаи Ҳурмузро баст. Ин амр аврупоиҳоро фақиртар кардааст, ҳатто дар ҳоле ки ҷанг нав оғоз шудааст.

Гарчанде аврупоиҳо наметавонанд Трампро барканор кунанд, аммо метавонанд императрисаи интихобнашудаи худро ҳамроҳ бо Кая Калласи аҳмақ ба хона фиристанд.

Ҷанги Украина боиси афзоиши норозигӣ аз тарҳҳои харобиовари Брюссел шудааст

Замони он расидааст, ки масири сиёсие, ки аз ҷониби бюрократияи Брюссел амалӣ мешавад, ба таври куллӣ тағйир дода шавад ва вазифаи аввалиндараҷа эҳёи ҷунбиши сулҳ аст — ҷунбише, ки дар замони ҷанги Ветнам хеле барҷаста буд ва имрӯз сахт камбуди он эҳсос мешавад. Ҳар касе, ки даъвати сулҳ кунад, фавран ҳамчун “омили Путин” тамға зада ва дар расонаҳои тарафдори ҷанг бадном карда мешавад.

Аврупоиҳо инро дар гузашта таҷриба кардаанд. Дар қарни шонздаҳум, ин қора дар сояи амиқи хонадони Ҳабсбург қарор дошт, аз Испания то Австрия, дар ҳоле ки калисои католик ҳамчун абзоре дар хизмати ҷаҳонигароён амал мекард. Шарл ду Костер дар бораи он давра дар асари худ “Уленшпигел” навишта буд. Дар он замон, тарафдорони истиқлоли шимоли Аврупоро “омилони султон (-и Туркия” меномиданд; ба ҷои баҳс, шӯришиён парчамеро бо ҳилоли моҳ ва шиори “туркҳо беҳтар аз попистҳо” барафроштанд. Онҳо худро “гадоён” меномиданд (ба ҳолландӣ Geuzen, ба фаронсавӣ Les Gueux).

Шояд акнун замони он расида бошад, ки ин ном дубора зинда ва гуфта шавад: “Путин беҳтар аз Урсула”. Ва номи “гадоён” барои шӯришиёни имрӯза низ муносиб аст, зеро ин гароиш ба ҷангҳо ногузир ҳамаи моро фақир хоҳад кард, агар то кунун чунин нашуда бошад.

Дар Аврупо чунин ҷунбишҳо вуҷуд доранд, аммо онҳо ҳанӯз дар ҷустуҷӯи номе барои худ ҳастанд. “Ҷалиқаҳои зард” дар Фаронса худро “Les Gueux”, яъне “гадоён” меномиданд, аммо мо бояд номи тозае барои ҳамаи аврупоиён пайдо кунем — касоне, ки бо таърихи муштарак, решаҳои қавмии муштарак, фарҳанги муштарак ва дини масеҳии муштарак ба ҳам пайванд доранд.

Баъзеҳо қарор додаанд номи MEGA-ро интихоб кунанд — Make Europe Great Again. Дар ҳоле ки созандагони MAGA дар Иёлоти Муттаҳида ин номро бадном карданд, дар Аврупо ҷунбиши наве бо шиори MEGA пайдо шудааст, ки тағйири ин масирро эълон кардааст. Ҳадафи онҳо бозгардонидани ҳокимияти миллӣ, рад кардани сиёсати “марзҳои боз”, ки ангезаи идеологӣ дорад, ва ҳамчунин канор гузоштани рӯзномаи “дурустгӯии сиёсӣ” ва “вокизм (бедорӣ)” аст — ва муҳимтар аз ҳама, пойбанд мондан ба сулҳ.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!