Чӣ гуна қудрат ва ҷомеа аз “вилоят” ба “амнияти тамаддунӣ” мегузарад?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Агар нигоҳи худ ба таҳаввулоти ахир дар Эронро аз лояҳои хабарӣ ва анбӯҳи гузоришҳои пароканда ва мутаноқиз фаротар бибарем, бояд бипазирем, ки дар кишвар ҳамзамон як инқилоби иҷтимоӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст. Ин инқилоб нишонаҳое аз як гузори амиқ дар мантиқи дарунии қудратро бозтоб медиҳад, ки танҳо бо мафоҳими классики улуми сиёсии ғарбӣ қобили тавзеҳ нест, балки бояд онро дар пайванд бо тадовуми таърихии ҷомеаи эронӣ фаҳмид, ки дигаргуниро мепазирад, аммо на ба қимати гусаст аз ҳувият ва ҳофизаи тамаддунии хеш.
Дар ин чорчӯб, он чӣ дар ҳоли вуқӯъ аст, интиқоли сода аз “ҳокимияти динӣ” ба “ҳокимияти низомӣ” нест, балки навъе бозороии дарунии қудрат аст, ки дар он, аносири динӣ, амниятӣ ва таърихӣ дар ҳоли таърифи муҷаддади нисбатҳои хеш бо якдигаранд.
Агар дар улгӯи нахуст пас аз 1979, рӯҳоният ба унвони ҳомили аслии машрӯъият ва маъно дар маркази қудрат қарор дошт ва ниҳодҳои низомӣ дар ҳошия ва дар хидмати он таъриф мешуданд, акнун навъе ҷобаҷоии маркази сиқлро метавон дид, ки қудратро ба сӯи лояҳое ҳаракат медиҳад, ки бештар аз ҳар чиз бар асли бақо, амният ва мудирияти буҳрон такя дорад.
Ин ҷобаҷоӣ, на гусасти комил, балки навъе тадовум дар қолаби ҷадид аст, ки решаҳои онро метавон ҳам дар таҷрибаи Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳам дар суннати дерпои ҳукмронии эронӣ дар дарознои таърих ҷустуҷӯ кард.
Ба пиндори ман ин як гаштор аст, ки онро дар се сатҳ матраҳ мекунам:
— Нахуст, САТҲИ РАҲБАРӢ: он чӣ дар сатҳи раҳбарии Эрон рух дода, танҳо гузори қудрат аз як фард ба як ҷамъ нест, балки навъе бозгашти огоҳона ба улгӯи дерпои ҳукмронии эронӣ мебошад. Раҳбарии ҷамъӣ, ки пас аз ҳазфи ногаҳонии раъси қудрат шакл гирифт ва ба хало мунҷар нашуд ва нишон дод, ки сохтори сиёсии Эрон ҳамчунон зарфияти бозтавлиди худро дар қолабҳое фаротар аз моделҳои модерн дорад — чунин дигаргаштро на амрикоиҳо ва на исроилиҳо наметавонистанд бибинанд!
Ин улгӯро метавон дар суннати Эрони таърихӣ радгирӣ кард, ки дар давраҳои гуногун, бавежа дар авохири сосонӣ, навъе тавозун миёни шоҳ, нухбагони девонӣ ва неруҳои низомӣ вуҷуд дошт ва тасмимгирӣ, ҳосили таъомули ин лояҳо буд, на иродаи мутлақи фарди шоҳ. Баъдтар низ талошҳое аз ҷумла тавассути Низомулмулк сурат гирифт, ки суннати гузаштаро дар ҷиҳати тафкики нисбии ҳавзаи девонӣ-сиёсӣ аз иқтидори динӣ ва тақвияти ақлонияти идорӣ, ба ҳайси бозороии суннати қадим бозтавлид кунад.
Дар вазъияти кунунӣ, раҳбарии ҷамъӣ бештар аз он ки як “ҳайати амниятӣ” бошад, нишонаи навъе чархиш ба самти улгӯи таърихии мудирияти чандлояи қудрат аст, ки дар он, раҳбар ҳамчунон ба унвони намоди ваҳдат ҳифз мешавад, аммо тасмимгирӣ дар шабакае аз нерӯҳои муассир тавзеъ мегардад. Ин таҳаввулро метавон поёни амалии тамаркузи харизматикии рӯҳоният ва оғози навъе ҳукмронии шабакавӣ бо решаҳои таърихии эронӣ донист.
Дуввум, САТҲИ ИДЕОЛОГӢ: он чӣ ба унвони “натсионализм” дар Эрон дар ҳоли зуҳур аст, агар ба дурустӣ фаҳм нашавад, метавонад ба хато ба маънои як ҳувияти баста ва хунин таъбир гардад. Дар ҳоле ки дар бистари Эрон, ин мафҳум бештар ба як огоҳии фарҳангӣ-тамаддунӣ аст, ки реша дар тадовуми таърихии ҷаҳони эронӣ дорад, на дар тамойизи нажодӣ — шак нест, ки ориёизадагии асри шоҳ ҳанӯз дар даруни иддае аз эрониён зинда аст ва ҳамон боис мешавад, ки натсионализми этникии озарӣ, курдӣ, хузистонӣ ё балучиро сабаб шавад, аммо он чӣ аз поин ба боло дар ҳоли шаклгирӣ аст, баръакс баргашт ба гузаштаи таърихии муштарак аст.
Дар ин маъно ва бар ин асос, Эрон на як миллате бар сохтаи модерн, балки навъе ваҳдати таърихии ақвом дар қолаби як уфуқи тамаддунии муштарак аст, чизе, ки метавон онро бо хонише фалсафӣ, наздик ба идеяи “ваҳдат дар касрат” донист; ҷое, ки ақвоми мухталиф, дар тӯли замон, дар даруни як куллияти сиёсӣ-фарҳангӣ бо ҳам зистаанд.
Дар ин чорчӯб, дигаргашти идеологии кунуниро бояд на ҳазфи дин, балки ҷобаҷоии маркази сиқл маъно кард. Дин ҳамчунон ҳузури зинда дорад, аммо дигар ягона манбаи таърифи ҳувият нест. Дар канори он, навъе худогоҳии таърихӣ-эронии фаъол шудааст, ки “бақо”, “истиқлол” ва “тадовуми тамаддунӣ”-ро ба меҳвари машрӯъият табдил мекунад.
Дар натиҷа, ҳавзаҳои динӣ аз мавқеияти инҳисории худ фосила гирифта ва дар дили як манзумаи густардатар қарор мегиранд, ки дар он, давлат ба унвони ҳомили тадовуми тамаддун ва на иҷрокунандаи як идеологияи хос таъриф мешавад. Ин ҳамон нуқтаест, ки дар он, идеология аз сурати динӣ ба сурати як таркиби тамаддунӣ-сиёсӣ тағйири шакл медиҳад.
Севвум, ДАР САТҲИ ИҶТИМОӢ: бар хилофи бисёре аз моделҳои классики улуми иҷтимоӣ, ки фурӯпошии машрӯъияти сиёсиро ба суръат ба фурӯпошии иҷтимоӣ пайванд мезананд, таҷрибаи Эрон нишон медиҳад, ки ҷомеа метавонад дар айни норизоятӣ, нақши “нигаҳдорандаи назм”-ро низ ифо кунад. Ин носозаи “paradox” аз даруни як вижагии хос бармехезад ва он иборат аз тадовуми огоҳии таърихӣ-тамаддунӣ аст, ки бақо ва ҳувиятро бар дигаргуниҳои лаҳзаӣ бартарӣ медиҳад.
Дар ин чорчӯб, тобоварӣ дар баробари фишори хориҷӣ — аз ҷанг то таҳрим — танҳо маҳсули саркӯб ё таблиғот нест, балки бахше аз як ҳофизаи таърихии тӯлонӣ дар муқобила бо таҳдиди берунӣ мебошад. Ин ҳамон ҷоест, ки дар он хонишҳое наздик ба идеяи “Эроншаҳрӣ” (дар маънои тадовуми давлат — тамаддун) аҳамият пайдо мекунад, яъне ҷомеа, ҳатто дар шароити буҳрон, тамоюл дорад тағйирро дарунӣ ва худбунёд нигоҳ дорад ва дар баробари берунсупории он муқовимат кунад.
Аммо ин ҷо як нуктаи зариф вуҷуд дорад, ки набояд нодида гирифта шавад: ҳамин ҷомеае, ки метавонад дар баробари фишори хориҷӣ “муқовим” бошад, ба гунаи илзомӣ дар баробари сохтори дохилӣ “мунфаъил” боқӣ намемонад. Ба баёни дигар, тобоварӣ дар баробари берун, метавонад ҳамзамон бо майл ба дигаргунӣ дар дарун ҳамзист бошад ва ин ба дурустӣ ҳамон бистари шаклгирии "инқилоби дувум” аст.
Бинобар ин, агар таҳлилгарони содаангор интизор доштанд, ки фишори хориҷӣ мунҷар ба фурӯпошии фаврии низом мешавад, аммо таҷрибаи Эрон нишон дод, ки чунин фишор ҳатто метавонад ба бозфаъол шудани инсиҷоми миллӣ биянҷомад. Аммо ин инсҷом, ба маънои ризояти пойдор нест; балки бештар шабеҳи як “таълиқи таоруз” дар баробари таҳдиди муштарак аст. Мардум ба ҳокимон фурсат медиҳанд, ки ба хостҳои онҳо тамкин кунанд!
Дар натиҷа, иштибоҳи аслии баъзе таҳлилҳо ин нест, ки нақши мардумро нодида гирифтаанд, балки ин аст, ки дугонагии нодурусте миёни “муқовимат” ва “тағйир” сохтаанд. Дар ҳоле ки дар Эрон, ин ду метавонанд ҳамзамон дар канори ҳам вуҷуд дошта бошанд:
- муқовимат дар баробари салтаи хориҷӣ
- ва тамоюл ба бозтаърифи назми сиёсии дохилӣ.
“Инқилоби дувум”, оғозшуда аз даймоҳ (ҷадӣ), на маҳсули мудохилаи хориҷӣ ва на натиҷаи фурӯпошӣ аз боло; балки ҳосили таниши дарунӣ миёни як сохтори гузашта ва ҷомеае пешрав ба оянда аст, ки мехоҳад дигаргуниро дар чорчӯби ҳувияти таърихии худ, аммо ба сурати мустақил, пеш бибарад — ба иборати дигар, на назарияи “фурӯпошӣ аз берун” кофӣ аст, ва на ривояти “суботи мутлақ аз дарун”.
Воқеияти Эрон, дар ҷое миёни ин ду ва дар диалектикаи мондагорӣ ва дигаргунӣ қарор дорад!