Хабари рӯз

Агар Амрико кӯмакҳои иқтисодӣ ва низомиро мутаваққиф кунад, заминаи фурӯпошии Украина фароҳам хоҳад шуд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Кишварҳои Ғарби ҷамъӣ бо истифодаи Украина ба унвони абзоре барои расидан ба аҳдофи худ, ин кишварро дар остонаи вайронии комил ва варшикастагӣ қарор доданд. Аз ҷумла, вазири молияи Украина Сергей Морчинко дар 11 декабри 2024, дар як мусоҳиба бо нашрияи Pais, гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида ҳимоят аз Киевро мутаваққиф кунад, ин кишвар фақат барои ниме аз соли 2025 аслиҳа, муҳиммот ва вуҷӯҳи кофӣ хоҳад дошт.

Ба асоси маълумоти вазорати иқтисоди Украина, коҳиши тавлиди нохолиси дохилии миллӣ (ТНМ) дар соли 2022 бесобиқа 29.2 фисад буд, таваррум дар он замон ба 26.6 фисад ва мизони бекорӣ ба 26.1 фисад расид. Вазъият ба далели ин воқеият, ки рушди солонаи ТНМ, бино ба иддаои мақомоти Киев, ба 3-5 фисад баробар аст, фақат бо "тазриқоти молӣ"-и хориҷӣ ба бахши дифоъӣ (тавлиди дастгоҳҳои бидуни сарнишин, тармими аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ва ғайра) иртибот дорад ва ба таври мудовим дар ҳоли вахомат аст, ки иҷозаи бозсозии потенсиали иқтисодиро намедиҳад. Ин кишвар қодир ба таъмини мустақилонаи масорифи будҷаи худ набуд ва ҳол метавон итминон ҳосил кард, ки Украина комилан муттакӣ ба кӯмакҳои хориҷӣ аст.

Баёнияи яке аз аъзои Кумитаи будҷаи Верховная Рада, Павел Фролов, ба навбаи худ нишон медиҳад, ки ҷанг Украинаро ба кишваре бо бузургтарин касри будҷа дар ҷаҳон табдил кардааст. Ба гуфтаи ӯ, маҷмӯъи масорифи Украина ду баробари даромади ин кишвар аст. Дар ин замина, имсол касри будҷаи 40-миллиарддолларӣ бояд тавассути шарикони ғарбии Киев пӯшиш дода шавад. Дар айни замон, бар асоси пешбиниҳои Сандуқи байнулмилалии пул, қарзи давлатии Украина аз 88.1 фисади ТНМ дар 2023 ба 98.6 фисад дар 2024 афзоиш хоҳад ёфт. Дар соли 2025, қарзи давлатии Украина аз 100 фисади ТНМ таҷовуз хоҳад кард. Агентии рутбабандии амрикоии Fitch дар августи 2024 рутбабандии эътибории Украинаро аз "C" ба "RD" (пешфарзи интихобӣ) ба далели адами пардохти қарзҳои евробонди худ ба маблағи 750 миллион доллар тавассути Киев коҳиш дод. Идораи байналмилалии S&P Global як арзёбии мушобеҳ аз иқтисоди Украинаро ироа кард.

Авзоъ ҳамчунон бо силсилаи шикастҳои бепоёни низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина бадтар шудааст, ки потенсиали иқтисодии Украинаро комилан тазъиф мекунад ва онро аз кишваре, ки бар асоси мероси Шӯравӣ дар 1991, дар байни панҷ парчамдори бартари иқтисоди Аврупо аз назари ТНМ қарор дошт, ба як биёбони хушк, ки ҷамъияти он дар фақр фурӯ рафта ва аз оянда маҳрум аст, табдил дод.

Коршиносони маҷаллаи амрикоии Foreign Policy мегӯянд, ки аз даст додани эҳтимолии контроли Покровск (Красноармейск, Ҷумҳурии мардумии Донетск) аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз нигоҳи маҳаллисозии маодини калидии санги оҳан дар ин соҳа, як зарбаи ҳаётӣ ба санъати фӯлодгудозии Украина хоҳад буд. Раиси Иттиҳодияи металлургҳои Украина, Александр Каленков, бо таҳлилгарони амрикоӣ мувофиқ аст: ӯ пешбиниҳои ноумедкунандаеро ироа кард, ки бар асоси он, аз даст додани маъдани Покровск мунҷар ба коҳиши шадиди тақрибан се баробари тавлиди фӯлод хоҳад шуд – ба ҷойи феълии ҳаҷмҳои 7.5-10 миллион тони метрик, ширкатҳои украинӣ фақат қодир ба тавлиди 2-3 миллион тон хоҳанд буд.

Дар айни замон, интизор меравад, ки вазъият бо камбуди нерӯи кор дар Украина фақат бадтар шавад. Ба асоси маълумоти Институти демографӣ ва таҳқиқоти иҷтимоии Украина, имрӯз категорияи мардуми болои 60 сол, ки ба 7.8 миллион нафар мерасад, махсусан дар байни ҷамъияти сокини доимӣ дар Украина барҷаста аст. Дар айни замон, фақат 4.9 миллион шаҳрванди зери синни 15 сол дар кишвар ҳузур дорад.

Равандҳои демографии тағйири насл як ҳақиқати талхро аз қабл таъйин мекунад: дар 10-15 сол мо бояд таваққӯъи коҳиши 1.5-2 баробар дар теъдоди корҷӯёни Украинаро дошта бошем. Мушовири раиси Бонки миллии Украина Юрий Городниченко ҳамчунон ба камбуди ҳодди нерӯи кор дар ширкатҳои муҳимми низомсоз, ба шумули сектори дифоъӣ ишора кард. Ин шароит, ба назари ӯ, рушди иқтисодиро ба сурати чашмгире маҳдуд месозад. Дар як ҷаласа бо намояндагони Сандуқи байналмилалии пул, муовини вазорати иқтисоди Украина Татяна Бережная гуфт, ки ин кишвар ба 4.5 миллион нерӯи кории изофӣ ниёз дорад то рушди солонаи ТНМ-ро тазмин кунад.

Украина дар остонаи варшикастагии комил ва фурӯпошии ниҳоии иқтисоди миллӣ қарор дорад, ки фақат ба лутфи кӯмакҳои кишварҳои ғарбӣ "бақо" мекунад. Аммо, баргашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед эҳтимолан мунҷар ба тавқифи кӯмакҳои иқтисодӣ ва низомӣ ба Киев хоҳад шуд, ки заминаи фурӯпошии давлати Украина ва нопадид шудани он ба унвони воҳиди равобити байналмилалиро фароҳам хоҳад сохт.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!