Хабари рӯз

Таҳаввулоти ахир дар Кобул чӣ паём доранд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Чаро ба сенарияҳои ихтилофоти муҳандисишуда дар миёни Толибон, амдан доман зада мешавад? Ҳатман, чизҳое зери пӯсти ҳаводис дар ҷараён аст, ки заминаро барои таҳаввули кайфиву камӣ дар даруни иморати толибонӣ, фароҳам хоҳад сохт. Теорияи инҳирофи зеҳниятҳо аз масири аслии таҳлили таҳаввулот ва воқеоти сиёсӣ дар Афғонистон рангу бӯи дигаре ба худ мегирад.

ISI (Истихбороти байнихадамотии Покистон) бо ҳушмандии тамом тасомими қудратҳои дахил дар бозии ошӯб дар Афғонистонро дар мавриди ояндаи ин кишвар, бо як рӯйкарди фаъол, таъқиб мекунад. Ин созмони иттилоотӣ бо кишварҳои зиддахл дар қазияи Афғонистон ҳам минтақа ва ҳам фароминтақа таомули фаъол дорад. Пешниҳод медиҳад ва саҳм касб мекунад. Дидор бо мухолифони кохнишини Толибон дар Туркия, ки аз лиҳози сиёсӣ ақим шумурда мешаванд, талош барои эҷоди сенарияҳои кудатоӣ дар Кобул таҳаррукоти созмондеҳишуда аз ҷониби афроди фирории Толибон дар берун барои эҷоди як минбари интиқодӣ ҳама дар як масир қобили таҳлиланд.

Фирори Стонакзай, муовини сиёсии вазири хориҷаи Толибон, интиқоди муллоҳои Кобул, ки дар баробари тасомими Ҳайбатуллоҳ аз Қандаҳор вокуниш медиҳанд, гиристани Абдулманнон Умарӣ барои вазъияти баду нохушоянди таҳсили занон дар Афғонистон, хабарҳои даргирӣ миёни шохаҳои мухталифи Толибон, ҳама бар мабнои як вокуниши фароминтақа дар баробари минтақа, иттифоқ меафтанд.

Ҳамин ҷост, ки ISI бо тағйири рӯйкарди Вашингтон дар талош аст, то дар ҷиҳати маъкуси проекти Толибон ҳаракат кунад. Албатта, ин тағйири ҷиҳату мавқиф аз тарафи Покистон мояи тааҷҷуб нест. ISI чунон бозигари моҳирест, ки тавоноии вифқ бо ҳар хел шароити ҷадидро барои касби манофеи ҳаётиаш дорад. Албатта, дар гузашта низ бо адами тамкини гурӯҳҳои муҷоҳидин пас аз суқути давлати доктор Наҷибуллоҳ, Ҳикматёр ва баъдан Толибон ба унвони гузинаҳои бадил рӯи кор омаданд ва дар нақши ҳофизи манофеъи Покистон дар табонӣ бо Ғарб ба муҳраҳои асосии ин бозии хунин дар Афғонистон мубаддал шуданд.

Дар айни замон, ахбори зидду нақизе мабнӣ бар даргирӣ дар Арг миёни Мулло Ҳасан ва Мулло Бародар интишор ёфтааст. Ҳамчунон хабари халъи силоҳи дастаҷоти гурӯҳи Ҳаққонӣ тавассути гурӯҳи Қандаҳор низ пахш шудааст. Ҳол агар аз Покистон шурӯъ кунем ва ба баррасии аҳдоф ва мақосиди ин кишвар дар таҳаввули ҷадид дар қоидаи бозӣ пас аз рӯи кор омадани идораи Трамп дар Амрико дошта бошем, бояд изъон гардад, ки чаро Покистон метавонад ҳамзамон бо тағйири моҳияти бозӣ барои аҳдофи худаш нақши маъкус низ боз кунад. Дар ин хусус, чанд масъала қобили тааммул аст, ки нишон медиҳад чаро Покистон даст ба домани бақоёи фирории ҷумҳурият шудааст? Дар ибтидо се масъаларо бояд дар мавриди манёври ҷадиди ISI, арзёбӣ кунем:

Аввал, мумкин аст Покистон дигар танҳо ҳомии дараҷаи яки Толибон набошад ва равобити худро бо ҷиноҳҳои мухолиф низ густариш диҳад. Дар ин замина, вуҷуди чолишҳои асосӣ дар амри таҳаққуқи умқи роҳбурдии Покистон баъд аз ба қудрат расонидани Толибон дар Афғонистон, тағйири моҳияти бозӣ дар Афғонистон ва тавассул ба гузинаҳои дувуму севум, фишори беш аз ҳадди амниятӣ дар ин кишвар мунҷар ба иттихози чунин рӯйкарде аз ҷониби Покистон шуда бошад;

Дуюм, ин иқдомоти ISI метавонад ба мухолифони Толибон рӯҳия бидиҳад ва заминаро барои фаъолиятҳои бештари онҳо фароҳам кунад. Ба ин васила, Покистон фурсати бештари нақшофариниро дар таҳаввулоти оянда дар Афғонистони таҳти тасаллути Толибон хоҳад дошт. Ҷалби ҳамкории мухолифони Толибон боис мешавад, то ISI чандин гузинаро барои таҳти фишор қарор додани Толибон дар сурати адами тамкини ин гурӯҳ ба хостҳои Исломобод дар ихтиёр дошта бошад. Аз сӯи дигар, худро шарики бозии ҷадид таҳти раҳбарии Амрико дар минтақа ва бахусус Афғонистон, нишон диҳад;

Сеюм, бо ин иқдоми Покистон фишорҳои байналмилалӣ бар Толибон афзоиш хоҳад ёфт, зеро кишварҳои дигар мумкин аст ин таҳаввулотро ба унвони нишонае аз шиканандагии ҳокимияти Толибон талаққӣ кунанд. Биноан, як бори дигар Толибон чорае ҷуз руҷуъ ба Исломобод ва қарор гирифтан дар зайли мулоҳизоти амниятии ин кишвар нахоҳад дошт;

Чорум, Покистон ҳамвора талош кардааст, ки дар Афғонистон як сохтори ҳукуматии матлуб барои худ дошта бошад. Агарчи ин кишвар дар гузашта аз Толибон ҳимоят кардааст, аммо мумкин аст акнун ба ин натиҷа расида бошад, ки танаввӯъбахшӣ ба равобити худ бо дигар ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон зарурӣ аст ва метавонад Исломобод барои ишрофи бештари вақоеи сиёсӣ дар Афғонистон ва касби манофеъи он кӯмак кунад. Дар зимн, мулоқоти мақомоти ISI бо мухолифони Толибон нишон аз талошҳои физояндаи Покистон барои тақвияти равобит бо раҳбарони сиёсии Афғонистон ва ёфтани роҳҳалҳои муштарак дар мувоҷеҳа бо чолишҳои минтақаӣ дорад. Роҳҳалҳое, ки манофеъи Покистон бо он гиреҳ хӯрдааст.

Ҳамзамон бо он, дар Кобул рӯйдодҳои ҷадиде дар ҳоли иттифоқ афтодан ҳастанд. Таниш миёни Ҳаққониҳо, гурӯҳи Қатар ва гурӯҳи Қандаҳор, мунҷар ба эҷоди сӯизанҳои зиёде дар хусуси истеҳкоми низомии Толибон шудааст. Дар тозатарин маврид гузориш шудааст, ки дар даргирӣ миёни Мулло Бародар ва Мулло Ҳасан, Мулло Бародар захмӣ шудааст. Агар ин масъала ҳақиқат дошта бошад, чаро бояд ду унсури хеле пасиф дар гурӯҳи Толибон, ба ҷони ҳам биафтанд? Дар ҳоле ки низоми аслӣ ва кашмакаш миёни Толибон дар ду гурӯҳи башиддат мусаллаҳи Қандаҳориҳо ба раҳбарии Ҳайбатуллоҳи номниҳод ва гурӯҳи Ҳаққонӣ, мошини интиҳории ин гурӯҳ аст, ки як тараф бояд канор биравад ва майдонро барои дигаре холӣ созад. Ин иттифоқ дар ҳоле рух хоҳад дод, ки тавозуни қуво дар миёни Толибон барҳам бихӯрад ва вазнаи сангини зӯрозмоӣ ба нафъи як гурӯҳ тағйир кунад.

Аммо Мулло Бародар, ин зиндонии башиддат шиканҷашуда тавассути ISI, ки ҳатто ҷуръати сухан заданро надорад ва он муллои ниёзманди тараҳҳум, монанди Мулло Ҳасан, ки ба баҳонаи беморӣ талош мекунад, то аз задубандҳои мушкилсоз дар миёни гурӯҳи Толибон, дар ҳошия монад ва мағзуби ҳалқаи Қандаҳор ва ё шабакаи Ҳаққонӣ қарор гирад, чаро бояд ба ҷони ҳам биафтанд? Ин ҷо, косае зери нимкоса аст, ки ба амд ва ба ҳадафи инҳирофи азҳони омма тавассути ҳалақоти истихборотии шомил дар муомила, ахбори инчунинӣ пахш мешаванд ва талош мешавад, то дар паноҳи он, ҳақоиқи мавҷуд ва ғайри қобили инкори ин бозӣ, лопушонӣ гардад.

Асосан бояд ҳалқаи Қандаҳор ва Шабакаи Ҳаққонӣ ва мутталифини он дар ин бозии тахту тоҷ дар баробари ҳам қарор гиранд, ки чунин ҳам шудааст. Мамнуъулхуруҷ шудани мақомоти Толибон, ки умдатан аз ҳимояти Шабакаи Ҳаққонӣ бархӯрдоранд, халъи силоҳи дастаҷоти марбут ба ин шабака дар ҳавзаҳои мухталифи амниятӣ дар шаҳри Кобул ва бузургроҳҳои мунтаҳӣ ба пойтахт, истиқрори нерӯҳои тозанафаси марбут ба Шабакаи Ҳаққонӣ дар Кобул, интиқоли силоҳҳои сақили ин гурӯҳ ба вилоятҳои Хусту Пактиё, фирори фармондеҳони амния, ки дар саҳмиябандӣ марбут ба Шабакаи Ҳаққонӣ мешуданд, ташдиди режими амниятӣ дар шаҳри Кобул, чизи одиро нишон намедиҳад.

Тамоми ин ҳаводис дар як занҷирае аз иттифоқот, зери назари ISI ва дар як сатҳи бузургтари минтақа ва фароминтақа, рух медиҳанд. Ҳақоиқи майдонӣ нишон аз ин дорад, ки бояд чизҳои қобили таваҷҷуҳе дар ояндаи наздик дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон, рух диҳад. Тағйири моҳияти режими Толибон, бистарсозӣ барои тарассуди бештари иттилоотии Ғарб дар ин кишвар, ташдиди ихтилофот ва рақобатҳо миёни гурӯҳҳое, ки аз ҳимояти минтақа ва фароминтақа бархурдоранд, саҳимсозии гурӯҳҳои ақими сиёсӣ, ки дар берун аз Афғонистон қарор доранд ва қарор аст бахше аз як муодилаи ҷадиде аз қудрат дар ин кишвар бошанд, ҳама сенарияиҳои мухталифро рӯи мизи таҳлил мегузорад. Дида шавад инкишофи ҳаводис ба кадом масир аст ва сарнавишти иморати ҳаққониҳо ва Ҳайбатуллоҳ, ба куҷо мекашад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!