Хабари рӯз

Чаро Масири дарёии шимолӣ масири ҷанубиро иваз мекунад?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар” (Олмон)

Федератсияи Русия ба тавсеа ва истифодаи сулҳомези Масири дарёии шимолӣ (МДШ) алоқаманд аст. Дар даҳаи 80 – и қарни гузашта, баҳрабардорӣ аз ин масир бо суръати баланд пеш мерафт, ки то ҳадди зиёде ба шарофати эҷоди танҳо новгони яхшикани ҳастаӣ дар ҷаҳон дар Русия мумкин гардид.

Дар соли 1991, Масири дарёии шимолӣ барои киштиронии байналмилалӣ боз шуд. Имрӯз тӯли ин масир аз тангаи “Карские ворота” то халиҷи “Провидения” ба 5,6 ҳазор километр мерасад. Ин масир аз шаш дарё дар Уқёнуси яхбастаи шимолӣ убур мекунад: Барентс, Кара, Лаптев, Сибири Шарқӣ, Чукоткаӣ ва Беринг. Интиқоли коло аз Осиё ба Аврупо тавассути ин масир дар муқоиса бо масири канали Суэз ҳудуди як-сеюм вақт камтар мегирад.

Дар ҳоли ҳозир, Федератсияи Русия проекти федералии “Тавсеаи Масири дарёии шимолӣ»-ро иҷро мекунад. Ҳадафи ин проект густариши зерсохтҳое аст, ки пайванди муассири ҳудудӣ миёни Шарқи Дур ва минтақаҳои ғарбии Русияро таъмин карда ва ҳамчунин имкони новбарӣ дар тамоми солро фароҳам созад. Ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки технологияҳои бидуни сарнишин дар ҳамлу нақли бор ва новбарӣ ба кор гирифта шаванд ва сатҳи мувофиқати муҳитзистӣ дар бахши энержӣ ва транспорт ба таври пойдор афзоиш ёбад. Аз тариқи ин масир, анвоъи мухталифи коло интиқол дода мешавад, ки саҳми асосии он марбут ба гази табиии моеъ ва нафт аст.

Қобили ёдоварӣ аст, ки ширкати русии “Росатом” масъулияти таъмин кардани киштиронии мулкӣ дар Масири дарёии шимолиро бар уҳда дорад. Вазоифи ин ширкат шомили қабули дархостҳо, нашри пешбиниҳои ҳаракати тӯдаҳои яхӣ, таҳияи нақшаҳои новбарӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ ва дигар умур мебошад.

Ин фаъолиятҳо иртиботи доимӣ бо ширкатҳои ҳамлу нақли байналмилалиро таъмин карда ва нишондиҳандаи омодагии Русия барои истифодаи муштараки ин масир мебошад.

Масири дарёии шимолӣ дар обҳои сарзаминии Русия қарор дорад, ки ин амр эҳтимоли фишорҳои хориҷиро аз байн бурда ва ин масирро барои эҷоди занҷираҳои нави логистикӣ бисёр боэътимод месозад. Илова бар ин, ба гуфтаи коршиносони ин соҳа, тавсеаи зерсохтҳои ин масир “нуқтаҳои рушд”-ро барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаҳои қутбӣ эҷод карда ва ба шаклгирии қобилиятҳои нав дар саноати Русия ва марказҳои масрафи энержӣ мусоидат хоҳад кард.

Бар асоси додаҳои расмӣ, солҳои ахир аз масири дарёи шимолӣ (NSR) ҳаҷми бесобиқае муодили 37 то 37.9 миллион тон коло ҳамл шудааст (дар муқоиса бо 31.5 миллион тон дар соли 2019). Бахши умдаи ин ҳаҷмро манобеи энержӣ (нафт, гази табиии моеъ (LNG), зуғолсанг), санги маъдан, масолеҳи сохтмонӣ ва контейнерҳо ташкил медиҳанд. Тақрибан тамом ин ҳаҷм марбут ба ҳамлу нақли каботажӣ аст ва саҳми транзит каме беш аз 2 миллион тон мебошад.

Бино ба пешбинии коршиносон, дар ҳоли шидддат гирифтани бадамниҳо дар Ховари Миёна ва таъсири он ба Масири дарёии Ҷанубӣ, ки як масири суннатии интиқоли молу коло ва энержӣ ба ҳисоб меравад, Масири дарёии Шимолӣ ба таври худкор аҳамияти бештар пайдо хоҳад кард.

 


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!