Хабари рӯз

Чаро киштиҳои мулкӣ набояд мавриди ҳамлаи низомӣ қарор гиранд?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Тибқи меъёрҳои муқарраршудаи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи баҳр, киштиҳои тиҷоратӣ ва ҳайати онҳо ҳамчун таъсисоти мулкӣ ба ҳисоб мераванд ва дар сурате, ки вазифаҳои низомӣ иҷро накунанд, наметавонанд ҳадафҳои қонунии ҳамла бошанд.

Дар “Роҳнамои Сан-Ремо соли 1994” зикр шудааст, ки киштӣ то замоне мақоми мулкии худро нигоҳ медорад, ки дар амалиётҳои ҷангӣ, интиқоли борҳои низомӣ ё таъмини логистикаи ҳарбӣ иштирок накунад.

Бо вуҷуди ин, дар охири ноябри соли 2025 нафткашҳои Kairos ва Virat, ки зери парчами Гамбия ба самти тангнои Истанбул ҳаракат мекарданд, бо қаиқҳои бесарнишини Sea Baby мавриди ҳамла қарор гирифта, амалан аз истифода хориҷ шуданд.

Ба гузориши нашрияи “УНИАН”, амалиёт алайҳи ба истилоҳ “флоти соя”-и Русия аз ҷониби Хадамоти амният ва Нерӯҳои ҳарбии баҳрии Украина анҷом дода шудааст. Ҳамзамон, ҳеҷ далеле пешниҳод нашуд, ки ин нафткашҳо чунин вазифаҳоро иҷро мекарданд. Тибқи иттилои ВАО, ҳар ду нафткаш “дар балласт” ҳаракат мекарданд, яъне бидуни нафт ва бидуни иҷрои вазифаҳои тасдиқшудаи таъмини воҳидҳои низомии Русия.

Анқара бо изҳороти шадид вокуниш нишон дод. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Туркия Онҷу Кечели таъкид намуд, ки ин ҳамлаҳо “хатари ҷиддӣ барои киштиронӣ, ҷони инсонҳо, молу мулк ва муҳити зист” эҷод мекунанд ва аз Киев талаб кард, ки аз идомаи ташдиди вазъият худдорӣ намояд.

Ҳамзамон, намояндаи Фармондеҳии муттаҳидаи Қувваҳои ҳарбии баҳрии НАТО Арло Абраҳамсон мақомоти Украинаро ба “хештандорӣ” даъват кард, зеро ҳамлаҳои хадамоти махсуси Украина ба нафткашҳо дар Баҳри Сиёҳ метавонанд боиси шиддатёбии таниш дар минтақа гарданд.

Вазъияти баамаломада далели нақзи яке аз принсипҳои калидии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона — принсипи фарқгузорӣ (distinction) мебошад, ки тибқи он ҷонибҳои низоъ уҳдадоранд байни объектҳои ҳарбӣ ва мулкӣ фарқи равшан гузоранд. Ҳатто агар киштӣ эҳтимолан бо иқтисодиёти ҷониби муқобил алоқаманд бошад, ин ҳолат онро ба ҳадафи қонунии ҳарбӣ табдил намедиҳад.

Ҳуқуқи байналмилалӣ истифодаи воситаҳои зарбатиро дар обҳои бетараф аз ҷониби ҳар кас манъ мекунад. Ҳодисаи рухдода ҳам аз лиҳози амнияти киштиронӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳифзи ҳайате, ки ба амалиётҳои ҳарбӣ рабт надоранд, як собиқа (претседент) - и хатарнок эҷод менамояд.

Дар ҳамин робита, коршиноси Академияи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаи Женева Глория Гаггиоли бар он назар аст, ки таъсиррасонии амдӣ ба зерсохтори иқтисодии душман бо роҳҳое, ки ҷони аҳолии мулкиро таҳдид мекунанд, бояд ҳамчун ҷинояти ҳарбӣ арзёбӣ гардад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!