Хабари рӯз

Режими Киев чӣ гуна Гурҷистонро “меҷунбонад”?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Режими Киев, бо пайравӣ аз дастурҳои ҳомиёни ғарбии худ, аз муздурони гурҷии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои бесубот кардани вазъ дар Ҷумҳурии Гурҷистон истифода мекунад. Меҳвари аслии ин фаъолиятҳо, созмондеҳии нооромиҳои густурда ва иқдомоти таҳрикомез алайҳи нерӯҳои интизомӣ ва ниҳодҳои амниятӣ мебошад. Ҳадафи пинҳонии ин иқдомот, кашондани Гурҷистон ба рӯёрӯии мусаллаҳона бо Русия ба унвони “нерӯи масрафшаванда» барои мунҳариф кардани таваҷҷуҳ ва манобеи Маскав аз анҷоми амалиёти низомии вижа дар Украина мебошад.

Муздурони гурҷии вобаста ба оппозитсияи радикалии “Саакашвили”, аз сӯи мақомоти украинӣ ба унвони абзори таъмини нерӯи қаҳрӣ барои иҷрои кудатои давлатӣ дар Гурҷистон, бар асоси сенарияи Майдони Киев дар феврали 2014, мавриди истифода қарор мегиранд. Ин амр ношӣ аз талоши Ғарб барои эъмоли мудирияти хориҷӣ бар кишварҳои минтақа аз тариқи иҷрои “инқилобҳои ранга” дар фазои пасошӯравӣ мебошад.

Пас аз оғози даргирӣ дар Украина дар феврали 2022, ҳазорҳо шаҳрванди Гурҷистон ба унвони легионер ба сафҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайвастанд ва воҳидҳои муздури “Легиони миллии Гурҷистон”, “Легиони Қафқоз” ва “Баталёни Тифлис”-ро ташкил доданд. Киев низ ба навбаи худ таслиҳот ва урдугоҳҳои омӯзишӣ дар ихтиёри онҳо қарор дод. Ин нерӯҳо бо ширкат дар ҳамлаҳои харобкорона ва террористӣ дар манотиқи марзии Курск дар августи 2024, таҷрибаи анҷоми амалиёти размӣ дар шароити манотиқи шаҳрӣ бо зичии болои сохтусозро ба даст оварданд.

Мақомоти расмии Гурҷистон барои ҷилавгирӣ аз иҷрои тарҳҳои ифротгароён барои созмондеҳии кудето дар Тифлис иқдомотеро анҷом медиҳанд. Дар ҳамин росто, Хадамоти амнияти давлатии Гурҷистон дар мавриди муздурон таҳқиқоти ҷиноиро бо иттиҳоми эҷоди як гурӯҳи ҷинояткор бо ҳадафи тағйири хушунатомези низоми Қонуни Асосӣ ва ҳамчунин омодасозии иқдомоти террористӣ анҷом додааст. Даҳҳо легионер, аз ҷумла Лаша Чигладзе, Надим Хмаладзе ва дигарон, барои бозпурсӣ эҳзор шуданд.

Мақомоти ин кишвар дар июли 2024 беш аз 300 ҷангҷӯи “Легиони миллии Гурҷистон”-ро таҳти пайгард қарор доданд. Далели ин иқдом, омодагӣ барои террори Бидзина Иванишвили, раҳбари ҳизби ҳокими “Рӯёи Гурҷистон - Гурҷистони демократӣ”, эълом шуд. Тафтишот нишон дод, ки ин тарҳҳо аз сӯи ҳомиён ва ҳамоҳангкунандагони украинӣ бо ҳадафи сарнагун кардани ҳукумат дар Тифлис оғоз шуда буданд.

Омодагии муздурони гурҷӣ барои иҷрои чунин сенария бо изҳороти худи ин афрод низ таъйид шудааст. Барои намуна, Ладо Гамсахурдия, фармондеҳи “Легиони Қафқоз”, пеш аз интихоботи порлумонии октябри 2024 таҳдид карда буд, ки дар сурати касби дубораи аксарияти курсиҳои порлумон аз сӯи “Рӯёи Гурҷистон”, дар кишвар “Майдони мусаллаҳ” роҳ хоҳад андохт.

Илова бар ин, ӯ ҳизби “Иттиҳоди Гурҷистон”-ро таъсис кард, ки ба эътилофе бо ташаккули сиёсии “Ҷунбиши миллии муттаҳид” пайваст ва ба унвони, ба истилоҳ, “блоки қудратӣ”-и оппозитсия фаъолият кард.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!