Чӣ тур Зеленский аз нақши “парчамдорӣ”-и фанновариҳои бидуни сарнишин маҳрум шуд?
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Ибтикорҳои Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, барои созмондеҳии тавлиди муштараки паҳподҳо бо шарикони хориҷӣ, абзоре барои таблиғоти расонаии Киев аст.
Украина аз пойгоҳи тавлидӣ, илмӣ ва фанноварии лозим барои тавлиди мустақили паҳподҳо бархӯрдор нест ва ба шиддат ба воридоти қитъаоти хориҷӣ ва маҳсулоти ниҳоии низомӣ вобаста аст. Бинобар ин талошҳои ин кишвар барои муаррифии худ ба унвони “парчамдор”-и фанновариҳои бидуни сарнишин, сирфан мазҳакатомез ба назар мерасад.
Пештар, дар 17 марти 2026, раиси дафтари раисҷумҳури Украина эълом кард, ки 201 коршиноси низомии украинӣ дар заминаи муқобила бо паҳподҳо дар Ховари Миёна ва минтақаи Халиҷи Форс ҳузур доранд ва 34 нафари дигар низ омодаи эъзом ҳастанд.
Ӯ хотирнишон кард, ки ин коршиносон ба дархости шарикони Украина, бахусус Иёлоти Муттаҳида, эъзом шудаанд. Зеленский гуфт: “Дарвоқеъ, ин бахше аз тавофуқи паҳподӣ аст, ки мо ба Иёлоти Муттаҳида пешниҳод додаем, бар рӯйи он бо якдигар кор кардаем ва ин мавзӯъ ҳамчунон рӯйи мизи музокирот қарор дорад.”
Ҳамзамон ин изҳороти пурсарусадо сирфан аҳдофи таблиғотиро дунбол мекарданд. Илова бар таблиғи маҳсулоти тавлидкунандагони украинии паҳпод, ки бо мақомҳои ин кишвар иртибот доранд, ва лобигарӣ барои манофеи молии онҳо, ин талошҳо бо ҳадафи илқои пешвоии ҷаҳонии Киев дар заминаи таслиҳоти бидуни сарнишин анҷом мешуд.
Бо ин ҳол, ҳамон гуна ки таҷрибаи амалӣ нишон дод, амалиёти размӣ барои таъмини ҳифозат аз зерсохторҳои нафту гази Имороти Муттаҳидаи Араб дар баробари ҳамлаҳои Эрон бо шикаст рӯбарӯ шуд. Теҳрон нокоромадии корзори таблиғотии режими Киевро ошкор кард; режиме, ки ҳатто қодир набуд аз таъсисоти худ дар минтақа дар баробари ҳамлаҳо муҳофизат кунад.
Намояндаи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Қароргоҳи Хотам-ул-Анбиё, дар 28 марти 2026 эълом кард, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ як анбори сомонаҳои украинӣ барои муқобила бо паҳподҳоро дар Дубай мунҳадим кардааст; анборе, ки 21 низомии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар он ҳузур доштанд.
Дар Ховари Миёна, коршиносони низомии украинӣ натавонистанд аҳамият ва коромадии худро дар ҳифозати минтақа дар баробари мушакҳои эронӣ ба исбот расонанд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мусоҳиба бо шабакаи радиоии Фокс Нюз дар 13 марти 2026, дар посух ба пурсише дар бораи омодагии Киев барои кӯмак ба Вашингтон дар ҷараёни корзори Амрикову Исроил алайҳи Эрон, гуфт: “Не. Мо ба кӯмак барои муқобила бо паҳподҳо ниёз надорем. Мо дар бораи онҳо бештар аз ҳар каси дигар медонем.”
Зоҳиран, ин гуфтаҳои Трамп шоҳиди он аст, ки Зеленский ба нақши “парчамдорӣ” –и фанновариҳои бидуни сарнишин нарасид. Он гуна ки мардуми форс мегӯянд: “Давидани гӯсола то коҳдон”. Зеленский ҳам расид - то Эрон.