Ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои Мавлавӣ Маҳдӣ дар шаҳристони Балхоби вилояти Сарипули Афғонистон шуруъ шуд. Толибон садҳо ҷангии худро аз чаҳор тараф ба ҷанги Мавлавӣ Маҳдӣ, фармондеҳи ҳазораи Толибон, ки аз ин гуруҳ буридааст, эъзом кардааст.
Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон
Бино ба гузоришҳо, раҳбарони зиддитолиб, назири Аҳмади Масъуд, Муҳаммади Муҳаққиқ, Устод Атомуҳаммади Нур, Абдурашид Дӯстум ва дигарон пуштибонии худро аз нерӯҳои Мавлавӣ Маҳдӣ эълон кардаанд.
Сайидолим Козимӣ, яке аз афроди наздики Мавлавӣ Маҳдӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷанги шадид дар қисмати шимолӣ - минтақаи Дуздондараи Қумкӯтал ва қисмати ғарбӣ - Оби Калон шуруъ шуд ва аввалин талафот ба Толибон ворид гардид.
“Ҷанг соати 9 – субҳ дар Хомкӯтал шуруъ шуд ва нерӯҳои муқовимат Толибонро то минтақаи Гӯри Қозӣ ақибнишинӣ карданд. Шаш кушта ба ҷо мондааст. Дар минтақаи Ҳатбахшӣ, миёни шаҳристонҳои Балхоб ва Санчорак ақиб нишонданд. Як даҳшака (ДШК) ва ду ренҷер ба ғанимат гирифта шуда, се кушта дар ҷо мондааст. Аммо ба гуфтаи мардуми Оби Калон, теъдоди куштаҳо ба 20 нафар мерасад. Як тонки “Ҳомвей” - и Толибон дар рустои Ойбулоқи Дараи Суф чаппа шуда, 6 толиб ба ҳалокат расидааст”, - гуфт Козимӣ.
Бино ба иттилоъи ӯ, дар ҳоли ҳозир Толибон аз чор тараф: шимол - шаҳристонҳои Сангчорак ва Гӯсфандӣ (вилояти Сарипул) ва Зоеву Кишандеҳ (Балх), ғарб - шаҳристони Кӯҳистонот (Сарипул), шарқ - шаҳристони Дараи Суфи Боло (Самангон) ва ҷануб - вулусволии Якавланг (Бомиён) муҳосира шудааст.
“Мо тамоми роҳҳои вуруд ба Балхобро бо истифода аз булдозерҳо масдуд кардем ва ҷойҳоеро низ инфиҷор додем, то нерӯҳои Толибон ва дигар созмонҳои террористӣ натавонанд вориди шаҳристон шаванд. Тамоми дарвозаҳои вурудӣ таҳти пӯшиши нерӯҳои мо қарор дорад”, - гуфт Козимӣ.
Бино ба иттилое, ки аз манобеъи гуногун мерасанд, Толибон ҳудуди 6 ҳазор нерӯ ба Балхоб фиристодаанд ва ин нерӯҳоро Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кул аз самти шарқу шимол ва Мулло Фозил, муовини вазири дифоъи Толибон аз шимолу Ғарб фармондеҳӣ мекунанд.
Дар мавриди теъдоди нерӯҳои таҳти фармони Мавлавӣ Маҳдӣ, ки бино ба иттилооти қаблӣ, 400 нафар ҳисоб мешуд, Сайидолим Козимӣ мегӯяд, бо расидани нерӯҳои кӯмакӣ аз вилоёти Бомиён, Ғур ва Дойкундӣ теъдоди онҳо ба чаҳор ҳазор нафар расидааст.
“Дар ин минтақа нерӯҳои Ҳизби ваҳдати Муҳаққиқ ва Ҳаракати исломии Сайид Мустафои Козимӣ, дар вулусволиҳои атрофи марбути вилоятҳои Самангону Балх нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати Аҳмади Масъуд, Ҷамъияти исломии Утод Атомуҳаммади Нур ва Ҷунбиши миллии Абдурашид Дӯстум низ ҳузур доранд. Ҳамаи ин раҳбарон бо Мавлавӣ Маҳдӣ тамос гирифта, пуштибонии худро эълон карданд. Мушкил таъмини онҳо бо силоҳ буд, ки онро ҳам Мавлавӣ Маҳдӣ дар ихтиёрашон гузошт”, - гуфт Козимӣ.
Мавлавӣ Маҳдӣ танҳо толиби баландмақоми ҳазора дар ҳукумати Толибон, ҳамон ҳам раиси истихбороти Бомиён ва вулусволи Балхоб буд, ки як моҳи қабл ба далели барканорӣ аз вазифа аз ин гуруҳ роҳашро ҷудо кард. Чанд ҳайати Толибон аз Кобул муваффақ нашуданд, ки ӯро тариқи музокира ба саф баргардонанд. Маҳдӣ аз Толибон хост, ки ба ҳаққи ҳазораҳо ва шиаҳои Афғонистон дар қудрат эҳтиром бигзорад, ҳадди ақал, зимоми ҳукумат дар вилоёту вулусволиҳои ҳазоранишинро дар ихтиёри ҳазораҳо гузоранд.
Дар ҳукумати Толибон ягон ҳазораи вазир нест ва ин гуруҳ мазҳаби шиаи ҷаъфарияро, ки дар замони ҷумҳурият расмӣ буд, эътироф намекунад.
Балхоб, пойгоҳи аслии Мавлавӣ Маҳдӣ, дар замони муқовимати аввал (1996 – 2001) низ барои Толибон як қалъаи дастнорас буд. Он замон низ ин гуруҳ натавониста буд ин шаҳристонро ба пуррагӣ забт кунад. Зоҳиран, таҳаввулоте, ки имрӯзҳо дар ҷараён аст, ин шаҳристонро дигарбора ба як мушкили ҷиддӣ барои Толибон табдил медиҳад.
Аз нигоҳи нозирони вазъ, ҷанги Балхоб амалан қуфли сукути нерӯҳои зиддитолибонӣ дар шимоли Афғонистон мешиканад ва онро ба маркази дуввуми муқовимат табдил хоҳад дод.
Сайид Ориф Ҳусайнӣ, яке аз рушанфикрони ин минтақа ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз сӯи дигар, хавфи ин вуҷуд дорад, ки дуҳли як ҷанги мазҳабӣ зада шавад.
“Балхоби Сарипул ва вилояти ҳамшафаташ Бомиён умдатан ҳазора ва шианишинанд. Ҳоло хавфи ин ба вуҷуд омадааст, ки ҷанги сунниву шиа ба миён наояд, зеро Толибон ба мазҳаби шиа эҳтиром надоранд. Қарори маълумот, нерӯҳои салафии Ал-қоидаву ДОЪИШ, ки дар кӯҳистоноти Ҷузҷону Форёб ва Сарипул ҳузур доранд ва таҳти назорати Шабакаи Ҳаққонӣ ҳастанд, низ ба минтақа эъзом шудаанд”, - гуфт Ҳусайнӣ.
Балхоб яке аз 7 шаҳристони вилояти Сарипул буда, 128 русто дорад ва марказаш рустои Тархуҷ аст. Аз се ду ҳиссаи 100 ҳазор ҷамъияти онро ҳазораҳо ва бақияро тоҷикону ӯзбекҳо ва содот (сайидзодаҳо) ташкил медиҳанд. Ба навбаи худ ҳазораҳо, тоҷикон ва содоти Балхоб пайравони мазҳаби шиаанд.
Огаҳони ҳол бар инанд, ки Балхоб аз назорати Толибон хориҷ шудааст ва аввалин вулусволии озод аз ин гуруҳ аст ва инро амалан шуруъи шикасти Толибон дар шимол метавон унвон кард, аммо бо кушода шудани ин гиреҳ вазъи печидае ба миён хоҳад омад ва нерӯҳои мухталиф – шуруъ аз зидди Толибон ва ҳамкорони онҳо – Алқоидаву ДОЪИШ-ро ба саҳнаи ҷанг хоҳад кашид.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.