Хабари рӯз

Тайи се шабонарӯзи ахир Толибон* дар даргириҳо бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар дараи Панҷшер даҳҳо нерӯи худро аз даст дод

ПАНҶШЕР, 11 июн – Сангар, Ҳасиб Сангар. Дар умум тайи як моҳи ахир гуруҳи Толибон талафоти шадиди ҷониву молиро дар ҷангҳои Панҷшер мутаҳаммил шудааст, ки эҳтимолан онҳоро маҷбур ба хуруҷ аз дара хоҳад кард.

Дар акс: Муҳаммад Насими Нурӣ

Шамсиддини Ҳомид, узви Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба вебсайти Сангар гуфт, пас аз таъйини Муҳаммад Насими Нурӣ, зодаи шаҳристони Гиришки вилояти Ҳилманд ба унвони волии Панҷшер набардҳо дар саросари Панҷшер ташдид ёфтанд.

“Толибон ба ин натиҷа расиданд, ки волии қаблӣ Қорӣ Қудратуллоҳ, бошандаи шаҳристони Париёни вилояти Панҷшер дар амри ҷанг бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ содиқ нест ва ӯро барканор карданд. Волии нав ба хотири он, ки нишон диҳад ҷанг карда метавонад, раҳбарии ҷангро ба зимма гирифт ва дар саросари дара амалиёти ҷангӣ алайҳи нерӯҳои муқовиматро шиддат бахшид”, - гуфт Шамсиддини Ҳомид.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ, тайи се рӯзи ахир шаҳристонҳои Дара, Хинҷ, Руха, Оноба, Шутул ва Париён даргириҳои шадиде ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар ҳама ҷо бо шикастҳои сангини Толибон ба анҷом расид.

Вай афзуд: “Толибон аз чандин истиқомат болои сангарҳои муҷоҳидин дар қароргоҳҳои Дара, Хинҷ, Шутул, Чамол Варда, Ҳисорак, Шоба, Кӯҳсор ва Пешғур ҳамла бурданд ва ба муқовимати шадиди муқовиматгарон дучор омаданд. Онҳо ҷуғрофиёи маҳалро балад нестанд ва дар аввалин ҳамла ба камин афтода, ҳамлаҳои дигарро барои берун бурдани аҷсодашон анҷом медиҳанд”, - гуфт

Тибқи иттилои ӯ, додаҳои қаблӣ нишон медиҳанд, ки Толибон дар даргириҳои Дара ҳудуди 100, Хинҷ – 20, Шутул – 18, Оноба – 14 ва Париён - 16 ҷангии худро аз даст додаанд.

“Дар асл маълум нест, ки теъдоди куштаҳояшон чӣ қадар аст. Теъдоди захмиёнашон низ дақиқ маълум нест”, - гуфт Шамсиддини Ҳомид.

Навор: ҷанги фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат Абдулҳасиби Панҷшерӣ

Вай афзуд, маълум аст, ки Толибон дасти кам ду фармондеҳи худро дар ҷангҳои як ҳафтаи ахир аз даст доданд, ки яке Муҳаммад Осиф Қандаҳорӣ, фармондеҳи амалиётҳои чирикӣ ва дигаре ба номи Амир Ҳайдар, масъули қитъаи “Бадрӣ” - и Толибон буданд ва дар ҷангҳои Дара ба ҳалокат расиданд.

“Амир Ҳайдар касе буд, ки ҷамъе аз ҷавонони ғайримусаллаҳро дар кӯҳи Абдуллохел ва як духтари ҷавонро ба шаҳодат расондааст. Вай аз шаҳристони Пачиргоми вилояти Нангарҳор ва ба қавм сулаймонхел буд, ки бо шуморе аз афродаш кушта шуд”, - гуфт ӯ.

Бино ба як санаде, ки аз шифохонаи ёрии таъҷилии шаҳристони Оноба ба даст омадааст, тайи як моҳи ахир 60 толиби захмӣ дар он тадовӣ шудаанд, ки умдатан аз вилоятҳои ҷанубии паштуннишин, назири Қандаҳор, Хуст, Пактиё, Нангарҳор, Майдон Вардак, Кунар, Фароҳ ва ғайра мебошанд. Толибон ин санадро рад карданд.

Аммо як манбаъ  дар Панҷшер ба хабарнигори Сангар гуфт, Толибон ба хотири тадовии захмиёни худ дар рустои Даштаки шаҳристони Руха як шифохонаи махсуси ёрии таъҷилӣ эҷод кардаанд.

“Тамоми кормандони он аз шифохонаҳои Кобул, бахусус, Чаҳорсадбистара, оварда шудаанд ва ҳамагӣ паштун мебошанд”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилое, ки аз сӯи раҳбарии ҷанги Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ихтиёри Сангар гузошта шуд, тайи як моҳи ахир беш аз 700 ҷангии толиб кушта шуда, ҷабҳа низ 48 сарбози худро аз даст додааст. Бино ба ин манбаъ, дар ҷангҳои ахир фармондеҳи маъруф Нуроғои Пешғур аз ноҳияи дасту шикам шадид захм бардоштааст.

 

Навор: ҷанги фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат Вазири Шутул

Огаҳони ҳол бар инанд, ки Толибон дар марҳалаи аввал ҷанг дар тамоми ҳамалоти ҳуҷумиашон болои қароргоҳҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ба таври комил шикаст хӯрда, бо вуҷуди мутаҳаммил шудани талафоти сангин то кунун кӯчактарин дастоварде надоштаанд.

Як манбаъ ба Сангар гуфт, талафоти сангине, ки толибони паштун додаанд, роҳбарии ҷангро маҷбур кардааст, ки аз толибони тоҷику ӯзбек, бахусус, худи толибони панҷшерӣ истифода кунанд.

“Бино ба иттилое, ки мо дорем, Қорӣ Фасеҳуддин, сардори ситоди кулли Толибон, ҳудуди 300 толиби бадахшониро вориди Панҷшер кардааст. Дақиқ маълум нест ба чӣ теъдод, аммо аз Форёбу Сарипул ва Кундуз низ ӯзбекҳо оварда шудаанд. Масалан, як ҷавон ба номи Ваҳидуллоҳ, аз шаҳристони Юмгони вилояти Бадахшон дирӯз дар набарди Чамол Варда кушта шуд. Як толиби ӯзбек низ дар Париён кушта шудааст, ки аҳли Форёб гуфта мешавад. Аммо як чӣ маълум аст, ки толибони ғайрипаштун ба ҷанг бо муқовиматиҳо руҳияи заиф доранд ва талош мекунанд, ки кушта нашаванд”, - гуфт ӯ.

Бино ба иттилои манобеъи мухталиф, Толибон фақат дар Панҷшер ҳудуди 25 ҳазор нерӯи ҷангӣ доранд, ки ба шумули Андаробҳои вилояти Бағлон ба ҳудуди 40 ҳазор нафар мерасад. Тибқи иттилоъи дақиқе, ки аз манобеъи Толибон дар ихтиёри Сангар қарор гирифт, фақат дар шаҳристони Париён 3,5 ҳазор ҷангии толиб дар макотибу масоҷид ва манзили мардуми мулкӣ мустақар шудаанд ва обу нонашон низ аз ҳисоби мардуми маҳал аст.

Нозирони вазъ мегӯянд, вазъият ба самте равон аст, ки агар Ҷабҳаи муқовимат аз ҳолати дифоъӣ ба таарруз гузарад, Толибон дигар тавони таҳаммули ҷангро аз даст хоҳанд дод.

“Фақат дар Панҷшер 27 қароргоҳ амал мекунад ва агар рӯзона ҳар қароргоҳ се толибро аз байн барад, моҳона талафоти ин гуруҳ аз марзи ду ҳазор нафар мегузарад, ки барои Толибон фоҷиаофар хоҳад буд ва онҳоро маҷбур ба тарки дара хоҳад кард. Амалан барои онҳо Панҷшер дар остонаи суқут аст, аммо ба назар мерасад, Ҷабҳаи муқовимат ҳанӯз тасмим ба роҳандозии ҷанги тааррузиро нагирифтааст”, - гуфт ӯ.

Панҷшер охирин вилояте буд, ки моҳи сентябри соли гузашта ба дасти Толибон суқут кард ва бо иттифоқи Андаробҳои вилояти Бағлон танҳо қаламравест, ки ба пуррагӣ таҳти контроли Толибон нест ва ба бовари огаҳони ҳол, аввалин қаламраве хоҳад буд, ки ба дасти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гузарад.

Фармондеҳи умумии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер Холид Амирӣ, афсари собиқи Урдуи миллии Афғонистон аст.

* Толибон - ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!