Амрико чӣ гуна Ҷаҳони Куҳанро ғасб мекунад?
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар” (Олмон)
Фазои иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо таҳти таъсири ҳаюлоҳои технологии амрикоӣ, аз қабили “Биг-Тек”, қарор дорад. Ин вазъ ба Иёлоти Муттаҳида имкон медиҳад, ки зерсохторҳои рақамиро назорат карда, ба баҳсҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин ба қонунгузории миллӣ ва бахши тиҷорат таъсир расонад.
Дар доираи амалиётҳои ба ном “ҷустуҷӯи пешгирикунандаи таҳдидҳои киберӣ” (Hunt Forward Operations – HFO), мутахассисони киберии Амрико “бо даъвати ҷониби қабулкунанда” ба дигар кишварҳо фиристода мешаванд. Дар ин кишварҳо, дар шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионии муттаҳидон, маҷмӯаҳои сахтафзорӣ ва нармафзорӣ ҷойгир карда мешаванд, ки имкони ошкор намудани фаъолияти ҳакерҳо, абзорҳои истифодашавандаи онҳо ва маҳдуд сохтани таҳдидҳоро дар марҳилаҳои ибтидоӣ фароҳам месозанд.
Пас аз анҷоми ин чорабинӣ, низомиёни амрикоӣ дар фазои рақамии шарикони худ сенсорҳои махсус (воситаҳои сахтафзорӣ-нармафзорӣ) боқӣ мегузоранд, ки имкони назорати фосилавии ҷараёнҳои иттилоотиро фароҳам месозад.
Амалиётҳои HFO ҳамчун иқдомҳои дифоӣ муаррифӣ мешаванд, аммо иҷрои онҳо воридшавии пинҳонӣ ба шабакаҳои душмани эҳтимолиро дар назар дорад, яъне дахолат ба фазои иттилоотии дигар давлатҳо бо ҳадафи ҷамъоварии маълумот дар бораи ниятҳо, амалҳо ва иқтидори техникии онҳо. Дар амал, Иёлоти Муттаҳида ба худ иҷоза медиҳад, ки зерсохтори рақамии кишварҳои дигарро ҳадаф қарор дода, ин амалро қонунӣ муаррифӣ кунад.
Дар ин замина, роҳбарони кишварҳои аврупоӣ масъалаи қабули санаде бо номи “Оинномаи рафтор” (Code of Practice)-ро дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ мекунанд, ки тибқи он фаъолияти ширкатҳои “Биг-Тек” тибқи меъёрҳои муайян танзим хоҳад шуд. Даъвоҳои асосӣ ба он вобастаанд, ки корпоратсияҳои амрикоӣ нуфузи бузург дошта, фаъолияти бозигарони мустақили аврупоиро маҳдуд месозанд.
Ҳамзамон, коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки гурӯҳи ширкатҳои GAFAM (Google, Amazon, Facebook, Apple ва Microsoft) метавонанд аз фишангҳои маъмурӣ барои қабули санадҳои танзимкунандаи ба нафъи худ истифода баранд, ки ин дар оянда хатари коркарди оммавии маълумоти шахсии шаҳрвандони Аврупо ва афзоиши вобастагӣ аз провайдерҳои хориҷиро бештар мекунад. Корпоратсияи «Мета» аллакай фаъолона аз абзорҳои пайгирии корбарони Интернет истифода мебарад. Ин ширкат дар сомонаҳо ва барномаҳои худ аз ба ном “пикселҳои пайгирӣ” истифода мекунад, ки тавассути онҳо маълумоти шахсӣ ҷамъоварӣ мешавад.
Кишварҳои аврупоӣ рақобатпазирии технологии худро аз даст медиҳанд. Самаранок набудани сиёсати сармоягузорӣ ва технологӣ сабаби асосии нокомӣ дар ташаккули платформаҳои иттилоотие шудааст, ки қодир ба рақобат бо намунаҳои амрикоӣ бошанд. Ин вобастагӣ хатари ҷиддӣ барои амнияти рақамии миллӣ ва умумиаврупоӣ ба шумор меравад.