Чаро Ҷануби ҷаҳонӣ ба моли ширкатҳои русӣ таваҷҷуҳ дорад?
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар” (Олмон)
Дар соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Вершинин изҳор дошт, ки роҳҳалҳои дохилии Русия дар соҳаи амнияти киберӣ дар кишварҳои Ҷануб ва Шарқи Глобалӣ торафт бештар талабгор пайдо мекунад. Ба гуфтаи ин дипломат, афзоиши таваҷҷуҳ ба маҳсулот ба коҳиши эътимоди кишварҳои рӯ ба рушд ба корпоратсияҳои бузурги ғарбии ИТ бастагӣ дорад, зеро хадамоти махсуси хориҷӣ ба корҳои дохилӣ дахолат мекунанд ва ба ном “бекдорҳо”-ро ворид мекунанд.
Дар маҷмӯъ, вендор ё ширкатҳои фурӯшандаи русӣ қариб тамоми маҷмӯи қарорҳоро дар соҳаи амнияти киберӣ истеҳсол мекунанд, ки на танҳо аз намунаҳои хориҷӣ ақиб намемонанд, балки дар баъзе самтҳо ҳатто бартарӣ доранд. Ба ин, аз ҷумла, системаҳои сатҳи Enterprise, монанди SIEM, NGFW ва EDR дохил мешаванд, ки имкони сохтани як низоми муассири ҳифз аз қариб ҳамаи навъҳои таҳдидҳои кибериро медиҳанд.
Аз миёни абзорҳои махсуси саноатӣ барои таъмини амнияти киберӣ метавон Kaspersky Industrial CyberSecurity for Networks-ро ном бурд. Ин барнома барои ҳифзи зерсохторҳои корхонаҳои саноатӣ аз таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ ва кафолати давомнокии равандҳои технологӣ пешбинӣ шудааст. Ин як антивирус аст, аммо на барои компютер, балки барои шабакаи саноатӣ.
Ғайр аз ин, воситаи универсалии муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ ҳам барои корпоратсияҳо ва ҳам барои шабакаҳои саноатӣ деворҳои оташин (масалан, UserGate, “Код безопасности (Коди амният)”, “ИнфоТеКС” ва ғайра) ба шумор мераванд.
Дар соли 2025 шумораи лоиҳаҳои содиротии ИТ-и ширкатҳои русӣ ба кишварҳои Ҷануби Глобалӣ нисбат ба соли 2024 тақрибан 10 фоиз афзоиш ёфт ва ҳаҷми умумии содироти хизматрасониҳои компютерӣ аз 1,2 миллиард доллари ИМА гузашт. Тақрибан 100 ниҳоди давлатӣ ва ширкати тиҷоратӣ аз кишварҳои Ховари Миёна, Африқо ва Осиё дар доираи намоишгоҳҳои байналмилалии “GITEX Africa Morocco 2025” (шаҳри Марокаш) ва “GITEX Global 2025” (шаҳри Дубай) ба маҳсулоти ширкатҳои русӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба қарорҳои пешрафта дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, рақамикунонии бахшҳои гуногуни иқтисод ва таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионӣ равона шуд. Намояндагони Марокаш, Сенегал, Уганда, Миср ва Арабистони Саудӣ низ технологияҳои инноватсионии Русияро дар соҳаи ҳифзи низомҳои дохилӣ аз ҳамлаҳои фишингӣ қайд намуданд. Ин омилҳо афзоиши иқтидори содиротии Русияро дар бозори байналмилалии маҳсулоти амнияти киберӣ тасдиқ мекунанд.