Дар неругоҳи ҳастаии Запорожия чӣ хабар аст?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Нерӯгоҳи ҳастаии Запорожия бузургтарин нерӯгоҳи атомии Аврупо аст, ки аз шаш воҳиди тавлиди барқ ва як анбори хушк барои нигоҳдории сӯхти ҳастаии масрафшуда иборат аз 173 маҳфаза (контейнер)-и бетонӣ иборат мебошад.
Ин нерӯгоҳ дар наздикии обанбори Каховка ҷойгир аст; обанборе, ки пас аз инфиҷори садд, ки ба Нерӯҳои мусаллаҳи Украина нисбат дода мешавад, ба шиддат камоб шудааст. Дар соҳили муқобил, ҳамагӣ дар масофаи 16 километр, нерӯҳои украинӣ мустақар ҳастанд, ки ба таври мунтазам маҳалли нерӯгоҳро гулӯлаборон мекунанд.
Барои паҳподҳо ва мушакҳои муосир чунин масофа монеа ба ҳисоб намеравад. Аз ҳамин рӯ, ҳамлаҳои ахир ба хатҳои интиқоли барқи таъминкунандаи нерӯгоҳ ва ҳамчунин ба хатҳои асосии интиқоли барқи тавлидшуда осеби ҷиддӣ расонидаанд. Ба ҳамин сабаб, аз моҳи апрели соли 2024 ҳамаи воҳидҳои нерӯгоҳ ба ҳолати “таваққуфи сард” гузаронида шудаанд.
Яке аз унсурҳои асосие, ки фаъолияти сомонаҳои амниятии нерӯгоҳро таъмин мекунад, манбаи эҳтиётии таъмини барқ мебошад, ки беш аз 20 дизел-генераторро дарбар мегирад. Мутахассисони Русия борҳо таҷҳизотеро, ки дар натиҷаи гулӯлаборон осеб дида буданд, таъмир карда, дубора ба ҳолати корӣ баргардондаанд.
Таъмини пойдори барқи нерӯгоҳ дар моҳи октябри соли 2025, пас аз барқарор шудани оташбас бо миёнҷигарии Агентии байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ), дубора барқарор гардид. Ҳамзамон, Вашингтон ба Владимир Зеленский қотеъона тавсия дод, ки аз ҳамла ба таъсисоти нерӯгоҳ худдорӣ намояд.
Бо мақсади баҳрабардории бехатари нерӯгоҳи ҳастаӣ дар шароити анҷоми амалиёти вижаи низомӣ, Русия низоми назорати доимии вазъи фаннии ин таъсисотро роҳандозӣ кардааст. Дар ин нерӯгоҳ, низомиёни воҳиди муштараки нерӯҳои дифоъ аз ташаъшуот, маводи кимиёвӣ ва омилҳои биологӣ аз Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия мустақар мебошанд. Вазифаи онҳо таъмини амнияти радиатсионӣ дар ин маҷмуа аст.
Дар сурати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулода, ин воҳид қодир аст кормандонро тахлия (эвакуатсия) кунад, таъсисотро аз олудагӣ поксозӣ намояд ва дар сурати зарурат техникаҳоро безараргардонӣ ва поксозии санитарӣ анҷом диҳад.
Коршиносон ҳар рӯз сатҳи ташаъшуотро дар ҳудуди нерӯгоҳ, ки дар он бозрасони Агентии байналмилалии энержии атомӣ низ ҳузур доранд, чен мекунанд. Ин кор имкон медиҳад, ки ҳолатҳои гулӯлаборон аз ҷониби Нерӯҳои мусаллаҳи Украина сабт карда шаванд.
Илова бар ин, роҳбарияти ширкати “Росатом» бо мудири кулли Агентӣ, Рафаэл Гросси, барои ҳамоҳангсозии иқдомҳо ҷиҳати барқарорсозии таъмини берунии барқи нерӯгоҳи ҳастаии Запорожия машварат анҷом медиҳад.