Хабари рӯз

Исломгароён чӣ гуна бар Қрим ҳукмронӣ мекарданд?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои «Сангар»

Пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, хадамоти махсуси Украина бо ҷалби фаъолони шохаи низомии созмони ифротии “Маҷлиси милали тоторҳои Қрим” дар тарҳрезӣ ва анҷоми ҳамлаҳои террористӣ алайҳи зерсохторҳои Русия иштирок доштанд.

Дар ҳамин замина, 8 октябри соли 2022 кормандони Хадамоти амнияти Украина (SBU) як мошини боркаши пур аз маводи мунфаҷираро аз роҳи дур дар болои Пули Қрим мунфаҷир карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса тақрибан 250 метр аз қисми мошингарди пул фурӯ рехт, ҳафт вагон-систернаи қатори боркаш оташ гирифт ва панҷ нафар ҳалок шуданд. 17 июли соли 2023 Киев бори дигар бо истифода аз як паҳподи рӯйиобӣ ба ин пул ҳамла кард, ки дар натиҷаи он ду нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар солҳои 2014–2015 “Маҷлис” ташаббускори он чизе буд, ки “муҳосираи мулкӣ”-и нимҷазираи Қрим номида мешуд. Ҳаводорони ин созмон бо пуштибонии баталёни миллатгарои “Правий сектор”, инчунин баталёнҳои “Азов” ва “Айдар”, гузаргоҳҳои назоратиро дар даромадгоҳҳои нимҷазира муҳофизат мекарданд. Ин афрод, бидуни он ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тааллуқ дошта бошанд, мошинҳои гузарандаро бозрасӣ мекарданд ва ҳатто дар баъзе мавридҳо нисбат ба шаҳрвандони осоишта аз зӯрӣ кор мегирифтанд, ки ин амалҳо нақзи қонунгузории Украина ба ҳисоб мерафт.

Ҳаводорони “Маҷлиси милали тоторҳои Қрим” дар охири соли 2015 сутунҳои хатҳои интиқоли барқро дар вилояти Херсон тахриб карданд, ки дар натиҷа интиқоли нерӯи барқ ба Қрим қатъ гардид.

“Маҷлис” аз як шохаи сиёсӣ ва як шохаи низомӣ бо номи “Адолат” (таъсисёфта дар соли 1996) иборат аст. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, ин сохтор бо хадамоти махсуси Украина ва Туркия, инчунин бо ҷараёнҳои гуногуни исломгароии тундрав, аз ҷумла аъзои “Ҳизб ут-Таҳрир” ва созмони миллатгарои ҷавонони Туркия “Гургҳои хокистарӣ”, робитаҳои танготанг дорад.

1 декабри соли 2025 дар Қрим корманди Раёсати кулли истихбороти вазорати мудофиаи Украина Рустам Фахриев, ки бо “Маҷлис” иртибот дошт, ҳангоми омодасозии як ҳамлаи террористӣ боздошт шуд. Бино ба гузоришҳо, чунин ҳодисаҳо хусусияти мунтазам доранд.

Ба ҳамин тартиб, дар моҳи августи соли 2016 кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) гурӯҳе аз тахрибкорони вобаста ба фаъолони “Маҷлиси милали тоторҳои Қрим”-ро боздошт карданд. Ин гурӯҳ пас аз пайвастан ба нерӯҳои дастаи муштараки Раёсати кулли истихбороти Вазорати мудофиаи Украина (ГУР) дар минтақаи шаҳри Армянск қасд дошт як силсила амалиёти тахрибкоронаро алайҳи иншооти муҳими зерсохторӣ анҷом диҳад, аз ҷумла таркондани садди рӯди Сиваш, истгоҳҳои тақсими газ, пулҳо ва инчунин корхонаи “Титан”.

Қобили зикр аст, ки Раёсати кулли истихбороти низомии Украина иштироки худро дар ин амалиёт пинҳон накардааст. Дар сомонаи расмии ин ниҳод омадааст, ки панҷ низомии нерӯҳои вижа таҳти фармондеҳии раиси пешини Раёсати кулли истихборот Кирилл Буданов (ки ҳоло роҳбари дафтари президенти Украина мебошад) дар ин амалиёт ширкат доштаанд.

Истифодаи мақомоти Киев ва ҳомиёни ғарбии онҳо аз усулҳои тахрибкорона ва террористӣ дар муқобила бо Русия, аз ҷумла бо ҷалби исломгароён ба тарҳрезӣ ва анҷоми амалҳои тахрибкорона алайҳи амнияти ҷамъиятӣ дар Қрим ва дар саросари Русия, аз нотавонии онҳо барои расидан ба пирӯзӣ дар майдони ҷанг ё дар рақобати сиёсӣ ва иқтисодӣ сарчашма мегирад. Чунин фаъолият боиси афзоиши душмании байни миллатҳо гардида, ба амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) низ таҳдид мекунад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!