Як гузоришгари мустақил дар шаҳристони Дараи вилояти Панҷшер таҳқиқеро аз як соли ҳузури Толибон анҷом дод, ки ҳомили даҳҳо ҷиноёти ҷангӣ ва нақзи ҳуқуқи башар аст. “Сангар” ин гузоришро барои созмонҳои ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама, гузоришгари вижаи Созмони милал, на барои он пешниҳод мекунад, ки интизор дорад ба он расидагӣ кунанд, балки бо хондани ин санади нанг аз беамалии худ шарм кунанд.
Нависанда: Шаҳрзоди Дараӣ, гузоришгари мустақили ҳуқуқи инсон
МУҚАДДИМА
Замоне, ки Панҷшер дар остонаи суқут буд, тамоми таҷҳизоти низомӣ ва савқи идораи ҷанги Панҷшер аз шаҳристони Дара анҷом мешуд, чун шаҳристонҳои марказии Панҷшер аз кор афтода ва мардум минтақаро тарк карда буданд. Фақат танҳо Сарича (маҳалли оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон) нуқтаи амн монда буду бас.
Панҷшер суқут кард. Соати 10.30 дақиқаи қабл аз зуҳри 17 сунбулаи 1400 (8 августи 2021) Мулло Қаюм Зокир (нафари вобаста ба истихбороти Эрон), ки он замон муовини вазири дифоъ ва масъули ҷанги Панҷшер буд, дар таъмири идораи раёсати молияи вилоят байрақро баланд кард. Қорӣ Фасеҳуддин (тоҷики бадахшӣ, ҳоло сардори ситоди кулли вазорати дифоъи Толибон) ҳамроҳ бо Мавлавӣ Қудратуллоҳ (толиби панҷшерӣ, баъдтар волии Панҷшер) аз тарафи Париён ва Ҳиссаи Аввал ва Мулло Қаюм Зокир ҳамроҳ бо писари Мулло Биҳиштӣ аз тарафи Поранда ва Чамолварда дараро тасарруф карданд. Ба ҳамин тартиб, панҷ шаҳристони Панҷшер бо даргирӣ ва талафоти сангини Толибон тасфия шуд.
Қорӣ Фасеҳуддин ҳамроҳ бо Мавлавӣ Қудратуллоҳ дар масири роҳи Дуоби шаҳристони Хинҷ бо фармондеҳ Ҳоҷӣ Маликхон тамос гирифтанд. Ҳоҷӣ Маликхон билофосила дохили таъмири шаҳристони Дара шуда, тамоми сарбозонашро омодабош кард, то васоил ва муҳиммоти шаҳристон дастбурд нашавад. Баъд аз ин ки аз бобати шаҳристон мутмаин шуд, ба истиқболи Қорӣ Фасеҳуддин рафт. Дар масири пули Дуоб онҳо якҷо шуданд ва мустақим ба мақоми вилоят рафтанд.
Шайх Мутеъуллоҳ, масъули ҷанги Панҷшер дар назар дошт то шаҳристонҳои Дара ва Обшорро тасфия кунад ва агар ниёз ба ҷанг бошад, нерӯи тозанафас биоварад. Аммо Ҳоҷӣ Маликхон ба ӯ гуфт, ки Обшор ва Дара бо итминони комил тасфия шудаанд ва масъулияти халъи силоҳи ин ду шаҳристонро шахсан ба дӯш мегирад. Муаллим Суҳроб раиси шаҳристони Обшор бо ҳамоҳангии Ҳоҷӣ Маликхон Дара ва Обшорро бидуни омадани неруи ҷангӣ ва ҳузури толиб ба шайх Мутеъуллоҳ таслим карданд.
Дара ва Обшор танҳо шаҳристонҳое буданд, ки бидуни даргирӣ ё ҳузури фарде аз толиб таслими Толибон шуданд. Дара ва Обшор танҳо нуқтаи амн барои Толибон буд. Фармондеҳ Ҳоҷӣ Маликхон дар муддати нуҳ моҳ Дара ва Обшорро дар амнияти комил идора мекард ва дар ҷараёни талошиҳои умумӣ миқдоре силоҳ ва муҳимот аз иддае гирифт ва ба унвони халъи силоҳи умумии ин ду шаҳристон таслими вазорат дифоъ намуд.
Мавлавӣ Нуруллоҳ, писарамаки Ҳоҷӣ Маликхон ба ҳайси райиси шаҳристони Дара таъйин шуд, ки дар ин мавқеъ амнияти шаҳристони Дара беш аз ҳама умедворкунанда буд. Дар тӯли муддати даҳ моҳ ҳеҷ нерӯе хориҷ аз мардуми Дара дар шаҳристон ҳузур надошт.
Ин вазъият то 15 саври 1401 (5 майи 2022) ҳукмфармо буд. Бо вуҷуди ихтилофоти шадид миёни фармондеҳ Ҳоҷӣ Маликхон ва Мавлавӣ Қудратуллоҳ, волии Панҷшер ва азияти хонаводаи Маликхон тавассути авомил ва манобеъи шахси волӣ бо он ҳам Дара нуқтаи амн буд.
ҶАНГҲОИ ДАРА
Ба таърихи 16 савр (6 май) Толибон ба хотири талошии хонаи қумандони қароргоҳи Дара Муҳаммад Акрам валади Амир Ҳотам вориди рустои Тундхуи шаҳристони Дара шуданд. Се ренҷер (мошини ҷангии амрикоӣ), ки ҳама афғон/паштунҳои ҳилмандӣ ва зобулӣ буданд, талошии хонаи қумандон Акрамро шурӯъ карданд. Толибон замоне, ки вориди бозори Тундху шуданд даст ба шиканҷа, латукӯб ва дастгирии афроди мулкӣ заданд. Дар миёни ин афрод кӯдакон ва куҳансолон ҳузур доштанд. Баъд аз латукӯб ва дастгирии афроди мулкӣ дар бозори Тундху Толибон аҳолии ин русторо азият карданд ва дар ин миён як хонум ба номи Гулпарӣ бинти Муҳаммад Кошифро азияти ҷинсӣ ва баъдан башиддат мавриди латукӯбу шиканҷа қарор доданд. Баъд аз бозгашт аз рустои Тундху Толибон бо як камини хурд дар истиқомати Парчул воқеъ дар бозори Тундху муқобил шуданд. Дар ин даргирии кӯтоҳ як тан аз нерӯҳои Толибон захмӣ ва се тан аз аъзои Ҷабҳаи муқовимат кушта шуданд.
Фардои он рӯз, шанбе, муаррихи 17 савр (7 май), Толибон бо беш аз ду ҳазор нерӯ ба шаҳристони Дара омаданд. Чошти ҳамон рӯз Толибон вориди рустои Қалъаи Тархаи шаҳристони Дара шуда, хонаҳои тамоми аҳолии русторо талошӣ карданд ва тамоми аҳолии онро дастгир ва ба шиддат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор доданд.
Асри ҳамон рӯз 170 тан аз нерӯҳои Толибон дохили Абдуллохел шуданд, ки мехостанд бозори Абдуллоҳхелро тасфияи умумӣ кунанд. Дар ҳамон вақт Толибон бо камини хатарноки нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Ҳоҷӣ Маликхон муқобил шуданд. Дар натиҷа 120 тан аз нерӯҳои Толибон ва ду тан аз нерӯҳои муқовимат ба ҳалокат расиданд. Аз нерӯҳои Толибон 35 ва аз нерӯҳои муқовимат ду тан захмӣ шуданд. Шаби ҳамон рӯз хатти ҷабҳа суқут кард ва фардои он рӯз, якшанбе, муаррихи 18 савр (8 май) беш аз даҳ ҳазор нерӯ бо раҳбарии Ҳоҷӣ Фарҳод, паштун/афғони ҳилмандӣ, қумандони фирқаи 111 вориди Абдуллохел шуданд. Ҳамон рӯз Толибон даст ба куштори умумӣ, оташ задани хонаҳо ва дастгир кардани афроди мулкӣ заданд.
Толибон баъд аз ҳамлаи таҳоҷумиашон ба таърихи 18 савр вазъият низомӣ ва ҷангиро дар шаҳристони Дара эҷод карданд. Дар тайи шаш моҳи гузашта беш 15 бор амалиёти таҳоҷумӣ бобати дастгирии фармондеҳ Ҳоҷӣ Маликхон ва афродаш анҷом доданд. Дар ҳар ҳамла бидуни натиҷа ва кушта шудани иддае аз афродашон ноком мешуданд.
Толибон дар як ҳамлаи таҳоҷумӣ ба таърихи 12 асад (3 август) ҷиҳати саркӯби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат алайҳи фармондеҳ Ҳоҷӣ Маликхон амалиёти густурдаеро роҳандозӣ карданд, ки бо муқовимати сахти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат мувоҷеҳ шуданд. Ин даргирӣ ҳудуди шонздаҳ соат тӯл кашид, ки дар натиҷа 73 тан аз нерӯҳои Толибон кушта, теъдоде захмӣ ва як тан ҳам асир шуданд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ду кушта як захмӣ доштанд.
Бо вуҷуди талафоти сангинашон Толибон дар хилоли як моҳ се ҳамлаи таҳоҷумиро роҳандозӣ карданд ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат гоҳе вақт ҳолати дифоъӣ медоштанд ва гоҳе авқот ақибнишинӣ мекарданд.
Ба таърихи 19 сунбула (10 сентябр) Толибон бо лашкаркашии ду ҳазор нерӯи муҷаҳҳаз бо силоҳҳои сабук ва сангин ба фармондеҳии Мулло Қаюм Зокир як амалиёти густурдаеро ҷиҳати саркӯби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба роҳ андохтанд, ки бо муқовимати сахти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба фармондеҳии генерал Амини Ҳисоракӣ, Ҳоҷӣ Маликхон, Ҳоҷӣ Ханҷар ва Муҳаммадёри Шоба муқобил шуданд. Ин даргирӣ чаҳор рӯз тӯл кашид, ки дар натиҷа 78 тан аз нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва беш аз 280 тан аз нерӯҳои Толибон кушта ва даҳҳо тан аз нерӯҳои толиб захмӣ шуданд.
Дар миёни кушташудагони Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳон Ҳоҷӣ Маликхон, Ҳоҷӣ Ханҷар, Аҳмадёри Шоба ва дигар буданд. Бо марги ин фармондеҳон чаҳор қароргоҳи Ҷабҳаи муқовимат ҳамзамон фалаҷ шуд - қароргоҳҳои Дара, Обшор, Шоба ва Ҳисорак. Аммо бақоёи нерӯҳои ин қароргоҳҳо ҳанӯз дар саҳна ҳузур доранд ва онҳо дар ҳоли таҷдиди қувваҳо ҳастанд.
ҶИНОЁТИ ҶАНГИИ ТОЛИБОН ДАР ДАРА
Аз моҳи савр ба ин сӯ Толибон дар шаҳристони Дара муртакиби ҷароими ҷангиву башарӣ шуданд, ки назирашро ҳеҷ як ҷанги муосир надорад. Онҳо дар ин миён ба куштани афроди мулкӣ, таҷовуз ба занону кӯдакон ва наврасон, дастгирӣ ва шиканҷа, кӯчи иҷбории мардуми мулкӣ ва дигар ҷиноёт даст заданд, ки дар идома ба онҳо хоҳем пардохт.
1 - Куштани афроди мулкӣ:
Ба таърихи 18 савр (8 май)-и соли равон Толибон бо лашкаркашии даҳ ҳазор нерӯи хеш ҳини вуруд ба рустои Абдуллохел 22 тан аз афрод мулкиеро, ки ҳеҷ робита ба Ҷабҳаи муқовимат надоштанд, тирборон карданд. Дар миёни ин кушташудагон ду навраси ёздаҳсола ба номҳои Карзай ва Шерзай, фарзандони Гулмаҳмуд ва як духтархонум, ки баъд аз таҷовузи ҷинсӣ бо чодари сараш хафа шуда буд, ба номи Лайлумо бинти Фатҳхон аз рустои Тундхуи шаҳристони Дара буданд.
Ҳамон рӯз, 18 савр, Толибон як ҷавони мулкиро ба номи Холид валади Абдурауф дар рустои Қалъаи Тархаи шаҳристони Дара тирборон карданд.
15 асад (6 август) Толибон бо як амалиёти густурда болои фармондеҳ Ҳоҷӣ Маликхон дар ҷараёни ҷанг як духтархонумро ба номи Фараҳноз бинти Мирбача аз рустои Ҳоҷаи дараи Абдуллохел баъд аз азияти ҷинсӣ тирборон карданд. 17 асад (8 август) Толибон ду фарди мулкиро ба номҳои Шераҳмадхон валади Фазлурраҳмон ва Шерҳамза валади Ҳанзала дар наздики хонаҳояшон дастгир карда, баъдан тирборон карданд.
10 сунбула (1 сентябр) Толибон як фарди мулкиро ба номи Халилурраҳмон валади Раҳимхон шабҳангом аз хонааш берун карда, дар назди хонааш тирборон карданд. 20 сунбула (11 сентябр) Толибон як ҷавонро ба номи Муштоқ валади Муаллимхон, бошандаи рустои Тамбанаи шаҳристони Дараро дар роҳи умумӣ тирборон карданд.
15 мизон (7 октябр) Толибон ду фарди мулкиро, ки ба хотири чаронидани ҳайвоноти хонагии хеш ба кӯҳ рафта буданд, дастгир ва башиддат шиканҷа карданд, ки аз асари шиканҷа ва латукӯб ба ҳалокат расиданд. Ин афрод ба номҳои Ғуломэшон валади Муҳаммад Амирхон ва Нурмуҳаммад валади Алиаҳмад, бошандагони рустои Манҷанастуи дараи Абдуллохел буданд.
Дар кул Толибон дар ҷараёни ним сол 30 тан аз афроди мулкиро кушта, 14 тани дигарро захмӣ кардаанд.
2 – Никоҳи иҷборӣ, азият ва озори ҷинсии занон:
Тавре дар боло зикр шуд, Толибон ба таърихи 18 савр як духтархонумро ба номи Лайлумо бинти Фатҳхон таҷовузи ҷинсӣ карда ва баъдан ба қатл мерасонанд. 15 асад Толибон вориди манзили маскунӣ дар рустои Ҳоҷаи дараи Абдуллохел шуда, як духтархонум ба номи Фараҳноз бинти Мирбачаро таҷовузи ҷинсӣ, баъдан тирборон карданд.
9 саратон (30 июн) Толибон аз хонуми бева ба номи Гулшан, ки сокини рустои Хоҷаи дараи Абдуллохел аст, хостгорӣ ва баъд аз радди пешниҳодашон вайро латукӯб ва шиканҷа карданд, ки дасту қабурғаҳояш шикаст.
19 асад (10 август) Толибон аз як хонуми бева ба номи Манижа бинти Худоёрхон, ки бошандаи рустои Ларбанди дараи Абдуллохел мебошад, хостгорӣ карда, баъдан вайро азияти ҷинсӣ мекунанд.
20 асад (11 август) Толибон аз як духтари хурдсол ба номи Гулчеҳра бинти Гулмуҳаммадхон хостгорӣ карда ва дар натиҷаи фишор сари хонаводааш вайро ақди никоҳ мекунанд ва бо худ мебаранд. Дар ҳамин таърих Толибон як хонуми беваро ба номи Гулшан бинти Абдусалом шабҳангом вориди хонааш шуда ва вайро мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор медиҳанд.
13 сунбула (4 сентябр) Толибон дар рустои Пасгарони шаҳристони Дара шабҳангом дохили хонаҳои мардум шуда, дарвозаи се хонаро шикастанд ва даст ба азияти ҷинсии занону духтарон заданд. 24 мизон (16 октябр) Толибон як духтари ҷавонро ба номи Фаримоҳ бинти Сикандар ба никоҳи иҷборӣ гирифта ва бо худ бурданд.
3 - Азият ва озори ҷинсии наврасону кӯдакон:
Толибон 18 савр (8 май) шаш кӯдакро, ки ҳини вуруди Толибон ба рустои Абдуллохел ба кӯҳҳо мутаворӣ шуда буданд, дастгир карда, болояшон таҷовузи ҷинсӣ мекунанд. Ин кӯдакон ба номҳои Фарҳод валади Бобашоҳ, Ториқ валади Мирзошоҳ, Муҳаммад Олам валади Абдуллоҷон, Қиёмуддин валади Абдулҳаким, Ибодурраҳмон валади Ҳабибурраҳмон, Афсар валади Муҳаммад Ҳошим мебошанд. Инон бошандаи аслии рустои Абдуллохели шаҳристони Дара ҳастанд.
12 асад (3 август) Толибон се кӯдакро аз масири роҳи мунтаҳӣ ба кӯҳ дастгир карда, баъдан ба ҷои номаълуме интиқол дода буданд ва ба каррот мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор додаанд, ки вазъияти як танашон башиддат вахим шуда буд. Ин кӯдакон Хайруллоҳ валади Муҳаммад Козим 11-сола, Хитоб валади Маҳтобуддин 13-сола, Фаршод валади Шероғо 16-сола ва бошандаи аслии рустои Хоҷаи дараи Абдуллохел ҳастанд.
20 мизон (12 октябр) Толибон ду кӯдакро ба номҳои Суҳайл валади Фатҳхон ва Шоҳин валади Суҳроб аз масҷиди маҳал дастгир карда ва бо худ бурда буданд, ки як ҳафта баъд аз хонаи маршал Фаҳим воқеъ дар шаҳристони Хинҷ пайдо мешаванд. Ҳарду мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта буданд. Инон беш аз даҳ сол син надоштанд ва бошандаи аслии рустои Манҷанастуи дараи Абдуллохели шаҳристони Дара мебошанд.
4 – Дастгирӣ, латукӯб ва шиканҷаи афроди мулкӣ:
18 савр (8 май) Толибон 125 тан аз афроди мулкиро аз рустои Абдуллохел дастгир намуда, дар бозори Абдуллохел дар як контейнер ду ҳафта ҳабс ва онҳоро ҳар рӯз латукӯбу шиканҷа мекарданд. 15 сунбула Толибон дар рустои Кансори дараи Абдуллохел шабҳангом дохили хонаҳои мардум шуда, 35 тан аз афроди мулкиро дастгир карданд ва онҳоро дар масҷиди ҷомеъ оварда, башиддат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор доданд.
25 сунбула (16 сентябр) Толибон ба теъдоди 250 тан аз афроди мулкиро аз умуми рустоҳои Абдуллохел дастгир ва сипас шиканҷаву латукӯб карданд ва ҳар кадомро дар бадали пул ё силоҳ раҳо намуданд.
Дар кулл то акнун оморҳо нишон медиҳанд, ки Толибон дар ҷараёни ҳар ҳафта ду ило панҷ тан аз афроди мулкиро ҳамеша дастгир карда, мавриди шиканҷаву латукӯб қарор додаанд ва ҳамеш дар бадали пул ё силоҳ раҳо кардаанд. Дастгирии афроди мулкӣ ва шиканҷаи онон ба таври муназзам ҷараён дорад. Ба теъдоди 70 тан аз афроди мулкии дараи Абдуллохел дар ҷараёни як сол дар зиндони Даштак зиндонӣ буданд, ки қисмати бузургашон бо подармиёнии бузургони маҳал батадриҷ раҳо шуданд. Феълан 15 тан аз ин афрод зиндонӣ ҳастанд.
5 - Тахриби манозили маскунӣ:
Толибон 18 савр (8 май) шаш хонаи маскуниро дар ҷараёни амалиёташон бобати саркӯб кардани нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба оташ кашиданд ва маводи ғизоиву васоили маишатии ин хонаҳоро бо худ бурданд. Ин хонаҳо дар рустои Кансори дараи Абдуллохел қарор доранд. Дар ҳамин таърих Толибон ду хонаро дар рустои Марҷони дараи Абдуллохел бо андохти силоҳи сақила тахриб карданд ва тамоми васоилаш оташ гирифт.
15 асад Толибон се хонаро, ки марбути афроди Ҷабҳаи муқовимат мешуданд, дар рустои Хоҷаи дараи Абдуллохел ба оташ кашиданд ва маводи ғизоиву васоили маишатии ин хонаҳоро бо худ бурданд.
6 - Кӯчи иҷбории мардуми мулкӣ:
Толибон ҳангоми вурудашон ба дараи Абдуллохел хонаҳои мардумро пустабандӣ карданд ва хонаҳое, ки дар мавқеияти сарикӯҳӣ қарор доштанд, тими кашфӣ ва истихборотии хешро ҷо ба ҷо карданд, ки то акнун дар ҳамон хонаҳо ҷо ба ҷо ҳастанд.
Толибон дар ҷараёни ҳафт моҳ ҳудуди 280 хонаводаро аз рустоҳои шаҳристони Дара кӯчи иҷборӣ доданд, ки омораш аз қарори зайл аст: Хоҷа - 50, Хонахел - 3, Ларбанд - 10, Арғуч - 8, Муҳаммадбегхел - 25, Марҷон - 8, Ғанихел - 4, Деҳпитав - 40, Манҷанасту - 35, Кансор - 10, Майдонкоҳ - 15, Тундху - 27, Пасгарон - 17, Киромон - 27. Ин хонаводаҳо умуман аз хонаҳояшон кӯчи иҷборӣ шуда ва дар Кобул саргардону билотаклиф ҳастанд. Ва акнун дар хонаҳои онҳо Толибон иқомат доранд
7 – Куштори ҷамъии асирон;
22 сунбула (13 сентябр) фамондеҳ Муҳаммадёри Шоба бо 15 нафар аз сарбозонаш дастгир ва сипас тирборон шуданд. 23 сунбула (14 сентябр) фармондеҳон Ҳоҷӣ Маликхон ва Ҳоҷӣ Ханҷар низ бо 63 сарбози худ нахуст дастгир ва сипас тирборон шуданд. Навори куштори ҷамъии асирони ҷангӣ аз сӯи худи Толибон дар расонаҳо пахш шуд, аммо ҳеҷ вокунише аз сӯи созмонҳои ҳуқуқи башар ва расонаҳои ғарбиро ба бор наовард. Дар ҳоле ки ин созмонҳо ва расонаҳо аз кушта шудани Маҳсо Аминӣ дар Эрон як маъракаи бузурги таблиғотиро ба вуҷуд оварда, мӯҷиби бузургтарин эътирозҳо дар таърихи он кишвар шуданд.
Вазъи кунунӣ
Акнун як кандаки ҳаштсаднафарии Толибон дар шаҳристони Дара ҳузур дорад. Дувоздаҳ пуста (посгоҳ) дар сартосари Абдуллохел фаъол аст. Аммо Толибон баъд аз ҳамлаи таҳоҷумиашон ба таърихи 18 савр (8 май) умуман хонаҳои мардумро пустабандӣ карданд ва сокинини хонаҳоро кӯчи иҷборӣ доданд.
Акнун беш аз чиҳил хонаводаи фармондеҳони Толибон ва созмонҳои террористии хориҷӣ, назири Алқоида, Ҷайши Муҳаммад, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Таҳрики Толибони Покистон, шибҳи низомиёни Ҳизби таҳрир ва дигарон ба сар мебаранд. Тибқи гузоришҳо, қарор аст дар дараи Абдуллохели шаҳристони Дара як пойгоҳи бузурги созмонҳои террористии хориҷӣ ба раҳбарии “Ал-қоида” эҷод шавад.
Ба ҳамин минвол, шаҳристони Дара нуқтаи амн барои Толибон ва ҳамтоёни хориҷии онҳо шудааст.