Хабари рӯз

Агар Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ ба Русия нарасад, Русия ба Додгоҳи ҷиноии байнуллмилалӣ хоҳад расид.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Намояндаи доими Федератсияи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, Василий Небензия, дар таърихи 8 апрели 2026 дар ҷараёни нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал эълом кард, ки Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ (ICC), ки худро беэътибор карда, ба абзоре барои дасткориҳои сиёсӣ дар дасти кишварҳои ғарбӣ табдил шудааст.

Ӯ гуфт: “Дар мавриди нақши Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ, иҷозат диҳед ишора кунам, ки ин шабеҳи додгоҳ (додгоҳи ҷаълӣ) комилан худро беэътибор карда ва ба абзоре барои дасткориҳои сиёсӣ ва фишор дар дасти баъзе кишварҳои ғарбӣ табдил шудааст”.

Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз кишварҳо дигар дар яктарафагӣ ва манфиатҷӯии ин додгоҳ тардиде надоранд. Барои мисол, Иёлоти Муттаҳида, Чин, Ҳинд, Исроил ва Эрон бо асли ин додгоҳ ба унвони ниҳоде, ки ҳокимияти кишварҳоро маҳдуд мекунад, мухолифат доранд. Дар ин миён, Иёлоти Муттаҳида аз сарсахттарин мухолифони фаъолияти ин додгоҳ аст.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз даргирӣ миёни Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар соли 2008, Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ шикоятҳои шаҳрвандони Осетияи Ҷанубиро рад кард, бо вуҷуди он ки комиссияи Иттиҳоди Аврупо масъулияти оғози даргириро бар уҳдаи Гурҷистон дониста буд.

Бо ин ҳол, воқеияти таҷовузи Тбилиси ба Схинвали ва ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳи ғайринизомиён дар парвандаҳои ҷиноии ин додгоҳ тасдиқ нашуд.

Ҳукумати Русия дар таърихи 20 марти 2026 лоиҳаеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки иҷозат медиҳад барои ҳимоят аз шаҳрвандони русӣ, ки дар хориҷ боздошт ё таҳти таъқиби судӣ қарор гирифтаанд, ба кишварҳои дигар нерӯ фиристода шавад. Ин санад пешбинӣ мекунад, ки ба дастури раисиҷумҳур, истифодаи фаромарзии нерӯҳои мусаллаҳ барои ҳимоят аз шаҳрвандони Русия мумкин бошад.

Пештар, дар 29 декабри 2025, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, қонунеро имзо кард, ки иҷозат медиҳад аҳкоми додгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ ва додгоҳҳои вижа, дар қаламрави Русия иҷро нашаванд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!