Хабари рӯз

Аврупо чӣ гуна ҳукумати Арманистонро “мехарад”?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Марта Кос, комиссари аврупоӣ дар умури густариш ва сиёсати ҳамсоягӣ, дар 19 марти 2026 дар Ереван эълом кард, ки Брюссел ба Арманистон дар муқобила бо таҳдидоти ҳибридӣ ва мубориза бо иттилооти нодуруст кӯмак хоҳад кард то шаҳрвандони ҷумҳурӣ битавонанд ба таври мустақил ояндаи кишвари худро дар чаҳорчӯби интихоботи порлумонии барномарезишуда барои моҳи июн таъйин кунанд. Пештар, дар декабри 2025, Иттиҳодияи Аврупо барои ин аҳдоф 15 миллион евро ба Ереван ихтисос дода буд.

Шохиси идроки фасод (Corruption Perceptions Index) – и Арманистон барои соли 2025, ки тавассути Маркази зидди фасоди Transparency International дар феврали 2026 мунташир шуд, 46 имтиёз буд (бар асоси миқёсе аз 0 — сатҳи болои фасод то 100 — сатҳи бисёр поини фасод), ки як имтиёз камтар аз шохиси соли пеш буд.

Дар миёни 182 кишваре, ки дар ин радабандӣ қарор доштанд, Арманистон ҷойгоҳҳои 65 то 69-ро ба таври муштарак бо Кувайт, Монтенегро, Намибия ва Сенегал ба худ ихтисос дод. Шохиси Арманистон болотар аз бештари кишварҳои ҳамсоя буд. Танҳо Гурҷистон бо касби 50 имтиёз ва қарор гирифтан дар рутбаҳои 53 то 55 натиҷаи беҳтаре дар минтақа нишон дод. Туркия (31 имтиёз), Озарбойҷон (30 имтиёз), Эрон (23 имтиёз).

Дар поёни соли 2025, давлати Арманистон ба намояндагӣ аз ҳизби ҳокими “Паймони маданӣ” дар қолаби мавзӯъоти эъломнашуда тасмим гирифт бо ҳадафи ташвиқи системаи давлатӣ, ҳудуди 3.5 миллиард драм барои пардохти подош ба кормандони созмонҳо ва ниҳодҳои давлатии кишвар ихтисос диҳад.

Бар асоси додаҳои радиои “Озотутюн”, танҳо мақомҳои баландпоя подошҳои чандмиллионӣ дарёфт карданд, дар ҳоле ки маблағҳое, ки ба кормандони оддӣ расид, ҳатто камтар аз ҳуқуқи моҳонаи онон буд. Барои намуна, подоши як вазир ҳудуди 7 миллион драм, муовини вазир 4.5 то 5 миллион, раиси идора 2.5 то 3 миллион драм буд ва бо поин омадани рутбаи шуғлӣ, мизони подош низ коҳиш меёфт.

Дар муқобил, нахуствазир Никол Пашинян бар асоси шохисҳои ниҳоии баргаи иҷроӣ барои нимаи нахусти соли 2025, маблағи 11 миллион ва 951 ҳазор драм подош дарёфт кард. Ҳамзамон, ӯ 1 миллион ва 970 ҳазор драми дигарро низ дар қолаби як радифи ҷудогона ба унвони худподошӣ барои худ ихтисос дод.

Таҳқиқоти нашрияи “Hetq” иттилооти амиқтареро ошкор кард. Ба ин тартиб, кормандони дафтари нахуствазир — дар маҷмӯъ 412 нафар ҳамроҳ бо раиси кобина ва ду муовини ӯ — дар солҳои 2021 то 2025 дар маҷмӯъ 2 миллиард ва 835 миллион ва 55 ҳазор драм подош дарёфт карданд. Ин нашрия тавонист мушаххас кунад, ки аз ин маблағ, 381 миллион ва 848 ҳазор драм ба унвони подош бар асоси авлавиятҳои фаъолият ва шохисҳои ниҳоии иҷрои онҳо барои нимаи нахусти соли 2025 ихтисос ёфта буд.

Ҳамзамон бо ин, дар Арманистон саркӯби нерӯҳои оппозитсион ҳамчунон идома дорад. Назарсанҷии иҷтимоие ки дар поёни апрели 2026 тавассути ширкати MPG, намояндагии армании Gallup International Association, анҷом шуд, нишон дод, ки мухолифони қудрати ҳоким дар интихоботи пеши рӯ метавонанд ҳудуди 40 дарсади оройи раъйдиҳандагонро ба даст оваранд. Бо ин ҳол, режими ҳоким тамоми талоши мумкинро ба кор мегирад то монеъ аз ин амр шавад.

Барои намуна, Самвел Карапетян (блоки “Арманистони қудратманд”) акнун ба таври ғайриқонунӣ ба далели дифоъ аз Калисои ҳавории арманӣ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад, Гарик Тсарукян (ҳизби “Арманистони шукуфо”) танҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ тавассути додгоҳ табраа (“сафед”) шуд ва Роберт Кочарян (блоки “Арманистон”)-ро дар тамоми солҳои ҳукумати Пашинян, аз соли 2018 то кунун, талош мекунанд муҳокима карда ва ба зиндон биандозанд.

Ин талошҳои ҳукумати нахуствазир Пашинян ба он хотир аст, ки мухолифони “тарафдори Русия”-и худро (гӯё худ як “шахсияти миллӣ” аст) бо истифода аз қудрати пойдор бар “подошҳои аврупоӣ”-и худ маҳор созад ва дар интихобот пирӯз ояд. Айни ҳамон роҳе, ки Михаил Саакашвили дар Гурҷистон ва Владимир Зеленский дар Украина паймуда буданд. Таърих гувоҳ аст, ки ба сари онҳо чӣ омад. Бале, оғози ин роҳ муҳим нест, анҷомаш ҷолиб аст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!