Заҳро Вагонкништ бо таъсис ҳизби “Иттиҳоди Заҳро Вагонкништ - барои ақлонияту адолат” дар Олмон як идеологияи ҷадидро ба майдон овард.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Ба таърихи 8 январ дар Олмон ҳизби ҷадиде тавассути ду раҳбари собиқи ҳизби чапи Олмон Заҳро Вагонкништ ва Амиро Муҳаммадалӣ эҷод гардид, ки гуфта мешавад чашмандози аҳзоби Олмонро тағйир медиҳад.
Заҳро Вагонкништ яке аз раҳбарони маҳбуби кунунии Олмон аст, ки 30 сол барои ҳадафаш дар даруни ҳизби чапи Олмон мубориза кард. Ӯ пас аз ваҳдати Олмон шӯҳрат ба марксисти ортодокс дошт ва платформаи коммунистӣ дар даруни Ҳизби чапро раҳбарӣ мекард. Ҳамеша улгуи вай Роза Люксембург буд ва аст. Дар солҳои ахир мавозеашро тағйир дод ва бештар мавозеи муҳофизакорона дар масоили хориҷиҳо ва паноҳандагонро гирифт.
Акнун ҳизби ҷадидро бар меҳвари ҳувияту фарҳанги олмонӣ бо ҳалқае аз равшанфикрони чапии олмонӣ эҷод намудааст, ки асоси он ҳувият, фарҳанг, адолати иҷтимоӣ ва арзишҳои олмонӣ мебошад.
Падар Заҳро Вагонкништ яке аз шахсиятҳои Ҳизби Тӯдаи Эрон буд, ки ҳеҷ гоҳ номашро ифшо накард.
Дар канори вай Амиро Муҳаммадалӣ қарор дорад, ки то чанде пеш раҳбари Ҳизби чапи Олмон буд. Амиро Муҳаммадалӣ аз падар мисрӣ аст ва ба мисли Заҳро модари олмонӣ дорад.
Заҳроро натанҳо шахсиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, балки файласуфи бузурги Олмон мисли Ричард Парешт низ ғайримустақим ҳимоят мекунад. Муҳимтар аз он тамоми расонаҳои Олмон чӣ муҳофизакор ва чӣ чап ба вай хушбинии аҷибе доранд ва барояш пайваста табилғ мекунанд. Ҷолиб аст, ки ҳизбашро ба номи худаш ном гузоштааст.
Яке аз муовинҳои Заҳро профессори эронӣ–олмонӣ Шервин Ҳаққшунав аст, ки ба ҳайси як корфармои муваффақи олмонӣ шинохта мешавад.
Бад-ин гуна умед меравад, ки вай натанҳо монеъи бузург шудани ҳизби дастиростӣ бо гароишҳои фашистии олмонӣ ба номи “Алтернатива барои Олмон” шавад, балки бахши бузурге аз раъйдиҳандагони аҳзоби сотсиал-демократ ва Иттиҳоди сабзҳо ва ҳатто ҳизби муҳофизакори демократи масеҳиро низ ба сӯяш бикашонад.
Он чи ки Заҳро Вагонкништро дар шароити буҳрон барои мардуми ҷолиб сохтааст, тарҳи муҳоҷирини вай мебошад, ки мехоҳад ба шиддат маҳдуд бисозад. Ӯ дар конфронси расонаиаш ба рӯзи 8 январ гуфт: “Олмон ниёз дорад, то ба сиёсати беравияи пазириши муҳоҷирон поён диҳад ва ба иваз муҳоҷирони сиёсиро ба кишвар бипазирад, ки дар солҳои ахир рақами пазириш дар поинтарин сатҳ расидааст”.
Бар ин асос се бор ба Афғонистони пасотолибонӣ ишора намуд ва сиёсати ҳукумати эътилофиро ба шиддат интиқод намуд ва гуфт: “Ҳазорон зану марди афғонистонӣ, ки бо Олмон содиқона ҳамкорӣ карданд, дар зери сайтараи Толибон ба хатари марг мувоҷеҳанд ва ба Олмон интиқол дода нашуданд, дар иваз муҳоҷироне, ки бо пардохти даҳҳо ҳазор евро пул ба қочоқбарон, ба Олмон меоянд, дар зери номи ниёзи корфармоён, пазируфта мешаванд. Ин сиёсат ғалат аст, чун дар даруни Олмон шикоф миёни фақру сарват хеле бузург шудааст ва олмониҳо дар фақр наметавонанд фарзандонашонро барои омӯзиши хуб, ҳимоят кунанд. Дар натиҷа фақир, фақир мемонад ва сарватманд сарватманд”.
Ӯ такрор кард, ки афғонистониҳо бояд наҷот дода шаванд.
Дар масоили сиёсати хориҷӣ хостори баргашти Олмон ба сиёсати суннатӣ гардид, ки тавассути Вилли Брандт матраҳ ва ҳадафи он ҳамзистӣ миёни Шарқу Ғарб буд. Ӯ аз сулҳ дар Украина ва музокира бо Русия ҳимоят мекунад, то Олмон имкони дарёфти манобеи арзон аз Русияро дубора ба даст оварад.
Дар охири даҳаи 1990, файласуф ва таърихдони марксисти бритониёӣ Эрик Ҳобсбаум гуфта буд: “Идеологияи қарни 21 иборат аз омезиши аносири сотсиалистӣ ва муҳофизакорӣ хоҳад буд” ва Заҳро Вагонкништ чунон як идеологияро ба майдон овард.
***
Мо дар Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон чунин идеологияро пештар аз олмониҳо дар санади роҳбурдии Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон тарҳ кардем, ки пояи аслии он ҳувият ва забони порсӣ бо адолатхоҳии мудерну суннатҳои фарҳангиву динӣ аст.