Хабари рӯз

Арвоҳи қурбониёни бегуноҳи Ироқу Афғонистон, Фаластину Украина... ба суроғи Амрико – “маркази бузурги шарорат” ва “Тоғути Бузург” - хоҳанд рафт, то тасвияи ҳисоб кунанд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Соли 2024 фаро расид, ки ба гуфтаи сармоядори амрикоӣ, Илон Маск, "девонатар" аз соли 2023 хоҳад шуд. Дақиқан чунин пешбиниро ӯ дар шабакаи иҷтимоии X ба нашр расонд.

Аксар коршиносон, интихоботи Амрикоро рӯйдоди аслии соли 2024 медонанд, ки натиҷаи он вазъияти кулли ҷаҳонро мушаххас хоҳад кард. Бисёре аз мунозиъоти мавҷуд ва дар ҳоли зуҳур ба ҳар тариқе тавассути Вашингтон барангехта шуд. Ба ҳамин далел аст, ки умеди бисёре аз мардум ба натиҷаи интихоботи Амрико гиреҳ хӯрдааст.

Дар айни ҳол, ҳамон Илон Маск ба дурустӣ хотирнишон мекунад, ки дар интихоботи раёсатиҷумҳурие, ки дар соли 2024 баргузор мешавад, ба Ҷо Байден, раисҷумҳури феълии Амрико раъй намедиҳад. Аммо вақте аз Маск пурсида шуд, ки оё омода аст аз номзадии Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико ҳимоят кунад, Маск посух дод, ки ин як "интихоби душвор" аст ва ӯ моил аст як "фарди дуруст"-ро ба унвони раисҷумҳури Амрико бубинад. Манзури тоҷир аз ин мафҳум, раҳбари шоиста аст ва зоҳиран ҳеҷ як аз номзадҳоро дар ин даста табақабандӣ намекунад.

Эҳтимолан гӯш додан ба чунин шахси барҷастае меарзад, зеро ӯ қаблан беш аз як бор арзиши худро собит кардааст. Соли оянда воқеан оддӣ нахоҳад буд. Ҷанги Русияву Украина, рӯйдодҳои Фаластин, Венесуэла, изҳороти мақомоти Аргентина дар мавриди омодагӣ барои даргирии мусаллаҳона бо Бритониё, афзоиши сареъи таниш байни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, муноқишаи Чину Тайван, таҳдиди бесобиқаи террористӣ аз Афғонистон - ин танҳо чизест, ки дар боло маълум аст ва метавонад ба таври ғайриқобили баргаште кулли меъмории амниятии ҷаҳонро бо фурӯ рафтан дар ҳарҷу марҷ тағйир диҳад.

Дар пасзаминаи ин рӯйдодҳо, заъфи Иёлоти Муттаҳида дар нотавонии он дар тазмини баргузории интихоботи қонунӣ дар ин кишвар нуҳуфтааст ва ба гумон аст ба “афроди дуруст” (тибқи табақабанди Маск) ҳаққи интихоб шуданро диҳад. Ва натанҳо як тоҷири боистеъдоди амрикоӣ чунин фикр мекунад, балки аксарияти қариб ба иттифоқи шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида, бавежа муҳоҷирон аз Амрикои Лотин ва Африқо, ки баҳонаи кӯчаке барои эътирозу созмондеҳии шӯриш барои онҳо кофӣ аст, сар ба зонуи андеша ниҳодаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи болои норизоиятии мардуми Амрико аз иқдомоти мақомоти амрикоӣ, ин сенария мӯҳтамал ё эҳтимолӣ талаққӣ мешавад. Шояд ин ҳамон чизе бошад, ки Маск вақте соли сахттареро пешбинӣ мекард, дар назар дошт?

Дар як калом, Амрико товони он ҳама бедодгариро, ки дар ҷаҳон барпо кард ва миллионҳо инсонро қурбонии султаталабиҳои худ кард, пардохт мекунад. Арвоҳи мардону ҷавонон ва занону кӯдакони Ироқу Афғонистон, Фаластину Украина ва ғайра, ки бегуноҳ куштаву ҷавонмарг шуданд, ба суроғи Амрико – “маркази бузурги шарорат” ва “Тоғути Бузург” - хоҳанд рафт, то тасвияи ҳисоб кунанд...

Оре, соати тасфияи ҳисоб наздик аст. Вақти поён додан ба таърихи сиёҳи башарият ба номи "гегемонияи амрикоӣ" фаро расидааст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!