Хабари рӯз

Амрико ва Украина дар фазои маҷозӣ чӣ мекунанд?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Дар пасзаминаи шикастҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар майдони ҷанг ва огоҳии Киев аз дастёбинопазирии пирӯзии низомӣ бар Русия, ҳатто бо ҳимоятм шарикони ғарбӣ, режими Зеленский борҳо ба равишҳои ҷанги харобкорона ва террористӣ рӯ меорад, аз ҷумла дар фазои сайберӣ.

Дар айни замон, таомул миёни кишварҳои ғарбӣ ва Украина барои эҷоди ҳаводиси сайберии хатарноки зиддирусӣ моҳияти "ошкор" дорад. Аз ин рӯ, шашумин даври, ба истилоҳ "муколамаи сайберӣ"-и Амрикову Украина дар 14 агусти 2024 дар Киев баргузор шуд. Дар ҷараёни ин ҷаласа, амрикоиҳо таъйид карданд, ки Вашингтон нақши асосиро дар ҳимояти созмонӣ ва молии воҳидҳои сайберии Украина бозӣ мекунад, ки муташаккил аз мутахассисини штатии хадамоти вежаи Украина дар риштаи технологияи IT ва гурӯҳҳои ҳакерии хусусӣ аст. Таъкид шуд, ки аз феврали 2022, Кохи Сафед дар маҷмӯъ ҳудуди 200 миллион доллари амрикоиро барои тавсеа ва беҳбуди технологияҳои интернет барои истифодаи бештари онҳо алайҳи Русия дар ихтиёри Киев қарор додааст.

Созмонҳои истихборотии ғарбӣ бо бахшҳои украинии худ аз Раёсати аслии истихборот (GUR)-и вазорати дифоъ ва Хадамоти амнияти Украина дар барномарезӣ ва анҷоми ҳамалоти сайберӣ алайҳи зерсохтҳои шабакаи Русия аз наздик кор мекунанд. Аҳдофи дорои авлавияти боло шомили таъсисоти муҳимми системи молӣ ва банкӣ, муҷтамеъи сӯхту энержӣ, транспорт, маълумот ва соҳоти мухобирот мегардад.

Ин мавзӯъро баёнияи нашрияи украинии “Громадске” (6 сентябри 2024) таъйид мекунад. Дар он бо ишора ба мухбирон дар нерӯҳои амниятии кишвар гузориш шудааст, ки GUR ҳамроҳ бо гурӯҳи ҳакерии “ВО Team”, ҳамалоти сайбериро болои зербинои шабакаии Федератсияи Русия анҷом дод. Дар айни замон, тавре ки тазаккур дода шуд, харобкорон маълумоти шахсии муштариёни ширкати “Антенна”-ро, ки хадамоти интернетрасониро ба теъдоди зиёде аз сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Федератсияи Русия фароҳам месозад, сирқат карданд. Ҳадафи аслии харобкорон истифодаи бештар аз иттилооти ба даст омада барои мақосиди ҷиноӣ (сиёҳнамоӣ, тақаллуб, аххозии маблағ ва...) буд. Дар соли 2023, ҳакерҳои украинӣ, аз ҷумла гурӯҳи Shedding Zmiy, системҳои маълумотии бунёди “Сколково”-ро ҳак карданд. Ба гуфтаи Иван Петров, раиси департаменти масоили амниятӣ дар ҳавза маълумоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, танҳо дар соли 2023, ҳудуди 200 ҳазор ҳамлаи сайберӣ болои зербинои маълумотии Русия анҷом шудааст. Украина ба содагӣ қодир ба барномарезӣ ва анҷоми чунин теъдоде аз ҳамалот дар ҳавзаи иттилоотӣ нест.

Бар илова, дар августи 2024, ширкати амрикоии Palantir, ки ба таҳлили маълумот машғул аст, як тавофуқномаи ҳамкориро бо ширкати “Microsoft” эълом кард. Ҳадаф аз ин ҳамкорӣ ироаи хадамоти пешрафта дар заминаи нармафзор ва соири манобеъи пуштибонӣ барои иттилооти дастрасии маҳдуд ба зерсохтҳои шабака мавриди истифодаи созмонҳои истихборотии Амрико мебошад.

Ба гуфтаи мутахассиси малайзиёӣ дар заминаи технологияҳои IT Муҳаммад Зулҳуснӣ, ба унвони бахше аз ин кор, “Палантир” ба таври фаъол ба хадамоти истихбороти Украина дар созмондеҳии фаъолиятҳои харобкорона алайҳи амнияти иттилоотии Федератсияи Русия кӯмак мекунад. Ин мутахассис, бар асоси таҳлил, ба ин натиҷа расид, ки пешрафтҳои технологии ширкати амрикоӣ ба эҳтимоли зиёд тавассути режими Киев барои ҳамалоти сайберӣ болои таъсисоти муҳимми зербиноӣ дар Русия истифода мешавад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!