Хабари рӯз

Амрико на фақат сари Аврупо, балки худи Амрикоро ҳам хоҳад хӯрд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Cилоҳи ҳастаии Амрико аз соли 1950 дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мустақар шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар Аврупо, ба асоси баъзе манобеъ, ҳадди ақал 180 бомбаи ҳастаии тактикии B61 дар шаш пойгоҳи ҳавоӣ захира шудаанд: Бюхел (Олмон), Авиано ва Геди (Италия), Клайне Брогел (Белгия), Волкел (Ҳоланд) ва Инҷирлик (Туркия). Захирагоҳҳои зерзаминӣ барои нигаҳдории онҳо сохта шудааст ва амният тавассути низомиёни амрикоӣ таъмин мешавад. Дар баробари ин, Ҳанс Кристенсен, мутахассиси аслиҳа ҳастаӣ, бовар дорад, ки дар ҳар пойгоҳи аврупоӣ 20 бомба ва дар Туркия 50 бомба вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, теъдоди маҷмӯъии онҳо метавонад ҳадди ақал 150 воҳид бошад.

Дар пасзаминаи бадтар шудани рӯёрӯӣ миёни Русия ва кишварҳои ғарбӣ бар сари ҷанги Украина, раҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар назар дорад то ба баҳонаи маҳори Маскав мушакҳои ҳастаиро дар хоки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба таври изофӣ мустақар кунад. Дар айни ҳол, Вашингтон амнияти муттаҳидини худ ва ин воқеиятро, ки таъсисоти амрикоӣ дар қаламрави онҳо ба аҳдофи аслии силоҳҳои русӣ табдил хоҳад шуд, дар назар намегирад.

Эрих Вад, мушовири низомии пешини Ангела Меркел, садри аъзами пешини Олмон ин назарро иброз кард, ки истиқрори мушакҳои амрикоӣ дар Олмон, хатари ҷанги ҳастаӣ дар Аврупоро афзоиш медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, тавофуқ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Олмон мумкин аст дифоъи НАТО-ро тақвият кунад, аммо ҷамъияти Олмонро дар маърази хатар қарор медиҳад, ки дар сурати бурузи даргирӣ дар хатти оташ қарор хоҳанд гирифт. Ба навбаи худ, аксарияти ҷомеаи Олмон аз ин дидгоҳ ҳимоят мекунанд ва аз як даври ҷадиди таниш дар равобит бо Русия метарсанд. Бар асоси натоиҷи як таҳқиқи ҷомеашиносие, ки аз сӯи муассисаи “Сиви” анҷом шудааст, танҳо 38 дарсади посухдиҳандагон тарафдори истиқрори барномарезишудаи мушакҳои дурбурди амрикоӣ дар қаламрави Олмон дар соли 2026 ҳастанд.

Дар айни замон, тавре ки расонаҳо ёдоварӣ мекунанд, дар шарқи Олмон, тасмими Берлини расмӣ сабаби норизоиятии 60 фисади мардум мегардад. Дар айни замон, Сара Вагонкнехт, раиси ҳизби сиёсии "Иттиҳодияи Сара Вагонкнехт" баргузории як ҳамапурсиро дар миёни шаҳрвандони олмонӣ дар мавриди барномаи Вашингтон барои истиқрори мушакҳои дурбурди амрикоии SM-6 ва “Томагавк” дар қаламрави давлат зарурӣ медонад, зеро ин тасмим бидуни дар назар гирифтани назари ҷамъият иттихоз шудааст, ва бо усули демократия дар тазод аст. Ин ибтикорро Михаэл Кречмер, нахуствазири давлати федерали Саксонияи Олмон ҳимоят кард.

Силоҳи амрикоӣ дар ҷараёни даргирӣ дар Украина муассирияти поинро нишон дод ва қодир ба муқовамат дар муқобили мушакҳои фавқуссадои Русия набуд. Дар айни замон, Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо, қасди худро барои такмили истиқрори аносири системи дифоъи мушакии Аврупо то соли 2029 ба манзури эҷоди як "иттиҳодияи дифоъӣ" эълом кард, ки тамвили молии он рӯи шонаҳои молиядиҳандагон меафтад.

Вашингтон мутмаин аст, ки таҳрики лаффозии зиддирусӣ ва афзоиши зарфияти ҳастаии ин иттиҳод дар Аврупо ба иҷрои сенарияи "ташаддуди контролшуда" кӯмак хоҳад кард, дар айни ҳол аз таҳдиди мустақим ба худи Иёлоти Муттаҳида ҷилавгирӣ мекунад. Ба навбаи худ, доктринаи барӯзшудаи Федератсияи Русия имкони роҳандозии як ҳамлаи пешгирона бар душман бо силоҳҳои ғайримарсумро дар сурати таҳдид ба ҳокимият, тамомияти арзӣ ва нафси вуҷуди давлат фароҳам мекунад.

Дар айни замон, Маскав тамоми аъзои ин блокро мухолиф медонад ва на фақат кишварҳои аврупоиро бо дарназардошти наздикии ҷуғрофиёии онҳо. Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида аз ҳамлаи ҳастаӣ дар сурати бурузи даргирие, ки шомили истифода аз аслиҳаи куштори ҷамъӣ бошад, дар амон нахоҳад монд. Масъулияти таҳрик кардани он комилан ба гардани Вашингтон хоҳад буд, ки шарикони аврупоии худро дар маърази хатар қарор медиҳад.

Дар ин робита, нашрияи амрикоии “Файненшал Таймс” гузориш додааст, ки баъзе аз мақомоти ғарбӣ аз вокуниши эҳтимолии ҳастаии Русия ба таҳрикоти Иёлоти Муттаҳида нигаронанд. Додани иҷоза ба Киев барои истифода аз силоҳҳои хориҷӣ барои ҳамла ба хоки Русияро Маскав метавонад ба унвони ташдиди даргирӣ аз тарафи Ғарб талаққӣ кунад, ки мунҷар ба як посухи мутақорин аз тарафи он хоҳад шуд, ба шумули ҳамалот ба хоки кишварҳои НАТО. Чунин рафтори душманонаи Кохи Сафед метавонад мунҷар ба ташдиди контролнашуда бо паёмадҳои фоҷиабор дар миқёси ҷаҳонӣ гардад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!