Дар мусобиқаи "Ба ҷаҳон аз ватанат бигӯ" дар Русия як ролики видеоӣ дар бораи шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон баранда шуд.
Нависанда: Карим Раҳим (Тоҷикистон)
Асли матлаб: Гимн дружбы
Маросими эҳдои ҷоизаҳои барандагони Мусобиқоти ҳафтуми байнулмилалии “Ба ҷаҳон аз ватанат бигӯ” дар Маркази миллии «Русия» баргузор шуд. Беш аз 60 кӯдак, навҷавон ва бузургсоли боистеъдод аз 22 минтақаи Русия ва 21 кишвари ҷаҳон ҷоизаҳои шоистаро дарёфт карданд ва дар миёни онҳо қаҳрамонони мо низ ҳастанд!
Аҳмадов Аҳмад Қаҳрамонович ва Аркадева Лиана Андреевна, бошандагони навраси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, бо пешниҳоди як матлаби видеоии олӣ дар категорияи синни севум, барандаи ин мусобиқот шуданд! Кори онҳо, ки таҳти раҳнамоии ҳассоси Ҳоҷиева Ибодат Наимовна ва Эргашева Нодира Восидовна эҷод шуда буд, ҳамзамон дар ду номинатсия - "Ба ҷаҳон аз ватанат бигӯ" ва "Арзишҳои суннатии русӣ дар наворҳо" - мавриди тақдир қарор гирифт.
Аҳмад ва Лиана зебоӣ ва танаввӯъи зодгоҳашон Хуҷандро ба тамоми ҷаҳон нишон доданд ва ҳамзистии мусолиматомези мардумони миллиятҳо, мазоҳиб ва дидгоҳҳои мухталифро ба намоиш гузоштанд. Онҳо бо кори худ собит карданд, ки арзиши воқеӣ дар иттиҳоду дарки мутақобил, дар самимияту муҳаббат нуҳуфтааст, на дар тафовутҳои миллӣ.
Матлаби видеоӣ ба як гимни воқеии дӯстӣ ва мудоро табдил шуд ва қалби ҳайати доварону тамошочиёнро ламс кард. Онро як пирӯзии бузург метавон талаққӣ кард, ки на танҳо барои Аҳмад ва Лиана, балки барои тамоми Тоҷикистон боиси ифтихор аст!
Илова бар ин шоҳкор, 7407 асар аз 89 минтақаи Русия ва 54 кишвари ҷаҳон ба ин мусобиқа ирсол шуда буд. Бошандагони ҷавони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қибрис, Куриё, Австралия, Португалия ва дигар кишварҳо низ дар бораи ватанашон қисса карданд ва бисёрии онҳо низ соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Ин проект бештар аз 100 ҳазор иштироккунанда, мураббӣ, устод ва мутахассисро ба ҳам овард. Дар ҳайати доварон аз 125 мутахассис аз 32 минтақаи Русия ва 5 кишвари хориҷӣ ҳузур доштанд.
Ҷуғрофия, син ва таркиби қавмии иштироккунандагон фавқулода мутанаввеъ буд, ки ҷавонон ва бузургсолонро аз садҳо кишвар бо ҳам овард. Ин миқёс ва танаввӯъ як бори дигар усули таҳаммул ва чандфарҳангиро, ки асоси фарҳанги Русияро ташкил медиҳад, барҷаста месозад.
Дар маросим ҳамчунон китоби роҳнамои омӯзиши забони русӣ барои хориҷиҳо - "Русияро кашф кун" муаррифӣ шуд, ки бо корҳое аз ин мусобиқот мусаввар шуда буд. Барандагони ҷоизаро чеҳраҳои барҷастаи давлатӣ ва мардумӣ, раисони созмонҳои тарбияи ватандӯстӣ, устодони донишгоҳҳои Маскав ва ҳамчунон намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ҳалақоти тиҷоратии Русияву кишварҳои хориҷӣ тақдир карданд.
Дар ин маросим сафирони 15 кишвари ҷаҳон - Австралия, Белорус, Булғористон, Миср, Ҳинд, Ҷумҳурии халқӣ- демократии Куриё, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Никарагуа, Португалия, Приднестрове, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эквадор - ҳузур доштанд. Дар барномаи консертӣ ҳунармандони маҳбуб, гурӯҳҳои поп ва театрҳои мусиқии кӯдакон ширкат доштанд. Баъд аз хатми маросим, меҳмонон аз намоишгоҳ-тури "Сафар дар Русия" дидан карданд.