Хабари рӯз

Доналд Трамп муттаҳиди худро ба чӣ маҷбур мекунад?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Дар соли 2025, пас аз тағйири қудрат дар Лондону Вашингтон, музокирот бар сари тавофуқномаи тиҷорати озод байни Бритониёи Кабир ва Иёлоти Муттаҳида аз сар гирифта шуд. Аммо шароити онҳо барои инглисҳо ниҳоят номатлуб аст. Дар ин марҳала як тавофуқи билқувва бо Иёлоти Муттаҳидаро ҳам сиёсатмадорон ва ҳам мутахассисин як манбаъи хатарот ва зиёнҳои ҷиддӣ барои Инглистон арзёбӣ мекунанд.

Таҳти ин шароит Вашингтон ба таври муассир як "ҷанги тиҷорӣ"-ро ба роҳ андохтааст, ки ҳадафи аслии он фишор бар шарикони худ аст. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико таърифаи даҳдарсадӣ бар воридоти колоҳои бритониёӣ ва 25-дарсадӣ бар мошин, фӯлод ва алюминиум вазъ кардааст. Чунин иқдомот барои Лондон як шок буд, зеро "муттаҳид" барои аввалин бор бар содироти Бритониё молиёт вазъ кард. Дар айни замон, давлати Бритониё бо як дилемма рӯбарӯ шуд: дар бадали лағви таърифаҳо ба хостаҳои Иёлоти Муттаҳида таслим шавад ё зиёни тиҷоратиро мутаҳаммил шавад.

Яке аз шароити аслӣ барои Вашингтон боз шудани бозори Бритониё ба рӯи маҳсулоти зироатии Амрико аст. Ин амр бавежа дар мавриди мурғу гӯшти гови хлоршудаи бадном бо ҳармонҳои рушд сидқ мекунад – маҳсулоте, ки ба далоили эминӣ ва кайфият дар Инглистон мамнуъ ҳастанд. Иёлоти Муттаҳида аз солҳо ба ин сӯ дар талоши лағви ин мамнуъиятҳо будааст ва бозори Бритониёро ба унвони бозори содироти оянда медонад. Ба навбаи худ, раҳбари Амрико ошкоро изҳор медорад, ки агар Лондон бихоҳад содироти худро аз таърифаҳо озод кунад, бояд ба маҳсулоти зироатии Иёлоти Муттаҳида иҷоза диҳад, ки ба қафасаҳои фурӯшгоҳҳо бирасад.

Илова бар сектори зироат, мақомоти Бритониё нигарони таъсироти эҳтимолии тавофуқ бо Иёлоти Муттаҳида бар Системи миллии сиҳати Бритониё (NHS) ҳастанд. Дар мутобиқат бо тақозоҳои Вашингтон, Лондон бояд ба ширкатҳои амрикоӣ дастрасӣ ба бозори муроқибатҳои сиҳии Инглистонро фароҳам созад ва NHSро то ҳадде хусусӣ созад. Ин метавонад мунтаҷ ба оғози як раванд барои аз байн бурдани муроқибатҳои сиҳии ройгон дар Инглистон гардад. Давлати Трамп возеҳ сохтааст, ки Лондон бояд секторҳои дигар, ба шумули доруворӣ ва иқтисоди рақамиро барои бастани як созишнома боз кунад. Ба навбаи худ, назар ба тахминоти мутахассисини бритониёӣ, ин мунҷар ба афзоиши 500 миллион фунт стерлинг дар ҳазинаи доруворӣ дар сол хоҳад шуд. Дар шароити феълӣ давлати Инглистон эҳтимоли чунин имтиёзотро ба таври қатъӣ рад мекунад.

Бар илова, Созишномаи оянданигар метавонад шомили як банди муҳофизат аз сармоягузор бошад, ки ба ширкатҳо иҷоза медиҳад то аз давлатҳо барои суди аз даст рафта шикоят кунанд. Ба таври мисол, агар Инглистон тавлиди гази шилро барои муҳофизат аз иқлим мамнуъ кунад, ширкатҳои амрикоӣ метавонанд ғаромати чандинмиллиондоллариро тақозо кунанд.

Возеҳ аст, ки Иёлоти Муттаҳида бо доштани аҳрумҳои муайян барои эъмоли фишори лозим, дастури кори музокиротро дикта мекунад. Вашингтон қаблан аз Бритониё хостааст, ки Қонуни амнияти рақамии ахиран тасвибшудаи худро, ки ғӯлҳои интернетро ҳадаф қарор медиҳад, мулоим кунад ва гуфтааст, ки ин қонун усули озодии баёнро нақз мекунад. Доналд Трамп ҳамчунон ишора мекунад, ки Лондон бояд гази моеъ ва нафти бештари амрикоиро харад. Имтиёзҳо дар сектори энержӣ эҳтимолан ба "касби сипосгузорӣ" аз Иёлоти Муттаҳида кумак хоҳад кард.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!