Сарнавишти раҳбарони гурӯҳи ДОИШ-Хуросон ва иртиботи он бо Шабакаи Ҳаққонӣ
Нависанда: Маҳфуз
Раҳбарии ДОИШ-Хуросон аз оғоз то феълан фарозу нишебҳои зиёдеро таҷриба намудаанд, ки ба таври фишурда зайлан ба онҳо пардохта мешавад. “Сангар” аз оғоз, бино ба ахбору таҳлиле, ки нашр кард ва бар иловаи ин гузориш, ки аз манобеъи хос дар Афғонистон дастрас шудааст, ба ин воқеият таъкид мекунад, ки раҳбарии ДОИШ аз ибтидо то ҳол дар таҳти пӯшиши Шабакаи Ҳаққонӣ ва иморати толибонӣ буда ва талош мекунад амнияти тамоми минтақаро таҳдид кунад.
Агарчи дар мавриди иртиботи ДОИШ бо Толибон ва адами мавҷудияти ДОИШ ба гунаи физикӣ иттифоқи назар вуҷуд дорад, аммо ду нуктаи тоза дар ин ҳоло ба даст омадааст: аввал, тамаркузи ДОИШ болои манотиқи Систону Балучистон ва эҷоди ҳавза ё фармондории Форс дар ин манотиқ ва дувум, тамаркуз рӯи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба номи ҳавза ё фармондории Мовароуннаҳр, ки тамаркузи аслии ДОИШ дар ҳоли ҳозир бар иловаи ҳамалоти созмондеҳишуда ҷиҳати нишон додани ин ки ДОИШ воқеан вуҷуд дорад, эҷоди ҳастаҳои фаъол дар манотиқи мазкур мебошад.
Ҳоло барои аввалин бор дар таърихи муосир рӯҷӯъ мекунем ба ин гузориш, ки аз манобеъи хоси истихборотӣ дар Афғонистон ба даст омада ва аз раҳбарони ДОИШ ривоят мекунад.
Аввалин бунёнгузор ва раҳбари ДОИШ-Хуросон, ки нақши муҳиме дар таъсису эълони вилояти ДОИШ-Хуросон доштааст. Ин шахс ба исми МАВЛАВӢ ШОҲИДУЛЛОҲ "ШОҲИД", машҳур ба Шайх Мақбул, аз минтақаи Оракзайи Покистон ва узви шӯрои раҳбарии ТТП буд.
Шайх Мақбул аз тариқи шахсе ба исми Райҳон, узви Шабакаи Ҳаққонӣ ба созмони ЭмАй Сикс (МI6) Инглис робита барқарор карда буд. Ҳамчунон Шайх Мақбул бо баъзе арабҳое дар Ироқу Сурия шинохт дошт ва ин шинохт бармегашт ба замонҳои ҷиҳоди Афғонистон, ки дар сафи муҷоҳидин Афғонистон бо нерӯҳои Шӯравӣ ва режими коммунистии Кобул меҷангиданд.
Аввалин волӣ ё амири ДОИШ-Хуросон барои Афғонистон шахсе ба исми ҲОФИЗ САИДХОН таъйин гардида буд, ки аз қумандонони ҷангӣ ва фаъоли гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) буд. Ҳофиз Саидхон аз Оракзай агентии Покистон буд, ки баъд аз байъатбо Абӯбакр Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии ДОИШ ва эълони ДОИШ-вилояти Хуросон афроди худро ба сарҳадоти Афғонистон интиқол дод ва тавонист чандин вулусволии Нангарҳорро тасхир кунанд. Ҳофиз Саид тақрибан ду сол волӣ ё амири ДОИШ-Хуросон буд, ки дар дараи Пихайи вилояти Нангарҳор аз сӯи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин кушта шуд.
Баъд аз кушта шудани волӣ ё амири аввал шахсе ба исми ШАЙХ АБДУЛҲАСИБ ЛУГАРӢ ба сифати волӣ ё амири ДОИШ-Хуросон таъйин шуд, ки қаблан ба ҳайси муовини Ҳофиз Саидхон фаъолият дошт. Вай баъд аз кушта шудани мулло Абдурауф Ходим ба сифати муовини Ҳофиз Саид ифои вазифа мекард. Шайх Абдулҳасиб тақрибан як сол волии ДОИШ-Хуросон буд. Вай дар дараи Муҳманди вулусволии Ачини вилояти Нангарҳор дар як камин шабона кушта шуд.
Волӣ ё амири севуми ДОИШ-Хуросон шахсе ба исми МАВЛАВӢ АБУСАИД БОҶАВУРӢ таъйин шуда буд, ки ӯ ҳам узву саргуруҳи ТТП буд ва дар минтақаи Вазир Тангӣ тавассути мушаки куруз кушта шуд.
Баъд аз кушта шудани Боҷавурӣ, шахсе ба исми АБУУМАР худро масъули ҳавзаи Осиё муаррифӣ кард. Абуумар мулло АБДУЛЛОҲ ФОРУҚӢ ё "Аслам Форуқӣ"-ро, ки аз минтақаи оракзайҳои Покистон буд, ба сифати волӣ ё амири ДОИШ-Хуросон таъйину эълон намуд. Вай муддате баъд, тавассути нерӯҳои Амнияти миллии давлати ҷумҳурият дастгир ва то суқути ҳукумати собиқ дар зиндони Багром буд. Замоне, ки Толибон Кобулро тасарруф карданд, аз зиндон озод шуд. Вай муддате ба Покистон рафта ва ғойиб буд. Вале соли қабл иттилоъ ҳосил шуд, ки дар вилояти Зобул кушта шудааст, вале то акнун ҳеҷ ниҳоди истихборотӣ марги мавсуфро таъйид ё рад накардаанд.
Баъд аз боздошти Форуқӣ шахси дигаре ба исми МУЛЛО САИД волӣ ё амири ДОИШ-Хуросон муаррифӣ гардид. Дар байни ин ҳама сардаргумӣ ва ибҳом дар мавриди раҳбарии ДОИШ-Хуросон, шахсе ба исми Абуумар Кунарӣ низ хешро ба сифати волӣ ва ё амири ДОИШ-Хуросон эълон намуд.
Ин бор дар муддати бисёр каме, тағйироти дигаре дар сатҳи раҳбарии ДОИШ-Хуросон омад ва шахси дигаре ба исми САНОУЛЛОҲҲ ҒАФФОРӢ, машҳур ба доктар Шаҳоб ал-Муҳоҷир, ба сифати раҳбар ё волии ДОИШ-Хуросон таъйин гардид, ки мавсуф қаблан масъули ҳамалоти шаҳрии Шабакаи Ҳаққонӣ дар Кобул буду ба таври мармузе ба сифати раҳбари ДОИШ сууд намуд. Шаҳоб ал-Муҳоҷир то феълан раҳбари ДОИШ-Хуросон ба ҳисоб меравад ва раҳбарии ДОИШ-Хуросон дар ҳоли ҳозир тавассути як шӯрое чанднафара идора мешавад, ки феълан асомии чанд тан аъзои аршади эшон қарори зайл мебошад:
Абу Абдураҳмон, амири вилояти Кунар ва шахси муқтадири ДОИШ мебошад ва ҳамчунон Султон Азиз Азом бахши истихборот ва таблиғоти ДОИШ-ро ба дӯш дорад, яъне муовини истихборот ва амалиётҳои шаҳрии ин гурӯҳ аст. Ҳамчунон Меҳроб Тоҷикӣ, ки аз кишвари Тоҷикистон мебошад ва чандин шахси дигар дар сатҳи раҳбарии ин гурӯҳ мебошанд.
Феълан тамоми тамаркузи ДОИШ-Хуросон болои манотиқе аз Эрон аст. ДОИШ дар талоши ҳастагузорӣ дар манотиқи Систону Балучистон аст ва мехоҳад дар ин манотиқи вилояти ДОИШ-Хуросон ҳавзаи Форсро фаъолтар намояд. Ҳамчунон ҳадафи дувуми ДОИШ-Хуросон кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст, ки мехоҳад дар ин манотиқ, ҳавзаи хилофати ДОИШ-Хуросонро таҳти номи Мовароуннаҳр эълон намоянд.
Анҷоми гузориш
Тафсилоти дигар аз САНГАР: 23 ноябри 2021 Раёсати амнияти миллии Афғонистон аз дастгирии 4 тан аз авомил инҳидоми пояҳои интиқоли барқ ба Кобул хабар дода, гуфт, ки ин афрод ба дастури Саноуллоҳ, машҳур ба Шаҳоб ал-Муҳоҷир раҳбари шохаи Хуросони ДОИШ, дар садад буданд то бо тахриби пояҳои барқ, раванди хадамотрасонӣ ба шифохонаҳо, фаъолияти марокизи санъатӣ ва таъсисоти стратегӣ ва раванди зиндагии рӯзмарраро дар пойтахт ва дигар вилоятҳо" мухтал кунад.
Аммо ин иттилоъи ҷадид набуд. Агентии иттилоотии Спутники Русия қабл аз он хабар дода буд, ки раҳбари ДОИШ-Хуросон дуктур “Шаҳоб ал-Муҳоҷир”, аз паштунҳои тоҷикшудаи қавми харутии Саройи Хӯҷаи Куҳдомани вилояти Парвон, аз қавмҳои Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон аст
“Гузоришномаи Афғонистон”, веблоги рӯзноманигори маъруф, 3 сентябри 2020 тафсилоти бештаре аз раҳбари шохаи ДОИШ ба нашр расонда буд.
Инҷинер Саноуллоҳ фориғуттаҳсили политехники Кобул ва марбут ба як хонаводаи сармоядори Шимолӣ аст, ки падараш аз афроди Гулбиддин Ҳикматёр буд, вале худаш ва садҳо ҷавони дигар дар шимоли Кобул аз тарбиятшудаҳои Мулло Тоҷмуҳаммад мебошанд.
Солҳо қабл Мулло Тоҷмуҳаммад бо пулҳои Арабистони Саудӣ ҳалақоти фикрии салафиҳоро дар шимоли Кобул эҷод кард, то ҷавонон ва навҷавонон ҷазби ин ҳалақот шаванд, ки Саноуллоҳ низ яке аз ҷазбиҳои ҳалқаи салафият буд.
Баъдҳо ба васотати Мулло Тоҷмуҳаммад духтари Инҷинер Шокир (аз фармондеҳони асбақи Ҳизби исломӣ)-ро, ки аз салафиҳои машҳур дар Шакардара аст, низ ба ақди худ гирифт, то робитаҳояшон мустаҳкамтар гардад.
Гуфта мешуд, ки дар ин гурӯҳ ҷавонони зиёд дар вилоёти шимолӣ, шимол-шарқӣ, машриқӣ ва ҳатто Бомиён ҷазб шуда, ки сардастаи ҳамаашон аз назари фикрӣ Мулло Тоҷмуҳаммад аст ва Саноуллоҳ (Шаҳоб ал-Муҳоҷир) фармондеҳи ҷангиашон аст.
6 июни 2023 Раёсати амнияти Толибон аз як "амалиёти бузург" алайҳи ДОИШ дар вулусволии Сирканайи вилояти Кунар хабар дод, ки дар пайи он 14 узви ДОИШ кушта шуданд.Ҳадаф аз ин амалиёт куштан ё дастгирии Саноуллоҳҳ Ғаффорӣ ва сухангӯи ДОИШ-Хуросон Султон Азиз Азом гуфта мешуд.
Дертар расонаҳои покистонӣ ба нақл аз мақомоти истихбороти Толибону Покистон аз марги “Шаҳоб ал-Муҳоҷир” дар 9 июн хабар доданд. Ин хабарро Толибон таъйид накарданд.