Шабакаи Ҳаққонӣ барои ДОИШ ба Сурия сарбоз фиристода буд.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Нисбат ба ҳар гурӯҳи дигаре Толибони покистонӣ ба гурӯҳи ДОИШ наздиктар ҳастанд. Инҳо бо ҳамкории ДОИШ фаъолиятҳои зиёде доштанд, чунончи аз соли 2014 бад-ин сӯ солҳои сахте барои Таҳрики Толибони Покистон аз назари сохторӣ буд. Пас аз марги Ҳакимуллоҳ Маҳсуд дар Вазиристонии Ҷанубӣ, раҳбарии созмон ба Фазл Ҳаёт, маъруф ба Мулло Фазлуллоҳ, аз Свот расид. Аз он ҷое, ки барои аввалин бор раҳбарии созмон аз дасти ақвом ва қабоили маҳсуд хориҷ шуда буд, толибони маҳаллии вобаста ба қавми маҳсуд ба номи “Ҳалқаи маҳсуд” амалиёти худро зери чатри Таҳрики Толибон оғоз карданд.
Қабоили вазирӣ қаблан ҳувиятҳои ҷудогонаеро таҳти фармондеҳии Ҳофизгул Баҳодур дар Вазиристони Шимолӣ ва Баҳовал дар Вазиристони Ҷанубӣ (фармондеҳи маҳаллии ҷойгузини Мулло Назир дар Вана) эҷод карда буданд. Гурӯҳи Ториқ Афридӣ аз Дараи Одамхел пас аз марги вай тикка-тикка шуд ва Мангалбоғ Афаридӣ ҳувияти ҷудогонаи худро дар минтақаи Ачини Нангарҳор ҳифз кард. Дар ҳоле, ки Абдувалӣ бо номи мустаори Умар Холиди Хуросонӣ аз Муҳманд дар августи соли 2014 ба Ҷамоат ул-Аҳрор пайваст ва аз Таҳрики Толибони Покистон фосила гирифт.
Бо нигоҳе ба фаъолиятҳои аввалияи платформаи ҷадид, Таҳрики Толибони Покистон дар сентябри 2014 баёнияе мабнӣ бар барканории Умар Холиди Хуросонӣ ба ҳамроҳи Эҳсонуллоҳ Эҳсон содир кард. Фармондеҳони аршад ва ҷангҷӯёни қадимии Таҳрики Толибони Покистон аз ин вазъият бисёр нигарон буданд. Пас аз фармондеҳоне, монанди Байтуллоҳ Маҳсуд, Ҳакимуллоҳ Маҳсуд ва Валиулраҳмон Маҳсуд, раҳбарӣ ба ғайр аз қабилаи маҳсуд аз Свот комилан амри ғайримумкин буд.
Инчунин шуд, ки Ҳофиз Саидхон Уракзай, мутааллиқ ба минтақаи Момузайи Уракзай низ ба фикри ҷудоӣ аз Таҳрики Толибони Покистон афтод. Бо ин ки аз назари ақидатӣ салафӣ ва ба Мулло Фазлуллоҳ наздик буд, аммо аз назари син, улуми динӣ ва ҷанг, болотар аз Мулло Фазлуллоҳ буд. Ӯро бисёр наздик ба Қорӣ Ҳусайн, бунёнгузори ҳамалоти интиҳорӣ дар Покистон медонистанд. Ӯ аз наздикони Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари пешини Таҳрики Толибони Покистон буд, ки дар рӯзҳои сахт бо Ҳофиз Саидхон дар Момузай вақт мегузаронд. Ҳакимуллоҳ Маҳсуд низ ҳамсари дувуми худро аз рустои Момузайи Ҳофиз Саидхон баргузид.
Қорӣ Ҳусайн ва Ҳакимуллоҳ Маҳсуд бар хилофи Байтуллоҳ Маҳсуд ва Валиурраҳмон Маҳсуд, ки ба мактаби фикрии ноби девбандӣ тааллуқ доштанд, шадидан таҳти таъсири афкори салафӣ қарор доштанд. Аммо вақте ин ду рафтанд, Ҳофиз Саидхон низ тасмим гирифт роҳи худро аз Таҳрики Толибони Покистон ҷудо кунад. Ин мавзӯъ дар замоне буд, ки ҳайатҳои мухталифи ДОИШ ба Афғонистон сафар мекарданд. Аввалин ҳадафи онҳо фармондеҳони салафии Таҳрики Толибони Покистон буданд.
Дар ин замина, Ҳофиз Саидхони Уракзаӣ мутааҳҳид шуд, ки ба ДОИШ бипайвандад ва ҳамроҳ бо ҷангҷӯёни собиқи манотиқи қабилаии таҳти мудирияти федерал ва фармондеҳони маҳаллии манотиқи Хайбар Паштунхва, бо Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари вақти ДОИШ, дар минтақаи Ачини вилояти Нангарҳор байъат карданд ва байрақи ДОИШ-ро дар Афғонистон ба эҳтизоз дароварданд. Ба ин тартиб, ДОИШ расман дар Афғонистон аз батни Таҳрики Толибони Покистон мутаваллид шуд.
Аммо оё ҳама чиз ин гуна анҷом шуд?
Дарвоқеъ дар 10 октябри 2014, Шоҳидулло Шоҳид, сухангӯи собиқи Таҳрики Толибони Покистон, видеоӣ аз байъат бо халифае мавсум ба Абубакр ал-Бағдодӣ мунташир кард. Муфтӣ Ҳасан Свотӣ ва Холид Мансур аз Ҳангу (шаҳр дар Покистон) аз Таҳрики Толибони Покистон хориҷ шуд ва бо ДОИШ байъат кард, аммо достони тӯлонӣ барои расидан ба ин ҷо вуҷуд дорад, ки ба идеология низ марбут мешавад ва таъсироти он имрӯз Толибони Афғонистон ва Таҳрики Толибони Покистонро даргир кардааст.
Аввалин ҳузури Ҳофиз Саидхон дар ин достон замоне буд, ки худи ДОИШ ҳанӯз шакли кунунии худро нагирифта буд. Моҷаро аз ин қарор буд, ки Алқоида аз Покистон барои ҷиҳод алайҳи Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия, ҷангҷӯ дархост кард.
Дар ҳамин росто, Азизулло Ҳаққонӣ, яке аз аъзои Мироншоҳ Шӯрои “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва Ҳофиз Саидхон аз Таҳрики Толибони Покистон, ҷангҷӯёни худро дар 14 июли 2012 ба Сурия фиристоданд. Дар он ҷо тамосҳои онҳо мустақиман бар асоси гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар Сурия буд. Аз ҷумлаи касоне, ки ба Сурия рафтанд, Шайх Мӯҳсин салафии ҷиҳодӣ буд, ки мутааллиқ ба вилояти Кунари Афғонистон буд.
Абдураҳим Муслимдӯст яке дигар аз салафиҳои ҷиҳодии Нангарҳор буд. Вай пас аз ҳодисаи 11 сентябр дастгир ва дар зиндони Гуантанамо зиндонӣ шуд. Вай яке аз муҷоҳидини нахустини салафии Покистон дар даврони ҷиҳоди Афғонистон ба шумор меравад.
Муслимдӯст дарвоқеъ аз наздикони Шайх Ҷамилурраҳмон буд. Шайх Ҷамилурраҳмон шахсе буд, ки на танҳо ба муҷоҳидини афғон фатвои куфр дод, балки мураттабан бо Гулбиддин Ҳикматёр аз Ҳизби Исломӣ мубориза кард.
Яке дигар аз зиндониёни Гуантанмо ба номи Абдурауф Ходим, аҳли Ҳилманд, ки қаблан дар Шӯрои Кветтаи Толибони Афғонистон будааст, ба гуфтаи манобеъ Толибони Афғонистон, дар даврони ҳабси худ таҳти таъсири ақоиди салафӣ қарор гирифта буд, бинобар ин, пайравӣ аз мактаби девбандӣ барои вай ғайримумкин будааст. Ба ҳамин далел Абдурауф низ бо Муслимдӯст иртибот барқарор кард.
Монанди гузашта, бори дигар идеяи як ҳизби ақидатии салафии ҷиҳодӣ ба зеҳни ин афрод хутур кард ва бад-ин тартиб Абдураҳим ва Муслимдӯст дар соли 2014 ошкоро ҳизберо ба номи Таҳрики Хилофати Хуросон ташкил доданд.
Форуқ Софӣ, узви Шӯрои Толибони Пешовар низ дар ин амр ба вай пайваст. Дарвоқеъ ӯ дар соли 2013 ба далели ақоиди шадиди салафигарӣ тавассути Толибон аз ин гурӯҳ ихроҷ шуда буд.