Хабари рӯз

Толибоне, ки натавонистанд дар ҷиҳод алайҳи Амрикову ҳукумати пешин ба ҳалокат расида, худро ба ҳурони ҷаннат бирасонанд, ҳурони заминиро ба ғанимат гирифтанд.

Манбаъ: Хабаргузории “Пойгоҳ” 

Шуморе аз аъзои Толибон аз рӯзҳои нахусти султаашон борҳо ба фасоди ахлоқӣ, монанди ливотат, зино ва равобити номашрӯъ бо занон муттаҳам шуданд, ҳатто клипҳои тасвирӣ ва садоҳое низ аз онҳо дар расонаҳо даст ба даст шуд, ки вокуниши густурдаи мардум ва расонаҳоро дар пай дошт.

Дар тозатарин маврид як клипи тасвирӣ аз як узви идораи амр ба маъруфи Бодғис ва ҳамчунон як клипи дигар аз узви истихбороти вилояти Лағмон ва дар айни ҳол як гузориш аз Тахор ба дастраси хабаргузории “Пойгоҳ” қарор гирифта, ки нишондиҳандаи робитаи номшруъи аъзои Толибон бо занон аст.

 Манобеъи маҳаллӣ рӯзи душанбе, 26 август бо ирсоли як клипи тасвирӣ аз фасоди ахлоқии як узви амр ба маъруфи влусволии Ломони вилояти Бодғис ба хабаргузории “Пойгоҳ” гуфтанд, ки ин узви Толибон моҳҳо пеш бо як зани бева равобити номашрӯъ доштааст. Ба гуфтаи манобеъ, ин зан аз сӯи узви амр ба маъруф ваъдаи издивоҷ дода шуда буд.

 Манобеъ афзуданд, пас аз ин, ки ин зан аз фиребкории толиб хабар шуда, видеоеро аз ҷараёни муошиқаи ин узви амр ба маъруфи Толибон бо худаш забт карда ва берун додааст.

Ҳамчунин манобеъ бо ирсоли як клипи тасвирӣ аз ҷараёни равобити номашрӯъи ҷинсии узви истихбороти Толибон бо як зан дар Лағмон, гуфтанд, ки ин узви Толибон Ҳоҷӣ Асадуллоҳ ном дорад ва қаблан низ ба иттиҳоми равобити номашрӯъ бо як зани дигар боздошт шуда буд ва пас аз муддате бино ба равобите, ки бо мақомоти маҳаллии Толибон дар Лағмон дошт, озод шуд.

Бо ин ҳол як манбаъи мӯътабар аз вилояти Тахор гуфтааст, ки мудири ҷиноии гурӯҳи Толибон барои вулусволии Янги Қалъа бо дӯстдухтараш дар вулусволии Фархор боздошт шудааст.

Ҳамчунон ду манбаъи дигар дар сӯҳбат ба хабаргузории ”Пойгоҳ” бо таъйиди ин хабар гуфтанд, Қорӣ Самеъуллоҳ, мудири ҷиноии гурӯҳи Толибон барои вулусволии Янги Қалъаи вилояти Тахор рӯзи чаҳоршанбе, 28 август аз Пули Хурмоби вулусволии Фархор бо дӯстдухтараш боздошт шудааст.

Ба гуфтаи манобеъ, Қорӣ Самеъ ва дӯстдухтараш, ки аҳли вулусволии Фархор буда, аз як меҳмонхона тавассути истихбороти Толибон боздошт шудааст.

 Гуфта мешавад, ки Самеъуллоҳ аз наздикони Ҳумоюн, вулусволи Толибон барои вулусволии Фархор аст ва мумкин аст дубора озод шавад.

Ин манобеъ афзуданд, ки вулусвол кормандони истихборотро сарзаниш карда, ки набояд ӯро боздошт мекарданд, зеро аз толибони собиқадор аст ва алайҳи низоми собиқ ва Амрико ҷиҳод кардааст.

Манобеъ ҳувияти духтари боздоштшударо низ бо хабарнигори хабаргузории “Пойгоҳ” шарик сохтанд. Ҳамчунон видеоҳо аз равобити номашрӯъи Толибон низ мавҷуд аст ва тасовири қобили мушоҳида аз видеоҳо гирифта шудааст.

Гуфтанӣ аст, ки дар се соли султаи Толибон борҳо афроди ин гурӯҳ ба иттиҳоми ливотат, шаробхорӣ, зино ва равобити номашрӯъ ба сурати мустанад боздошт шудаанд, аммо ҳаргиз ҳеҷ кадоми онҳо муҷозот нашудаанд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!