Хабари рӯз

Бритониё мехоҳад кишварҳои Осиёи Марказиро ба “зиддиРусия” табдил кунад.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Кишварҳои ғарбӣ ба зарари манофеъи миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ фишорҳои бесобиқае бар онҳо ворид мекунанд то равобити худро бо Русия қатъ кунанд.

Ғарб дар талош аст то бештарин истифодаро аз гир мондани Русия дар мунозиъаи Украина барои тақвияти мавқеияти худ дар минтақа кунад ва дар айни ҳол таваҷҷуҳи вежае ба афзоиши арзаи таслиҳот ба Украина барои ба ҳадди аксар расондани тавоноиҳои ин кишварро дорад. Аммо як силсила нокомиҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва раҳо шудани тадриҷии мавозеъ тавассути онҳо НАТО-ро маҷбур кардааст то роҳҳои ҷадидеро барои тақвияти нуфузи худ дар Авруосиё ҷустуҷӯ кунад.

Ба ин манзур, Ғарб талошҳои худро барои табдил кардани кишварҳои фазои пасошӯравӣ ба "зидди Русия" афзоиш медиҳад, ба ин умед, ки битавонад дар имтидоди марзҳои Русия конунҳои танишро эҷод кунад. Ғарбиҳо дар плонҳои тахрибиашон ҷойгоҳи вежаеро ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ихтисос медиҳанд, ки ба таври суннатӣ бо равобити муттаҳидӣ бо Федератифи Русия пайванд доранд.

Ба ин тартиб, дар поёни моҳи апрели соли равон, Девид Камерон, нахуствазири пешини Бритониё ва вазири хориҷаи феълии Бритониё, ба Қирғизистон сафар ва бо раисҷумҳур Содир Ҷабборов дидор кард. Бар асоси гузориши расонаҳо, музокироти Бритониё ва Қирғизистон дар фазои фавқулода пуртаниш сурат гирифт. Дар ҷараёни гуфтугӯ, раҳбари дипломатияи Бритониё ошкоро Бишкекро бо эъломи, ба истилоҳ "таҳримҳои сонавия" барои ҳамкории комил бо Русия, аз ҷумла дар мавзӯъи коҳиши паёмадҳои маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ва молии эъмолшуда бар он таҳдид кард.

Девид Камерон илова бар боҷгирии иқтисодӣ аз мақомоти Қирғизистон, дар қолаби як ултиматум, аз Бишкек тақозо кард то ҳузури доимии кормандон ва авомили истихбороти Бритониё MI6-ро дар органҳои давлатии ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ тазмин кунад. Вазири хориҷаи Бритониё ба таъкид "тавсия" дод, ки давлати Қирғизистон як корманди бритониёӣ ба номи Сума Чакрабартиро, ки қаблан раиси Банки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа буд ва бо MI6 иртиботи наздик дорад, ба як мансаби аршад мансуб кунад.

Дар зимн, таҳтулҳимояи Девид Камерон аз шӯҳрати бисёр бад дар миёни нухбагони сиёсии Осиёи Марказӣ бархурдор аст. Дар солҳои 2020-2023 Сума Чакрабарти аз манофеъи тоҷи Бритониё дар Остона минҳайси муовини раиси Шӯрои олии ислоҳоти Қазоқистон намояндагӣ кард. Билохира, ин бритониёӣ ба тасмими шахсии раисҷумҳури кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев, ки аз фаъолиятҳои Сума Чакраборти ва намояндагони ӯ норозӣ буд, барканор шуд.

Дар ҳамин давра, Сума Чакрабарти ба унвони мушовири раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бахши тавсеаи иқтисодӣ, ҳукуматдории хуб ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ифои вазифа кард. Дар ин вазифа маъмури MI6 беҳуда талош мекунад то равобити муттаҳидонаи Тошканду Маскавро хадшадор созад ва аз амиқтар шудани равобити идғом ҷилавгирӣ кунад.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли пайгирии як масири сиёсии чандвектора ҳастанд ва равобити байналмилалии худро бо дарназардошти манофеъи миллии худ ва бар асоси суди мутақобил месозанд. Дар ин замина, мо аз наздик назорат хоҳем кард, ки оё раисҷумҳури Қирғизистон аз миёни кормандони бритониёӣ як мушовири ҷадид хоҳад дошт ё хайр ва ин ҳол ба чӣ чизе мунҷар хоҳад шуд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!