Хабари рӯз

Ин достони зиндонҳои занона танҳо дар се вилояти шимолии Афғонистон аст, ки ҳама нишонаҳои ҷаҳаннами комил барои занон ва духтарони мазлум Афғонистон аз шиканҷа ва таҷовузи гурӯҳӣ гирифта, то қатлу кушторҳо дар он намоён аст. Худо медонад, ки чӣ теъдод зан дар зиндонҳои 31 вилояти дигар дар ин ҷаҳаннамҳои заминии Иморати исломӣ” ба чунин сарнавиште дучор шудаанд.

Бо ташаккури вежа аз нависандаи ин мақола ва "8субҳ" - "Сангар"

Нависанда: Исмоил Содот, вебсайти 8субҳ

Зиндониёни зан дар маҳбасҳои Толибон дар вилоятҳои Ҷузҷон, Форёб ва Самангон бо вазъияти асафборе дасту панҷа нарм мекунанд. Таҳқир, тавҳин, шиканҷаи ҷисмӣ ва таҷовузи ҷинсӣ аз маворидеанд, ки ин зиндониён дар маҳбасҳои Толибон дар Шимол таҷриба мекунанд. Бар асоси ёфтаҳои рӯзномаи “8-и субҳ”, пас аз суқути низоми ҷумҳурӣ, 90 зан дар ин се вилояти шимоли кишвар аз сӯи Толибон боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Аз ин миён 36 зан дар Форёб, 34 зан дар Самангон ва 20 зани дигар дар вилояти Ҷузҷон дар як соли гузашта бархурди номуносиби Толибонро дар зиндон ба таҷриба гирифтаанд.

Ёфтаҳои рӯзномаи "8-и субҳ" нишон медиҳад, ки дар зиндонҳои занонаи ин се вилоят аз тарафи рӯз 10 зан машғули талошии баданӣ, сафокорӣ ва нигаҳбонианд, аммо аз тарафи шаб ҳеҷ нигаҳбони зан ҳузур надорад. Бо ин васф, масъулияти амниятии ин зиндонҳо аз тарафи шаб бар ӯҳдаи ҷангҷуёни Толибон аст, нигаҳбононе, ки “дар таҷовузи ҷинсӣ бар зиндониёни зан дахиланд”.

Бар асоси ёфтаҳои рӯзномаи “8-и субҳ”, аз миёни 90 зани зиндонӣ дар Ҷузҷон, Форёб ва Самангон, 16 тани онон дар натиҷаи таҷовузи ҷинсии мукаррар ҳамл гирифта ва дар шифохонаҳои маҳаллӣ ҷининшонро сиқт кардаанд. Манобеъи сиҳӣ дар вилоятҳои Форёб ва Самангон таъйид мекунанд, ки ҷининҳои ин занон дар моҳҳои севум ва панҷуми бордорӣ ба дастури Толибон сиқт дода шудааст. Бар асоси ривояти зиндониёне, ки бархурди номуносиби Толибонро дар зиндон таҷриба кардаанд, зиндониёни зан дар Шимол бо эъмоли фишори Толибон хилофи ризоятшон тан ба рафъи ниёзи ҷинсии иддае аз мақомҳои маҳаллии Толибон додаанд. Яке аз зиндониёни раҳошуда таъйид мекунад, ки дасти кам чаҳор зиндонии зан дар вилояти Самангон дар асари таҷовуз ҷинсии мутавотири афроди Толибон дучори бемории шадид шуда ва саранҷом аз сӯи Толибон тирборон шудаанд.

Тибқи иттилооте, ки аз манобеъ дар зиндонҳои занонаи Толибон дар Шимол гирдоварӣ шуда, бештари ин занон ба далоили мухталиф, аз ҷумла иттиҳоми фасоди ахлоқӣ, сирқат, фиребкорӣ ва фирор аз манзил зиндонӣ шудаанд. Манобеъи огоҳ таъйид мекунанд, ки аз миёни 90 зиндонии зан дар Форёб, Ҷузҷон ва Самангон, 33 тани онон касонеанд, ки аз баъди зиндонӣ шудан то кунун бастагонашон ба дидори онон нарафтаанд. Ин манобеъ эҳтимол медиҳанд, ки хонаводаҳои онон аз сарнавишти ин занон огоҳӣ надоранд.

Кормандони сиҳӣ дар бахши нисоӣ – вилодии шифохонаҳои Форёб, Самангон ва Ҷузҷон ба рӯзномаии “8-и субҳ” гуфтаанд, ки дар ҷараёни як соли гузашта афроди Толибон 48 занро аз тарафи шаб барои дармон ба ин шифохонаҳо мунтақил кардаанд, ки дар асари шиканҷаи физикӣ ва таҷовузи ҷинсӣ дучори хунрезии шадид буданд. Бар асоси изҳороти ин манобеъ, афроди Толибон дар ин қазоё ба докторони навбатдор ҳаргиз иҷозаи тартиби санадро надодаанд.

Шӯҳрати ин манобеъ назди рӯзномаи “8-и субҳ” маҳфуз аст ва ба далели таҳдидҳои амниятие, ки эҳтимолан мутаваҷҷеҳи мусоҳибашавандагон мешавад, аз ҳеҷ яке аз онон дар ин гузориш ном бурда нашудааст.

 

ВАЗЪИЯТИ ЗИНДОНИЁНИ ЗАН ДАР ФОРЁБ

Бар асоси ёфтаҳои рӯзномаи “8-и субҳ”, дар ҳоли ҳозир 36 зан дар зиндони вилоятии Форёб зиндонианд. Ин занон ба иттиҳомҳои мухталиф аз сӯи Толибон боздошт шудаанд ва дар зиндон ба сар мебаранд. Шуморе аз ин занон дар 10 сентябри соли 2021 ба ин зиндон мунтақил шуда, аммо дар як соли гузашта барои иддаи зиёде аз онон парвандаи ҷиноӣ тартиб нашудааст. Рӯи ҳамин малҳуз, қазияи ин занон барои баррасӣ ба ҳеҷ додгоҳе муҳаввал нашудааст.

Як манбаи амниятӣ дар фармондеҳии амнияи вилоятии Форёб ба шарти фош нашудани номаш ба рӯзномаии “8-и субҳ” мегӯяд, ки бештари ин занон ба ҷурми фасоди ахлоқӣ, сирқат, фиребкорӣ ва иттиҳоми фирори духтарон аз манзил, боздошт шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, набуди парвандаи ҷиноӣ сабаб шуда, ки муддати ҳабси ин занон норавшан боқӣ бимонад. Ӯ тавзеҳ медиҳад, ки аз миёни 36 зани зиндонӣ дар ин зиндон, барои 21 тани онон парванда тартиб нашудааст. Шуморе аз ин занон шаш моҳ, ҳашт моҳ ва ҳатто як сол қабл боздошт ва ба ин зиндон мунтақил шудаанд. Ин 21 зан касонеанд, ки аз баъди боздошт то кунун ақорибашон барои мулоқоти онон муроҷиа накардаанд. Бар асоси тарзуламали зиндонҳо дар ҳукумати қаблӣ, парвандаи муттаҳамон дар ҷараёни се моҳ то додгоҳ фиристода мешуд. Бо вуҷуде, ки наздик ба ду сол аз ҳокимияти Толибон бар кишвар мегузарад, аммо дар ин муддат Толибон қавонин ва ё тарзуламали мушаххасе барои таъқиби парвандаҳои мазнунҳо тартиб накардаанд.

Як манбаъ дар мудирияти зиндони вилояти Форёб таъйид мекунад, ки шуморе аз ин зиндониёни ҷавон шабҳангом тавассути муҳофизони вежаи фармондеҳи амния, раиси истихборот, фармондеҳи кандаки артиш ва иддае аз мақомҳои дигари Толибон аз зиндон берун кашида ва пас аз суъистифодаҳои ҷинсӣ дубора ба зиндон мунтақил мешаванд. Ин манбаъ аммо мушаххас насохт, ки ин занон шабҳангом ба куҷоҳо мунтақил мешаванд.

Нозири яке аз ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ, ки бино бар таҳдидоти амниятӣ бо ҳувияти пинҳон қазоёи хушунат бар занон ва қазоёи ҳуқуқбашариро дар Форёб назорат мекунад, дар суҳбат бо рӯзномаии “8-и субҳ” таъйид мекунад, ки дар ҳашт моҳи гузашта ҳашт қазияи таҷовузи ҷинсии инфиродӣ ва шаш қазияи таҷовузи ҷинсии гурӯҳӣ дар ин вилоят бар зиндониёни зан аз сӯи мақомҳои Толибон сурат гирифтааст. Ба сухани ӯ, ин қазияҳо назди яке аз ниҳодҳои байналмилалӣ сабт шудааст. Ин манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки на танҳо мақомҳои баландрутбаи Толибон, балки нерӯҳои сатҳи поини ин гурӯҳ низ шабҳангом вориди блокҳои зиндони занона мешаванд ва аз зиндониёни зан суъистифодаи ҷинсӣ мекунанд.

Бо ин ҳол, як доктари зан дар бахши нисоии вилодӣ (таваллудхона)-и шифохонаи вилоятии шаҳри Маймана, ки нахост номаш дар гузориш дарҷ шавад, ба рӯзномаи “8-и субҳ” гуфт, ки Толибон чандин зане, ки ба далели таҷовузи ҷинсӣ дучори хунрезӣ шуда будандро шабҳангом бо тдобири шадиди амниятӣ ба ин маркази сиҳӣ мунтақил кардаанд. Ин доктар афзудааст, ки нишонаҳои шиканҷа ва таҷовузи ҷинсӣ дар вуҷуди он занони машҳуд будааст. Ба сухани манбаъ, ин даст беморон дар утоқҳои дурафтода ва ба дур аз таҷаммӯъи беморон дар шифохона зери мудово қарор гирифтаанд. Ончуноне, ки ин манбаъ мегӯяд, дар чунин вазъият чаҳор то панҷ ҷангҷӯйи мусаллаҳи Толибон аз ин даст беморон ҳифозат мекарданд ва ба парастор ва доктари навбатдор иҷозаи сӯҳбат бо беморро намедоданд.

Ин доктар мегӯяд: “13 тан аз зиндониёни зан, ки дар маҳбас пас аз таҷовузи ҷинсӣ аз сӯи Толибон ҳамл гирифта буданд, барои сиқт ба бахши нисоии вилодии ин шифохона шабҳангом интиқол дода шуданд.” Ба сухани ӯ, бештари ин занон дар се моҳи аввали бордорӣ сиқти ҷанин карданд ва дубора ба зиндон мунтақил шуданд.

 

 ВАЗЪИЯТИ ЗИНДОНИЁН ЗАН ДАР САМАНГОН

Манобеъ дар мудирияти умумии маҳбаси Самангон ба рӯзномаи “8-и субҳ” мегӯянд, ки дар як соли гузашта 34 зан ба занони иртикоби ҷароими ҷиноӣ тавассути нерӯҳои Толибон боздошт ва ба ин зиндон мунтақил шудаанд. Дар ин миён 12 зиндониро заноне шакл медиҳанд, ки ақорибашон барои дидор ва ё таъқиби парвандаҳои онон муроҷиа накардаанд. Ин 12 зан дар ҳафт моҳи гузашта бидуни ин ки парвандаҳояшон таъқиб шавад, дар вазъияти норавшан дар ин зиндон ба сар мебаранд.

Бар асоси низоми кори ташкилоти фармондеҳии амнияи Самангон, 10 полиси зан умури зиндони занонаи ин вилоятро мудирият мекунанд, аммо манобеъ тавзеҳ медиҳанд, ки танҳо се зан дар ин зиндон масруфи талошии бадании муҷримон ва сафокорианд ва нақши муҳимме дар идораи ин зиндон надоранд. Ба сухани манбаъ, ин мансубони зан ба далели надоштани маҳрами шаръӣ аз тарафи шаб вазифа анҷом намедиҳанд ва шабҳо зиндон аз сӯи нерӯҳои музаккари Толибон идора мешавад.

Манобеъ дар шифохонаи вилоятии Самангон мегӯянд, ки дар шаш моҳи ахир ҳафт зиндонии зан, ки дар асари шиканҷаи баданӣ ва таҷовузи ҷинсӣ дучори хунрезии шадид шуда буданд, аз сӯи нерӯҳои Толибон барои мудово ба ин шифохона оварда шудаанд. Ҳамчунон як доктари зан меофзояд, ки дар ин муддат се зани ҳомила барои сиқти ҷанин тавассути Толибон ба ин маркази сиҳӣ мунтақил шудаанд.

 

РИВОЯТ ЗИНДОНИ РАҲОШУДА

Яке аз зиндониёни зан, ки муддате пеш аз зиндони Толибон дар Самангон озод шуда, аз таҷовузи ҷинсии фармондеҳ ва нерӯҳои ин гурӯҳ ҳикоят дорад. Фаришта (номи мустаор) ду соли қабл бо яке аз бастагонаш аз шаҳри Айбак, маркази Самангон, ба сӯи Кобул дар ҳаракат буд. Ӯ дар камарбанди амниятии Толибон дар рустои Работак, ки дар имтидоди вилояти Самангон ва Бағлон воқеъ шудааст, ба иттиҳоми фасоди ахлоқӣ тавассути нерӯҳои Толибон боздошт шуд. Дар асл мақсади Фаришта аз сафар ба Кобул, фирор аз кишвар буд. Ӯ мехост аз тариқи парвозҳои майдони ҳавоии Кобул, кишварро тарк кунад.

Талошҳои Фариштаи бистсола, аммо барои тарки кишвар ба нокомӣ анҷомид ва ӯ саранҷом пас аз боздошт тавассути нерӯҳои Толибон, муддати ду ҳафтаро дар назоратхонаи фармондеҳии амнияи шаҳри Айбак сипарӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар он муддат аз сӯи нерӯҳои Толибон шабҳангом се то ҳафт мартаба мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта ва сипас ба маҳбаси марказии вилояти Самангон мунтақил шудааст.

Ин духтари ҷавон муддати ҳафт моҳро дар зиндони марказии Самангон сипарӣ карда ва ривоятҳои дилхароше аз таҷовуз ва суъистифодаҳои ҷинсии Толибон аз зиндониёни занро бозгӯ мекунад. Фаришта мегӯяд, ки пас аз таҷовузи нерӯҳои Толибон дар назоратхонаи фармондеҳии амнияи шаҳри Айбак бар ӯ, чизе барои аз даст додан надошт ва дар зиндони марказии Самангон ба ҳар хости нерӯҳои Толибон аз рӯи маҷбурӣ лаббайк мегуфт. Ба сухани ӯ, зиндониёне, ки ба тозагӣ ба зиндон мунтақил мешуданд, пас аз борҳо таҷрибаи латукӯб ва шиканҷаи физикӣ ҳозир мешуданд, худро барои фароҳам сохтани хостҳои ҷинсии нерӯҳои Толибон омода бисозанд, зеро ба гуфтаи Фаришта, ин зиндониёни зан ба ҷуз таслим шудан гузинаи дигаре надоштанд.  

Фаришта дар идомаи ривояти талхаш аз зиндон меафзояд, ки дар муддати ҳафт моҳи ҳабс дасти кам чаҳор зиндонии зан, ки бошандагони вилоятҳои Бағлон, Балх ва Ҷузҷон буданд, аз сӯи нерӯҳои Толибон тирборон шудаанд. Фаришта тавзеҳ медиҳад, ки ин занон ба иттиҳоми фасоди ахлоқӣ аз марбутоти вилояти Самангон боздошт шуда буданд ва хонаводаҳояшон аз сарнавишти онон иттилое надоштанд. Ба гуфтаи ӯ, ин занон шабҳангом барои рафъи ниёзҳои ҷинсӣ ба хонаи фармондеҳони аршади Толибон мунтақил мешуданд, аммо саранҷом ба вазъияти бади сиҳӣ расиданд ва тибқи ҳидояти мудири маҳбас дар ҷараёни 15 рӯз бо зарби гулӯла кушта шуданд. Хонум Фаришта хабари кушта шудани ононро зери унвони “кашфи аҷсоди маҷҳулулҳувият” дар дохили зиндон шунидааст.

Фаришта дар ниҳоят бо подармиёнии яке аз фармондеҳони Толибон бар асоси як муомила, аз зиндон раҳо шудааст. Ин духтари ҷавон тавзеҳ медиҳад, ки дар бадали раҳоияш аз зиндон, як нумра замини шахсии худ ба арзиши беш аз 300 ҳазор афғониро ба яке аз мақомҳои босалоҳияти Толибон додааст. Фаришта пас аз ҳафт моҳ таҷрибаи зиндон, раҳо шуда ва дур аз хонавода дар яке аз вилоятҳои дигари кишвар зиндагӣ мекунад.

 Шуморе аз муроҷиакунандагон ба маҳбаси Самангон ривоятҳои мушобеҳе доранд. Лайлумо (номи мустаор) зани 31-сола ва яке аз муроҷеини зиндони занона дар Самангон аст. Лайлумо дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ” мегӯяд, ки хоҳараш ба иттиҳоми ҳамкорӣ барои фирори духтари ҳамсоя аз манзил, дар ин маҳбас зиндонӣ шудааст. Хоҳари 26-солаи Лайлумо ҳудуди ҳафт моҳ пеш боздошт шуда ва Лайлумо моҳона як мартаба ба дидори ӯ ба маҳбас меравад.

Лайлумо меофзояд, ки дар ҳафт моҳи гузашта парвандаи хоҳараш ба маҳкама фиристода нашудааст. Толибон аз Лайлумо ва хонаводааш мехоҳанд, ки духтари ҳамсояро пайдо кунанд, касе, ки ба гуфтаи ӯ равшан нест бо чӣ касе аз хона фирор кардааст. Хоҳари Лайлумо таъйид кардааст, ки нерӯҳои Толибон шабҳангом шуморе аз духтарони ҷавон ва занонро берун аз зиндон мунтақил мекунанд. Ба сухани ӯ, ин занон пеш аз тулӯъи хуршед дубора вориди зиндон мешаванд.

 

ВАЗЪИЯТ ЗИНДОНИЁН ЗАН ДАР ҶУЗҶОН

Дар ҳоли ҳозир 20 зан дар зиндони вилояти Ҷузҷон зиндонианд. Ҳувият ва шӯҳрати ин зиндониён мушаххас нест ва ҳамчунон равшан нест, ки ба иттиҳоми иртикоби чӣ ҷароиме зиндонӣ шудаанд. Бар асоси иттилооти манобеъ, ин занон низ бо вазъияти мушобеҳи зиндониёни зан дар Форёб ва Самангон ба сар мебаранд. Парвандаи бештари онон ба маҳоким фиристода намешавад. Аз миёни зиндониён танҳо занони ангуштшуморе он ҳам бар асоси тафоҳум ё пардохти пули газоф, тавонистаанд аз зиндон озод шаванд.

Бо талошҳои фаровон натавонистем аз манобеи мувассақ иттилооти бештаре дар ин бора ба даст биоварем, аммо як манбаъ дар шифохонаи марказии вилояти Ҷузҷон таъйид мекунад, ки дар як соли гузашта дасти кам 15 зан аз зиндони занонаи Ҷузҷон пас аз шиканҷаи ҷисмӣ барои дармон ба ин маркази сиҳӣ мунтақил шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, аз ин миён шаш зан пас аз таҷовузи ҷинсӣ ба бахши нисоии вилодии ин маркази дармонӣ мунтақил шудаанд.

Манбаъ меофзояд, ки Толибон ин занонро ба шифохона овардаанд ва дар ҷараёни чаҳор то ҳафт рӯзи бистарӣ, нерӯҳои Толибон аз онон муҳофизат мекарданд. Ин манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки Толибон иҷозаи тартиби дусия ва сабти беморон дар китоби виқояи рӯзонаи шифохонаро надодаанд.

***

Таҷовузи ҷинсӣ бар зиндониёни зан, баҳси тозае нест. Дар бист соли гузашта низ дар мавориде гузориш шуд, ки шуморе аз занони зиндонӣ, бо бадрафтории физикӣ дар зиндонҳо рӯбарӯ шудаанд.

Зиндониёни зан дар вилоятҳои Форёб, Самангон ва Ҷузҷон дар ҳоле бо ин вазъият даступанҷа нарм мекунанд, ки адами пайравии Толибон аз қонун сабаб шуда барои шумори зиёде аз ин зиндониён парванда тартиб нашавад ва парвандаҳои иддаи дигари онон ҷиҳати ҳаллу фасл ба маҳкама муҳаввал нашавад. Толибон дар моҳи сунбулаи соли гузашта дар як нишасти умумӣ ҳама қавонини қаблии кишвар ба шумули Қонуни асосӣ ва кодекси ҷиноиро мулғо эълом карданд. Ин гурӯҳ танҳо бахшҳое аз қонуни асосии давраи Муҳаммад Зоҳир, шоҳи пешини Афғонистон, ки бо усули ислом дар тазод набошадро қобили иҷро медонад. Ин қонун дар соли 1922 тасвиб шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Толибон дар шимоли кишвар ба ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ иҷоза намедиҳанд, ки аз зиндонҳои занона назорат кунанд. Пеш аз суқути низоми ҷумҳурӣ, дасти кам шаш хонаи амн барои занон дар ин се вилоят вуҷуд дошт, акнун аммо ҳамаи ин хонаҳо масдуд шудаанд. Акнун равшан нест заноне, ки аз зиндонҳои Толибон раҳо мешаванд ва назди хонаводаҳои худ низ эҳсоси масуният намекунанд, ба куҷо паноҳ хоҳанд бурд.

Бо ин ҳама, масъулони маҳаллии Толибон дар Форёб, Самангон ва Ҷузҷон дар мавриди иддаои таҷовузи ҷинсӣ ва шиканҷаи физикии зиндониёни зан то кунун чизе нагуфтаанд, аммо ҳамвора бар татбиқи қавонини шаръӣ ва исломӣ болои муҷримон таъкид варзидаанд.

Дар канори ин, бар асоси гузориши вебсайти хабарии Вашингтон Эгзаминер, Толибон бо тасаллут бар Афғонистон аз таҷовузи ҷинсӣ ва издивоҷи иҷборӣ барои эҷоди ваҳшат дар байни занони афғон истифода кардааст. Дар гузориши ин вебсайти хабарӣ моҷарои ду духтари навҷавон, ки ахиран аз асорати Толибон фирор кардаанд, омадааст. Лесли Мерриман, ҳамоҳангкунандаи як клиникаи сайёр, ки аз сӯи як ниҳоди амрикоӣ ҳимоят мешавад, ривояти талхе аз ду духтари ҷавони афғонро ҳикоят мекунад, ки аз сӯи нерӯҳои Толибон ҳар шаб мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта буданд. Ба гуфтаи Мерриман, ин ду духтари ҷавон бо ҳифзи ҳувияташон ба номҳои мустаори Фаришта ва Аниса пас аз латукӯб ва ихтитоф аз сӯи нерӯҳои Толибон мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи ин гузориш, Фаришта моҳе пеш аз имрӯз аз сӯи ҷангҷуёни Толибон дар вилояти Парвон рабуда шуд. Яке аз ҷангҷуёни Толибон қасд дошт бо ӯ издивоҷ кунад, аммо пас аз мухолифати ӯ, чанд шабе, ки дар қайди ин ҷангҷуёни Толибон дар хонае зиндонӣ буд ва ҳар шаб тавассути чандин тан аз нерӯҳои Толибон мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирифт. Ӯ аммо саранҷом ба кӯмаки зане, ки дар ин хона обу ғизо таҳия мекард, муваффақ ба фирор шудааст.

Ҳамчунон Аниса духтари ҷавони дигарест, ки дар моҳи феврали гузашта аз сӯи ҷангҷуёни Толибон аз вилояти Кописо рабуда шудааст. Аниса дар ҷараёни ҳудуди 20 шабе, ки назди ҷангҷуёни Толибон бандӣ буд, чандин маротаба мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифт.

Ин ду духтар саранҷом барои дармон ба клиникаи сайёри ройгон муроҷиа карданд ва акнун дар яке аз хонаҳои амн зери муроқибатҳои сиҳӣ қарор доранд. Ин клиники сайёр аз сӯи ниҳоди “Flanders fields” ҳимояти молӣ мешавад. Вебсайти хабарии амрикоӣ ба нақл аз ҳамоҳангкунандаи ин клиникаи сайёр навиштааст, ки Фаришта ва Аниса пас аз фирор аз чанги Толибон дар мароҳили аввалияи бордорӣ қарор доранд. Рӯзномаи “8-и субҳ” ба гунаи мустақил ин ду рӯйдоди ахир дар вилоятҳои Парвон ва Кописоро таъйид натавонистааст.

Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш Комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ дар 6 сентябри соли гузашта гузориши муфассале аз вазъияти ҳуқуқибашарӣ дар Афғонистон мунташир кард. Ричард Беннет, гузоришгари вижаи СММ дар Афғонистон, дар ин гузориш аз шиканҷа ва боздоштҳои худсари Толибон, озору азият, муҳокимаҳои саҳроӣ ва мубаддал шудани хонаҳои фармондеҳони Толибон ба зиндонҳои шахсӣ ибрози нигаронӣ кардааст. Ин гузориш зимни ишора ба вуҷуди зиндонҳои хусусӣ дар хонаҳои фармондеҳони Толибон, шиканҷаҳо ва кушторҳои ғайриқонуниро низ таъйид кардааст. Гузоришгари вижаи СММ мегӯяд, ки пас аз лағви Қонуни асосии Афғонистон дар пайи тасаллути Толибон бар Афғонистон, “ҳеҷ қонуне дар ин кишвар вуҷуд надорад ва ҳар яке аз афроди Толибон бо таъбиру тафсири шахсии худ аз шариати исломӣ, дастур медиҳад.”


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!