Афғонистонии таҳримшуда аз сӯи Амрико, ки зоҳиран дӯсти Замир Кобулов аст, нухбагони тиҷории Тошкандро метарсонад.
Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия
Паёмҳои аҷибу хандаоваре аз дӯстони мо дар пойтахти Ӯзбекистон дарёфт мешавад.
Зоҳиран марде, ки шабеҳ ба як тоҷири руси афғонистониасл Камолуддин Ғулом Набизода (ҳамон тур, ки медонед аз дӯстони наздики Замир Набиевич Кобулов, намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон) аст, вақтҳои охир зуд-зуд дар Тошканд пайдо мешавад.
Дар айни ҳол, "нафари шабеҳ" (иҷоза диҳед ӯро ин гуна биномем) на танҳо иддао мекунад, ки ӯ воқеан ҳамон Камолуддин Ғулом Набизода (дар Афғонистон маъруф ба Камол Набизода – “Сангар”) аст (ва ба ӯ бовар мекунанд), балки ҳоло ба ҳамсӯҳбатони худ аз миёни бозаргонони бузурги ӯзбек итминон медиҳад, ки ӯ дар як маврид "намояндаи Хадамоти амнияти федерал (ФСБ)" ва дар мавриди дигар "намояндаи Путин дар Ӯзбекистон" аст.
Барои исботи суханони худ, "нафари шабеҳ" аксе аз сафҳаи телефони гаронқимати худро нишон медиҳад, ки дар он ӯ бо генерал Б. аз ФСБ ё вазир Л. аз вазорати хориҷа истодааст...
Пас аз чунин худнамоии тамошоӣ, "нафари шабеҳ" ба ироаи проектҳои мухталиф ба беҳтарин намояндагони нухбаи тиҷории Ӯзбекистон шурӯъ мекунад. Масалан, пешниҳод мекунад, ки як тиҷорати муштарак барои фурӯши нафт, газ ва маводи сӯхт ба роҳ андозанд ё аз онҳо мехоҳад як корхонаи хурди азот ва дар бадтарин ҳолат, чизе шабеҳи корхонаи ордро ба ӯ бифурӯшанд...
Дар айни ҳол, "нафари шабеҳ" аз ӯзбекҳо даъват мекунад, ки дар Афғонистони ҳамсоя тиҷорати муштарак анҷом диҳанд ва итминон медиҳад, ки ҳама чиз дар онҷо таҳти контроли ӯст ва бо худи Мулло Муттақӣ, вазири умури хориҷаи Толибон робитаи дӯстона дорад (ба назар мерасад, аксе бо ӯ низ замимаи таваҷҷуҳи касоне шуда бошад, ки дар Тошканд бо ӯ ҳамсӯҳбат шудаанд).
Тоҷирони тошкандӣ дар ҷараёни гуфтугӯ бо марде, ки шабеҳи Камолуддин Ғулом Набизода аст, дасти кам ду бор дар ҳайрат афтоданд.
Аввалин маврид ношӣ аз фишори отифӣ ва колейдоскопи аксҳои Набизода бо намояндагони болотарин табақаи сиёсии Русия аст, ки таҳти шадидтарин таҳримҳои байналмилалӣ қарор доранд.
Дувум - аз пешниҳодот "барои шурӯъи як тиҷорати муштарак ба тавре, ки бадтар нашавад", ки бо нишонаҳое аз тасоҳуби рейдерии қарибулвуқӯъ ҳамроҳ аст.
Аммо наҳангҳои тиҷории Ӯзбекистон дар миёни худ замзама мекунанд, ки кор аз ин бадтар аст. Ҳамин Камолуддин Ғулом Набизода (албатта, агар ӯ бошад) таҳти таҳримҳои хоси Амрико (ба хотири тиҷорати аслиҳа ва дигар дастовардҳои қобили эҳтиром дар маҳофили маҳдуд) қарор дорад. Ва ин бад-он маънист, ки агар ҳар як аз тоҷирони Ӯзбекистон тасмим бигиранд, ки ба таври ногаҳонӣ ба ибтикороти тиҷории "намояндаи ФСБ ва Путин дар Ӯзбекистон" лаббайк гӯянд, онҳо худ ба таври қатъ таҳти таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида қарор хоҳанд гирифт.
Ва тоҷирони бедардисари Тошканд барои чунин таҳаввуле аз рӯйдодҳо омода нестанд. Бо тамоми эҳтироме, ки барои Путин ва ФСБ қоиланд.
Бино бар ин, ба гуфтаи хабарнигорони мо аз Тошканд, намояндагони сармояҳои бузурги Ӯзбекистон ба думболи каналҳое ҳастанд, то ба наҳве зарифона ба Маскав бирасонанд, ки албатта, онҳо мувофиқи ҳамкорӣ бо дӯстони хуб дар Русия мебошанд.
Ва аммо метавон ин корро ба гунае анҷом дод, ки дар айни ҳол хатароти ғайризарурӣ эҷод нашавад ва як шахсеро, ки шояд генерал Б. ва вазир Л. аз гирифтани акс бо ӯ шарм накунанд (зеро барои онҳо аҳамияте надорад) ба унвони шарики аслӣ нафиристанд, бахусус, ки ӯ барои тоҷирони бегуноҳи Ӯзбекистон бисёр зараровар аст.
Ҳоло фарз мекунем, ки мо ин нигарониро ба ҷои даркорӣ расондем.