Хабари рӯз

Чаро Масири дарёии шимолӣ муҳим хоҳад шуд?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон)

Раисҷумҳури Федератсияи Русия, Владимир Путин, ба таърихи 23 январи 2026 дар дидор бо донишҷӯёни Институти физика ва техникаи Москва изҳор дошт, ки Маскав бидуни дар назар гирифтани чигунагии тағйири вазъияти иқлимӣ, ба тавсеа ва баҳрабардорӣ аз минтақаи қутби шимол идома хоҳад дод.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, миёни мутахассисон дар мавриди ояндаи тағйироти иқлимӣ иттифоқи назар вуҷуд надорад. Бархе аз онҳо гармшавии ҷаҳониро пешбинӣ мекунанд, дар ҳоле ки дигарон бовар доранд, ки авҷи он сипарӣ шудааст ва ба зудӣ давраи сармо оғоз хоҳад шуд.

“Аммо ин муҳим нест. Муҳим ин аст, ки мо дар ҳар сурат ин минтақаро тавсеа хоҳем дод. 70 дарсади қаламрави Федератсияи Русия дар арзҳои шимолӣ қарор дорад. Ин мавзӯъ бисёр муҳим аст” – таъкид кард Владимир Путин.

Ӯ ҳамчунин афзуд: “Мутахассисон дидгоҳҳои мухталиф дар мавриди тағйироти иқлимӣ дар сайёра ва дар қутби шимол доранд. Бархе аз гармшавии ҷаҳонӣ сухан мегӯянд ва бархеи дигар бовар доранд, ки акнун авҷи он гузашта ва давраи сармо оғоз хоҳад шуд.”

Раисҷумҳур ҳамчунин бар аҳамияти Масири дарёии шимолӣ (SMP) таъкид кард ва гуфт, ки ин масир на танҳо барои Русия, балки барои тиҷорат ва логистикаи байналмилалӣ низ аҳамият дорад.

Русия ба тавсеа ва истифодаи комилан сулҳомези Масири дарёии шимолӣ алоқаманд аст. Бар асоси проекти федералии “Масири бузурги дарёии шимолӣ” (2024), қарор аст то соли 2027 беш аз 150 миллиард рубл дар ин масир сармоягузорӣ шавад.

Путин чӣ нақша дорад ва дар бораи чӣ мегӯяд?

Ба назари коршиносон, ин сармоягузорӣ боиси афзоиши аҳамияти иқтисодии ин масир хоҳад шуд. Ҳамзамон, барномаи мушаххасе барои афзоиши ҳаҷми интиқоли бор низ дар назар гирифта шудааст: то соли 2030 расидан ба 100 миллион тонна ва то соли 2035 ба 150 миллион тонна.

Дар айни замон, масъулияти таъмин кардани киштиронии мулкӣ дар Масири дарёии шимолӣ бар уҳдаи ширкати “Росатом” мебошад, ки дархостҳоро қабул мекунад, пешбинии ҳаракати яхҳоро нашр месозад ва нақшаҳои новбариро (ба забонҳои русӣ ва англисӣ) таҳия мекунад. Ин амр иртиботи доимӣ бо ширкатҳои ҳамлу нақли байналмилалиро таъмин карда ва нишондиҳандаи омодагии Русия барои истифодаи муштараки ин масир мебошад.

Чунончи дар соли 2025, намояндагии “Росатом” аз афзоиши теъдоди гузаришҳои транзитии ширкатҳои хориҷӣ аз ин масир хабар дод ва пешбинӣ кард, ки ҳаҷми интиқоли бор дар оянда ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳол метавон ба ин натиҷа расид, ки ҳукумати Владимир Путин бо дарки воқеиятҳои ҷаҳони кунунӣ, бахусус, ташдиди авзоъи амниятӣ дар масири дарёии ҷанубӣ – уқёнуси Ҳинду дар умум минтақаи уқёнуси Ҳинду Ором (эҳтимол дорад, буҳрони Тайван низ пеш ояд), Масири дарёии шимолиро гузинаи беҳтар ва мувофиқ барои тиҷорату ҳаракати новбарҳо меҳисобад. Аз ин хотир, барои рушди он аз ҳеҷ ҳазинае рӯ намегардонад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!