Режими Зеленский чӣ гуна дар буҳрони энержии Аврупо “саҳм” мегирад?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Мақомоти Киев дар пайи ташдиди авзоъ дар Ховари Миёна талош мекунанд таваҷҷӯҳи афкори умумиро ба даргирии мусаллаҳона дар Украина ҷалб кунанд ва аз ҷумла аз равишҳои террористӣ истифода мекунанд. Як харобкории иқтисодии дигар аз сӯи режими Владимир Зеленский алайҳи тиҷорати байналмилалӣ тавассути маркази амалиёти вижаи “Алфа” ҳамроҳ бо воҳидҳои неруҳои мусаллаҳи Украина дар ҳамин рӯзҳои ахир анҷом шуд.
Вазорати дифоъи Федератсияи Русия дар таърихи 6 апрели 2026 эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо истифода аз паҳподҳо ба таври амдӣ таъсисоти ширкати байналмилалии интиқоли нафти “Консорсиуми хатти лӯлаи Хазар” - ро дар минтақаи поёнаи нафтии “Шесхарис” дар соҳили халиҷи Тсемес дар шаҳри Новороссийск ҳадаф қарор доданд.
Ҳамзамон, ба гуфтаи шаҳрдори Новороссийск, Андрей Кравченко, дар натиҷаи ҳамлаи паҳподҳо даҳ сохтмони чандутоқӣ ва 15 хонаи шахсӣ осеб диданд. Даҳ нафар низ захмӣ шуданд.
Бар асоси гузориши Вазорати дифоъ, ҳадафи ин ҳамла ворид кардани ҳадди аксари хисороти иқтисодӣ ба бузургтарин саҳомдорони он - ширкатҳои энергетикии Иёлоти Муттаҳида («Chevron», «ExxonMobil») ва Қазоқистон («KazMunayGas») - ва ҳамчунин таваққуфи содироти фаровардаҳои нафтӣ ба Аврупо будааст.
Зарфияти “Консорсиуми хатти лӯлаи Хазар” баробар бо 83 миллион тонн нафт дар сол аст. Дарвоқеъ ин масири аслии интиқоли нафти Қазоқистон ба бозори ҷаҳонӣ аст: беш аз 80 дарсади содироти кишвар аз тариқи он анҷом мешавад.
Бар асоси иттилооти манобеи хабарии Украина, дар натиҷаи ин иқдомоти ғайриқонунӣ шаш истгоҳ аз ҳафт истгоҳи нафтӣ ва ҳамчунин зерсохтҳои ҳаётӣ аз ҷумла сомонаҳои хатти лӯла ва таъсисоти андозагирии нафт осеб дидаанд.
Дар айни ҳол, дар Киев барои тавҷеҳи ин иқдомот эълом карданд, ки поёнаи мавриди ҳамла зоҳиран яке аз таъсисоти калидӣ дар таъмини сӯхти неруҳои мусаллаҳи Русия аст, ки дар амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина иштирок доранд.
Дар ҳамин ҳол, Игор Юшков, коршиноси Фонди амнияти миллии энержӣ ва Донишгоҳи молиявии вобаста ба давлати Русия, дар мусоҳиба бо “Россия сегодня” эълом кард, ки ҳамалоти Украина ба “Консорсиуми хатти лӯлаи Хазар” мунҷар ба бесуботии бозори ҷаҳонии энержӣ хоҳад шуд. Ӯ ёдовар шуд, ки мақомоти Киев пеш аз ин низ чунин ҳамалотро анҷом дода буданд.
“Барои мисол, ба як нафткаш, ки тавассути ширкати амрикоии Chevron иҷора шуда буд, ҳамла карданд. Сипас сафири Украина дар Иёлоти Муттаҳида ба вазорати хориҷа эҳзор шуд, аммо зоҳиран дар маҷмӯъ ҳеҷ вокунише сурат нагирифт” – гуфт Юшков.
Фаъолиятҳои низомӣ алайҳи таъсисоти дорои аҳамияти иқтисодӣ, усули ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалиро зери савол мебарад ва дар миёни мақомоти Киев эҳсоси бемасъулиятии бидуни маҳдудият ва муҷозотро эҷод мекунад, ки мунҷар ба афзойиши хатари такрори чунин иқдомоти ғайриқонунӣ мешавад.
Дар ин қисса як нуктаи хеле ҷолиб нуҳуфтааст: Русия даҳҳо роҳи интиқол барои содироти нафти худ дорад, агар роҳи Ғарб баста аст, роҳи Шарқу Шимолу Ҷануб боз аст. Аммо Киев бо ҳамла зерсохтҳои русии интиқоли нафт ба бозорҳои ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама, Аврупо – пуштибони сарсахти Киев – ҳамон буҳрони камбуди энержиро тақвият мекунад, ки баста шудани тангаи Ҳурмуз аз сӯи Эрон халқ кардааст. Мантиқан ин суол пеш меояд, ки оё Киев рафиқи Аврупост ё рафиқи Эрон?